Амрико, Эрон ва "Шонгҳой"

Ричард Баучер

Амрико ба эътилофи низомӣ табдил ёфтани Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳойро гумон ҳисобида, аз эҳтимоли пайвастани Эрон ба он нигарон аст.
Ричард Баучер, муовини вазири умури хориҷии Амрико, мегӯяд, ба назар мерасад, ки Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) ҳамон ҳадафҳоеро иҷро мекунад, ки аз аввал дар пеши худ гузошта буд.
Ричард Баучер, ки доир ба вазъи Осиёи Марказӣ ба кумитаи конгресси Амрико гузориш медод, гуфт, Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аввал ба чанд самти ҳамкориҳо тавваҷуҳ кард, вале зоҳиран ба ҳадафҳои аввалаи худ, яъне таъмини амнияти марзҳо, ҳамкориҳои байнимарзӣ, муқаррароти гумрукиву сарҳадӣ ва талошҳои муштарак барои муқобила бо тероризм рӯ овард.
Ба қавли ӯ, фаъолияти СҲШ дар ин самтҳо ба амнияти бештар ва суботи кишварҳои узв, мусоидат кардааст.
Ба СҲШ Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Чин ва Русия шомиланд. Дар ҳамин ҳол, баъзе аз сиёсатгузорони ғарбӣ тарс доштанд, ки созмони мазкур метавонад ба як эътилофи низомӣ ва рақиби НАТО табдил ёбад.
РичардБаучербавакилонимардумииАмрикогуфт, Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар ҳоли табдил шудан ба як навъ эътилофи низомӣ нест, ки ба тақсими қудрату нақши фармондеҳӣ машғул бошад ва дарбаробариин ба кишварҳо дастур диҳад, аммо, агар нишонаҳои ҳаракати СҲШ ба самти як эътилофи низомӣ аён шаванд, Амрико хомӯш нахоҳад нишаст.
Ба қавли Ричард Баучер, агар Иёлоти Муттаҳида бубинад, ки кишварҳои бузурги узви созмон ба кишварҳои хурд дастур бидиҳанд, Амрико дар канори кишварҳои хурд хоҳад истод.
Раҳбарони кишварҳои узви СҲШ дар се соли пеш аз Иёлоти Муттаҳида хостанд, то барои ихроҷи нерӯҳояш аз Осиёи Марказӣ санаи дақиқ тайъин кунад. Амрико барои мусоидат ба амалиёти зиддитерористӣ дар Афғонистон аз пойгоҳи Хонободи Узбакистон истифода мекард ва ҳоло нерӯҳояш дар пойгоҳи Манаси Қирғизистон ҳастанд.
Соли гузашта дар нишасти сарони созмон дар шаҳри Бишкек ҳукумати Қирғизистон возеҳ гуфтааст, ки ҳузури нерӯҳои ғарб дар Қирғизистон кори ин кишвар ва Ғарб аст. Аммо ҳоло ИМА аз талоши душмани қадимии худ, яъне Эрон, барои пайвастан ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой нигарон будааст, ки ҳукумати Тоҷикистон низ тарафдори қабули он аст.
Ричард Баучер, бо ишора ба гузоришҳои матбуот, барои дархости расмии Эрон ба узвияти созмон ишора карда, гуфтааст, яқин намедонад, ки СҲШ дар ин робита чи кор хоҳад кард. Ба андешаи ӯ, эҳтимоли пазируфтани Эрон ба ин созмон ба хотири тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ вуҷуд дорад. Вале ба андешаи баъзе аз коршиносон, барномаи баҳсбарангези атомии Эрон ва таҳти таҳрим қарор доштани он, як мониъаи аслӣ дар роҳи пазируфтани ин кишвар ба СҲШ аст.