Нашри навбатии маҷаллаи сиёсиву таҳлилии «Чашмандоз» ба натоиҷи нишасти сарони кишварҳои узви Паймони Атлантики Шимолӣ (NATO) дар Бухорести Руминия ва нахустин давраи музокироти ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик ,ки дуруст дар ҳамин рӯзҳои соли 1994 дар шаҳри Маскави Русия баргузор гардид, ихтисос дода шудааст.
Ду узви нави НАТО
Аз 2 то 4-уми апрел дар нишасти сарони кишварҳои NATO 2 кишвари дигар ба узвияти ин паймон бипайваст ва ба ҳамин тартиб теъдоди кишварҳои узви он ба 28 расид.
Аз 2 то 4-уми апрел дар нишасти сарони кишварҳои NATO 2 кишвари дигар ба узвияти ин паймон бипайваст ва ба ҳамин тартиб теъдоди кишварҳои узви он ба 28 расид.
NATO ҳамчунин тааҳҳуди дарозмуддаташ барои таъмини амният дар Афғонистонро эълон кард. Вале паймони Атлантики Шимолӣ ин дафъа барномаи узвияташро, ки нахустин гом дар роҳи пайвастан ба ин паймон шумурда мешавад, ба Украинаву Гурҷистон пешниҳод накард. Аз номзадии ин ду кишвари шӯравии собиқ Амрико сахт пуштибонӣ мекард, вале Маскав шадидан мухолифи густариши NATO ба самти шарқ буд.
Дар нишасти сарони кишварҳои узви NATO вазъияти амниятӣ дар Афғонистон аз мавзӯъҳои умда ба шумор мерафт ва таҳлилгарон ояндаи фаъолият ва коромадии ин паймонро ба муваффақияти амалиёти он дар Афғонистон вобаста медонанд.
Солгарди нахустин даври музокироти тоҷикон
Солгарди нахустин даври музокироти тоҷикон
Рӯзи 4 апрел аз нахустин даври музокироти ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик 14 сол сипарӣ мешавад. Нахустин нишасти ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар шаҳри Маскави Русия 5 – 19-уми апрели соли 1994 баргузор гардида буд. Ин нишаст замоне шурӯъ шуд, ки дар кишвар оташи ҷанги шаҳрвандӣ бештар аланга мегирифт ва ҳудуди 1 миллион сокини он ҷилои ватан карда ва беш аз 200 000 нафар маҷбуран дар Афғонистон паноҳанда шуданд.
Давраҳои баъдии музокироти ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифин шаҳрҳои дар Теҳрон, Исломобод, Алмаато ва Бишкек доир шуданд ва дар ниҳоят баъди 5 даври музокирот, ки 216 рӯз тӯл кашид, 27-уми июни соли 1997 бо ширкати муовини дабири кулли Созмони милали муттаҳид, раисҷумҳури Русия, вузарои хориҷии кишварҳои нозири раванди сулҳи тоҷикон Созишномаи умумии сулҳ ва ризояти миллӣ аз сӯи раисҷумҳур Раҳмонов, ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ба имзо расид.
Аммо ҳадаф аз баргузории гуфтушунидҳо миёни тарафҳои даргири тоҷикон қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, бозгашти фирориён ба ватан ва ниҳоят тақсими қудрати сиёсӣ ва бознигарии сохти конститутсионӣ дар кишвар эълон шуда буд.