Сармояи мактаби тоҷик

Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, бо гузариш ба усули нави идоракунӣ ва маблағгузорӣ дар муассисоти таълимӣ мушкилоти соҳа то андозае ҳалли худро пайдо мекунад.

Мақомот мегӯянд, шакли нави худмаблағгузории таҳсил, ки шурӯъ аз соли 2005 дар макотиби ҳудудан 20 навоҳии кишвар ба таври санҷишӣ ба роҳ монда шудааст, имкон медиҳад, ки мактабҳо аз ҷиҳати молӣ мустақил шаванд. Фатҳиддин Исмонов, як масъули Вазорати маорифи кишвар гуфт, бо гузариш ба усули нави идоракунӣ ва маблағгузорӣ мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дигар аз идораву шуъбаҳои маориф вобаста нахоҳанд буд ва соҳиби суратҳисобҳои шахсӣ шуда, харҷи маблағҳои буҷаи мактаб бевосита дар ихтиёри масъулини мактабҳо гузошта мешавад. Бар асоси усули ҷадид аз буҷаи давлат барои ҳар мактаб, бо дарназардошти талаботи бевоситаи ин муассиса ва шумори хонандагони он маблағи муайян ироа мешавад. Тибқи меъёр барои ҳар хонанда аз 153 то 286 сомонӣ ҷудо мегаштааст.

Елена Рузиева, раҳбари мактаби рақами 20-и шаҳри Душанбе, ки ин муассиса ҳам таи 1 соли ахир аз рӯи усули нави идоракунӣ фаъолият мекунад, мегӯяд, кор бо ин усул мушкилоти зиёди онҳоро рафъ кардааст.

«Махсусан мушкили дардноки мо ин қаламу коғаз ва ё афзори навишт буд. Дар ёд дорам мо ҳамеша мерафтему илтимос мекардем, ки ба мо як ҷаъба коғаз ва ё як қуттӣ бур диҳанд, вале ҳоло ин масъала ба осонӣ ҳал мешавад. Ва ё дар мактаби мо, масалан, қаблан камбуди китоб шадидан эҳсос мешуд, ҳоло мо маблағи муайяне ҷудо кардему китоб мехарем.»

Вале дар баробари ин хонум Рузиева аз паҳлуҳои манфии он низ ёдрас шуд. Ӯ мегӯяд, соле қабл як миқдор маблағи буҷаи мактаб сарфа шуд ва ӯ ба ҳайси раҳбар мехост аз ҳисоби маблағи сарфашуда, маоши омӯзгоронро баланд кунаду ҳавасмандии онҳро ба кор боло барад , аммо....

«Як мушкили ин усул, ки ман ба он чандон розӣ нестам, ин аст, ки вақте маблағи буҷа сарфа мешавад он дар ихтиёри мактаб намемонад ва онро бояд бозпас гардонед. Яъне агар шумо харҷ накардед, бояд ба давлат баргардонед. Вале хеле хуб мебуд, агар ин маблағ ба манфиати мактаб мемонд ва он ба ягон мушкили дигаре сарф мешуду ва ё ба маоши омӯзгорон зам мешуд»

Ва аммо ба гуфтаи масъулини Вазорати маориф, феълан, масъалаи истифодаи маблағҳои сарфашуда миёни ин вазорат ва вазорати молия мавриди таҳлил қарор дорад. Ба гуфти Фатҳиддин Исмонов, корманди вазорати маориф, ҳоло мушкили рақами як барои онҳо ин паст будани сатҳи дониши иқтисодии раҳбарони макотиби миёна аст, ки ҳамакнун ба ҳайси шахси ҳуқуқӣ истифодаи ҳадафноки маблағҳи буҷаи мактабро ба уҳда доранд.


Ба ҳамин тартиб, бар тибқи қарори вазорати моарифи кишвар, то соли 2010 тамоми мактабҳо бояд ба усули нави идоракунӣ ва маблағгузорӣ гузаранд. Вале ба гуфти бархе аз коршиносон, дар сурати роҳандозии ин усули ҷадид дар макотиб боз дар ҳоли набуди муттахасисони хуби соҳаи молиёт аз эҳтимол дур нест, ки фасод афзоиш ёфта, мушкилоти зиёди дигареро ба бор орад.