Пазироии раисҷумҳур мисли шоҳ

«Тоҷи сари даврони мо,

Виҷдони поки ҷони мо,

Исмоили Сомони мо,

Эмомалӣ Раҳмони мо,

Эмомалӣ Раҳмони мо.»

Порае аз шеърхонии кӯдаке дар маросими таҷлил аз Наврӯзи имсола дар шаҳри Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва аҳли хонаводаи ӯ буд, ки ҷараёни онро ҳарду шабакаи телевизони расмии кишвар ба такрор пахш карданд. Инъикоси муфассал ва мукаррари ҷараёни сафарҳои ҷаноби президент дар дохил ва хориҷи кишвар тавассути шабакаҳо ба як ҳодисаи маъмулӣ мубаддал шудааст. Ҳамчунон, ки дигар ба бастани ҷодаҳои марказии Душанбе ба ҳангоми хуруҷ ва вуруди президент шаҳриён хӯ нагирифта бошанд ҳам, аммо тоқатро аз даст намедиҳанд.

Вале дар ин чандсоли ахир аз ҷумла баъди интихоби саввумбораи оқои Раҳмон ба мақоми президентӣ дар соли 2006 тавсиф ва мадҳу ситоиши ӯ, истифодаи таъбирҳое чун «подшоҳ», «амир»,«султон», «Исмоили Сомонии сонӣ» ба ҷойи вожаи «президент» ба ҷузъи ҳатмӣ ва таркиби муҳимми расми пазироии ӯ дар навоҳии кишвар ва ширкаташ дар маросимоти расмиву суннатӣ ворид шудааст.

Дар ҷараёни сафари ахири ӯ дар Хуҷанд ва баъдан дар Ҳисор зери қудуми президент фарши қолин густарда шуд ва духтарони гулбадасту зеболибос ба қироати шеърҳое шурӯъ карданд, ки дар онҳо раиси мунтахаби ҷумҳурӣ бо калимоти «подшоҳу наҷотбахш ва виҷдони пок»-и миллат ситоиш мешавад.

Аммо ба эътиқоди коршиносон ба расму ойини давлатдорӣ табдил додани чунин падида хоси кишварҳое аст, ки дар онҳо низоми ҷумҳуриявӣ амал намекунад ва раиси давлат ҳам на аз роҳи интихобот баргузида мешавад.

Раҷаби Мирзо, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, ин кор хоси кишварҳои ғайриозод аст, ки дар он ҷо аҳзоби сиёсӣ ва равандҳои демократӣ зери фишор қарор доранд:

«Ин маънои онро хоҳад дошт, ки қувваҳое аллакай пайдо мешаванд, ки ҷонибдорӣ аз режими монархӣ ё шоҳигарӣ дар Тоҷикистонро мекунанд».

Ба ақидаи Шокирҷони Ҳаким – як ҳуқуқшиноси тоҷик, ифрот дар мадҳу ситоиши нафаре, ки ба унвони раиси давлат ва он ҳам барои муддати муайян аз тарафи мардум интихоб шудааст, нишонаи он аст, ки ӯ дар низоми ҳокимият аз ихтиёроти густарда бархурдор аст. Оқои Ҳаким мегӯяд, дар ҳоле, ки дар қавонини кишвар, аз ҷумла, қонуни кайфарӣ барои таҳқири шахсияти президент ҷазо пешбинӣ кардаанд, зарур аст, ки барои ифодаҳои ғайриконститусионие чун шоҳу подшоҳ ва султон низ ҳамин гуна муносибат сурат бигирад:

«Хуб мешуд, вақте ҳамин гуна ҳолатҳои аз ҳад зиёд нишон додани шахсияти раисҷумҳур ба назар мерасаду он боиси шахспарастӣ ва коста гардидани арзишҳои демократӣ мешавад, худи президенти Тоҷикистон ба порлумон як лоиҳаи қонун пешниҳод намояд, ки дар асоси он нисбат ба ҳамин гуна ташаббускорон на танҳо ҷарима, балки онҳо аз озодӣ низ маҳрум карда шаванд».

Ба ақидаи Мӯсо Асозода - раиси ҳизби ҳокими халқӣ демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ҳизбе, ки раёсати онро Эмомалӣ Раҳмон бар ӯҳда дорад, бо хидматҳои боарзише, ки дар амри барқарории сулҳ ва пешрафтҳои иқтисодии ҷумҳурӣ оқои Раҳмон анҷом додааст, шоистаи ҳама гуна таърифҳост. Аммо, мегӯяд оқои Асозода, чунин тавсиф ва ситоишҳо дар ҳаққи президент аз тарафи иддаи мансабдороне, ки бо ҳамин роҳ мехоҳанд, садоқати худро ба раисҷумҳур нишон диҳанд, ташкил карда мешавад.

«Ман боварӣ надорам, ки ҳамин чизҳо ба раиси ҷумҳурии мо хуш ояд. Ҳеҷ вақт он кас намегӯяд, ки ҳамин корро кунед. Лекин вақте мебинад, ки як кӯдак як шеър мехонад, он касро таъриф мекунад, ба хотири наранҷидани ин кӯдак, он кас пеши роҳашро намегирад».

Муҳиддин Кабирӣ - раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар порлумони кишвар мегӯяд, низоми ҷумҳуриявӣ ва ташкили ҳокимият тавассути интихоботи халқӣ дараҷаи болои давлатдорист. Вале вақте бархе аз мансабдорон ба рағми муқаррароти мавҷуд мехоҳанд аз раисҷумҳури мунтахаб «шоҳ» ва «амир» бисозанд, зарурати тағйири Қонуни асосӣ пеш меояд:

«Болотарин мақом дар кишвар президент аст. Агар касоне боз фикр кунанд, ки аз унвони президент болотар унвон ҳаст ва сазовори он аст, ки роҳбари давлат бо ин унвон ё бо ин ном шинохта шавад, пас онро дар қонунгузории кишвар дар санадҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвар ҷой дод ва сохти давлатдориро тағйир дод».

Дар чанд соли пеш президент Раҳмон зимни як дастур аз масъулин хоҳиш карда буд, ки аз ӯ ситоиши беҳуда накунанд ва таъбирҳои номуносиберо чун Ҷаноби олӣ барои ӯ раво набинанд. Вале чун ин амр иҷро намешавад ва гузашта аз ин ба нафароне, ки дар тамҷиди ӯ шеъру суруд мехонад, дуруд ва ташаккур мефиристад, коршиносон ҳадс мезананд, ки шояд ҷаноби раисҷумҳур дар иҷрои ин амраш таҷдиди назар карда бошад.

(Порае дигар аз пазироии раисҷумҳур дар Наврӯзии Хуҷанд)

«О, здравствуй наш великий шах,

Красив, могуч, умён наш шах,

Народ восхишается тобой....»