Дар нишасти навбатии сарони кишварҳои НАТО дар Бухорест, пойтахти Руминия, президентҳои ду кишвари Осиёи Марказӣ низ ширкат хоҳанд кард.
Президенти Узбакистон, Ислом Каримов, бори дувум аст, дар чунин ҷамъомад зоҳир мешавад, аммо раисиҷумҳури Туркманистон, кишваре ки худро бетараф меномид, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бори аввал меҳмони нишасти сарони давлатҳои узви НАТО-ст.
Ҳарду кишварҳое ҳастанд, ки Ғарб ҳамеша онҳоро дар нақзи ҳуқуқи инсон айбдор мекунад.
Коршиносон бар инанд, ки бадтар шудани вазъият дар Афғонистон сабаби асосии даъвати сарони Узбакистону Туркманистон шудааст. Нерӯҳои НАТО ҳазорон километр дур аз кишварҳои худ дар Афғонистон бо Толибон меҷанганд ва НАТО нақша дорад, роҳҳои икмолотӣ ва роҳи оҳане то марзи Афғонистон дар ихтиёр дошта бошад.
Вале дар ин ҳолат маълум нест, чаро раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки бештарин мадди марз бо Афғонистонро дорад, ба Бухорест даъват нашудааст ва ё ин даъватро напазируфтааст.
Дар зимн, ба навиштаи матбуоти Русия, Маскав ба НАТО ҳамин гуна имкони истифода аз роҳҳои заминии Русияро пешниҳод кардааст. Аммо бархе аз коршиносон як ҳамоҳангии аҷиберо дар мавзеъгирии Маскав, Тошканд ва Ишқобод дар ин масъала мушоҳида кардаанд.
Яке аз сардабирони Пажӯҳишгоҳи масоили ҷанг ва сулҳ дар Лондон, Ҷон Маклод бар ин аст, ки ширкати Каримов ва Бердимуҳаммадов дар нишасти сарони НАТО бо машварат ва зери таъсири Русия ба вуқӯъ пайвастааст. Маклод мегӯяд, "Русия дар ин масъала сарвариро дар даст дорад ва ин бештар сиёсат аст, ҳарчанд иқтисодиётро дар мисоли сарватҳои табиӣ низ дар назар дорад. Ин як амали ноҳамоҳанге нест."
Аммо аз сӯи дигар, аз нармише дар муносибатҳои миёни Тошканд ва Ғарб низ суханҳое садо медод ва ҳатто инки Амрико мумкин аст, дубора ба Ӯзбакистон баргардад.
Аз Тоҷикистон дар нишасти Бухорест на раисиҷумҳур, балки вазири умури хориҷӣ, Ҳамроҳхон Зарифӣ ширкат мекунад. Инро коршиносон аломати канораҷӯии Эмомалӣ Раҳмон аз таҳкими равобит бо Ғарб ва ё ҳатто як навъ дилсардии ӯ унвон мекунанд. Президент Раҳмон дар нишасти сарони НАТО дар соли 2004 Праг ширкат дошт ва ба назар мерасад, интизориҳои ӯ бароварда нашуд. Кӯмакҳои НАТО ба кишварҳое, ки танҳо шарики барномаи ҳамкориҳо ба хотири сулҳанд, чандон бузург нестанд.
Аз суи дигар Аврупо мехоҳад, бо Туркманистон равобити махсус дошта бошад, бо дарназардошти манобеъи энержии ин кишвар ва ҳам умедвории ислоҳотхоҳии президенти нави он пас аз давраи душвори робитаҳои сард бо Сафармурод Ниёзов.
Аммо коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки Ислом Каримов аз ширкати худ дар нишасти Бухорест бештарин манфиатро хоҳад бардошт. Ин нишаст амалан маънии оштии пурраи он бо Амрикоро хоҳад дошт.
Бархе аз манобеъи дақиқ навиштаанд, Узбакистон бо сабаби мавҷудияти ситезаҷӯёни ӯзбак дар манотиқи қабиланишини Покистон, манзур афроди Ҳаракати Исломии Узбакистон, метавонад, ба иттилоъе даст дошта бошад, ки барои НАТО ва Амрико дар муборизаи зидди Толибон ва ал-Қоъида пурарзиш бошад. Табодули чунин маълумот яке аз мавзӯъҳои мулоқоти собиқ сардори ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико Вилям Фаллонро бо Ислом Каримов дар Тошканд дар 29-уми январи имсол шумурда шудааст.
Пас аз як ҳафтаи ин мулоқот нерӯҳои Амрико ба Вазиристони Покистон зарбаи ҳавоӣ заданд, ки бар асари он фармондеҳи аршади ал-Қоъида Абулайс ал-Либӣ кушта шуд. Ва изофа бояд кард, ки ин ҳамла баъд ду рӯзи истифодаи нерӯҳои Амрико аз пойгоҳи Тирмиз ба амал омадааст.
Хулоса, Каримов чунин нишон медиҳад, ки бо Ғарб ва НАТО душманони муштарак дорад ва зарурате ба ҳамкорӣ дар миён аст. Ва як хулосаи дигар ин буда метавонад, ки гармоишу нармоиши нав миёни Тошканд ва Амрикову Аврупо ба сиёсати хориҷии Узбакистон бо назардошти гармиҳояш дар муносибат бо Маскав низ як мувозанати умумие ба вуҷуд меорад. Танҳо маълум нест, оё ин муваффақияти Тошканд чун одат бар зидди ҳамсоягонаш дар минтақа нигаронида хоҳад шуд ё дар ин ҷо низ Каримов ба тармиму беҳбуди равобит даст хоҳад зад.