Тсвангирай ҳама гуна тиҷорат бо Мугаберо рад мекунад

Раҳбари мухолифони Зимбабве хабарҳои гуфтушунидаш бо президенти ин кишвар Роберт Мугаберо дар масъалаи таслими қудрат рад кард. Морган Тсвангирай гуфт, ҳизби ӯ вориди ҳеч гуна тиҷорате бо давлат намешавад ва талаб дорад, натиҷаҳои интихоботи рӯзи шанбе эълон шаванд. Кумисюни интихоботии Зимбабве эълони натиҷаҳоро ба таъхир андохтааст.