Шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон иқрор шудаанд, ки дар куштори журналисти рус Илёс Шурпаев даст доранд.
Субҳи имрӯз, 31 март, Нурулло Орифов, муовини сардори раёсати кофтукови ҷиноии ВКД-и Тоҷикистон дар конфронси вижаи матбуотӣ гуфт, бародарон Муҳаммадиевҳо ва Масрурҷон Ятимов, ки ахиран бо ҷурми даст доштан дар куштори хабарнигори шабакаи якуми телевизионии Русия, ОРТ боздошт шуда буданд, иқрор шудаанд, ки ин куштор кори дасти онҳост.
Ҷаноби Орифов гуфт, боздоштшудаҳо бо журналисти кушташуда шинос будаанд ва сабаби даст задан ба куштор ғорати пул ва амволи журналист будааст.
Тафсилоти бештари ин қазия дар наздиктарин фурсат нашр хоҳад шуд.