Қазоқҳо ба арзиши 22 милён доллар ҳероин боз доштанд

Рузи ҷумъа Сержан Диюсенбоев-як мақоми Кумитаи гумруки Қазоқистон гуфт, нархи бозории ҳероине, ки 27-уми март боздошт шудааст ба 22 милён доллар баробар будааст. Диюсенбоев дар нишасти хабарие дар Остона-пойтахти Қазоқистон гуфт, дар посгоҳи марзи миёни Қазоқистону Узбакистон аз як автомобил 500 килугром ҳероин мусодира шудааст. Ронандаи ин автомобил шаҳрванди Руссия будааст ва аз Узбакистон вориди қаламрави Қазоқистон шудааст.