Дар шаҳри Басраи Ироқ се рӯз боз миёни нерӯҳои амнитяии кишвар ва мусаллаҳони “Артиши Имом ал-Маҳдӣ” задухӯрди шадид идома дорад.
Ба иттилоъи хабаргузориҳо, имрӯз дар шаҳри Ҳилла, воқеъ дар ҷануби Бағдод, миёни ин нерӯҳо даргирӣ ба вуқӯъ пайваст. Рӯзи чаҳоршане ҳамин гуна задухӯрдҳои шадид дар Бағдод ва чанд шаҳри дигари шиъинишини Ироқ низ сурат гирифта буданд. Гуфта мешавад, ки ин задухӯрдҳо мунҷар ба ҳалокати беш аз 70 нафар ва ҷароҳат бардоштани садҳо нафари дигар шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, фақат дар шаҳри Кут, ба иттилоъи раиси пулиси маҳаллӣ Абдулҳанин ал-Амаро, дар набарди миёни ошӯбгарон ва нерӯҳои муштараки амрикоиву ироқӣ 44 нафар кушта шуданд. Дар ҳоле, ки дирӯз ҳавопаймоҳои низомии амрикоӣ чанд истеҳкоми ошӯбгарон дар ин шаҳрро бамборон карданд, вале теъдоди кушташудагон ва маҷрӯҳон дар шаҳри Ҳилла ҳанӯз маълум нест.
Задухӯрдҳо дар Басра ба мушкили сокинони ин шаҳри ҷанубии Ироқ мушкилоти нав афзудааст. Онҳо аз камбуди оби пок ва маводи ғизоӣ шиква мекунанд. Ҳамзамон хабаргузориҳо аз қавли раиси ин шаҳр Абдулҷалил Халиф дар бораи суиқасд ба ҷони ӯ итттилоъ додаанд.
Ҳамчунин дар канори Басра афроди номаълум лӯлаи интиқоли нафтро мунфаҷир кардаанд.
Ва аммо то ҳанӯз равшан нест, ки сабаби аслии шурӯъи амалиёти низомӣ дар Басра чист: аз байн бурдани ошӯбгарон ё таҳти назорати комил қарор додани ин шаҳри ҷанубӣ, ки ҳамзамон ягона бандари Ироқ аст?
Ҳукумати Нурӣ ал-Моликӣ изҳор кардааст, ки мехоҳад дар Басра авлавияти қонунро барқарор кунад. Ва аммо ҷонибдорони раҳбари шиъиҳои ифротгарои Ироқ Муқтадо ас-Садр мегӯянд, ки ҳадаф аз амалиёт коҳиш додани мавқеъи онҳо дар ҷануби кишвар ним сол аз қабл аз интихоботи мақомоти маҳаллист.
“Артиши Имом Ал-Маҳдӣ”, ки таҳти фармони Муқтадо Ас-Садр қарор дорад, таййи ним соли ахир оташбасро риъоят мекард ва ин омили муҳимме гардид барои коҳиши хушунат ва кам шудани теъдоди қурбониён миёни мардуми осоишта дар соли сипаришуда.
Рӯзи чаҳоршанбе сарвазири Ироқ аз мусаллаҳони ин гурӯҳ талаб кард, ки дар давоми 72 соат силоҳ ба замин гузоранд, дар акси ҳол онҳо дар рӯбарӯи муҷозоти сангине қарор хоҳанд гирифт.
Ин ҳам дар ҳолест, ки муҳлати ин зарбулаҷал рӯзи ҷумъа поён меёбад.