Панҷ соли ҷанг ва чаҳор ҳазор амрикоии кушташуда

Дар рӯзҳои таътили гузашта шумори қурбониёни амрикоӣ дар Ироқ аз марзи рамзии 4 ҳазор кушташуда берун рафт. Кохи сафед дар робита ба марги низомиён изҳори таассуф кард, аммо дақиқан гуфт, амалиёти Амрико дар Ироқ бидуни тағйири сиёсати қаблӣ идома хоҳад кард. Бар асари тақвият додани нерӯ Иёлоти Муттаҳида дар иҷрои аҳдофи худ дар Ироқ муваффақ шуданд, - иқрор мекунанд таҳлилгарон. Аммо акнун таваҷҷӯҳи шаҳрвандони амрикоӣ ба ҷанги Ироқ ҳарчӣ камтар шудааст, ҳатто номзадҳо ба мақоми раёсатҷумҳурӣ низ ба ин мавзӯъ дигар камтар рӯ меоранд. Ба эътиқоди нашрияҳои байнулмилалӣ, сарфи назар аз ин ки кӣ раисҷумҳури нави Амрико баргузида мешавад, хоҳ Барак Обама, хоҳ Ҳилларӣ Клинтон ва хоҳ Ҷон Маккейн, нерӯҳои ин кишвар аз хоки Ироқ ба зудӣ берун кашида нахоҳанд шуд.

Нашрияи швейсории Tribune de Geneve менависад, дар айни авҷи маъракаҳои интихоботӣ мақомоти Амрико моиланд, дар робита ба шумори «рекордӣ»-и низомиёни кушташуда аз хомӯшӣ кор бигиранд, аммо мантиқи баёнияи Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, бисёр рӯшан буд, ки мегӯяд, ҷанги Ироқ ба ҳеҷ ваҷҳ қатъ намешавад.

Аммо афроди ҳалокшуда дар Ироқ киҳоянд? Ба таъкиди Tribune de Geneve, 98 дар сади низомиёни кушташуда мардҳоянд, 75 дар сади онҳо сафедпӯст ва синни миёнаи қурбониёни амрикоии амалиёти Ироқ 21 будааст. 40 дарсади аскарону афсарони ҳалокшуда бар асари инфиҷори мошинҳои ҳомили бамб ҷони худро аз даст додаанд. Ба ҷуз онҳо, ёдрас мекунад, Tribune de Geneve, тибқи арзёбиҳои мухталиф, аз 100 ҳазор то 1 миллион ироқӣ дар ин ҷанги беш аз 5-сола ба ҳалокат расидаанд.

The New York Times бо ишора ба мулоқоти Ҷорҷ Буш бо сафири Амрико дар Бағдод Райан Крокер ва фармондеҳи аршади нерӯҳои ин кишвар дар Ироқ Дейвид Петреус менависад, раисиҷумҳур бо дарназардошти тавсияҳои ин афрод тасмим хоҳад гирифт, ки то куҷо шумори низомиёни Амрико дар ин минтақаи амалиёти ҷангиро коҳиш бидиҳад.

Ноиби раисҷумҳур Дик Чейнӣ гуфтааст, афроди ҳалокшуда ихтиёран барои адои хидмати ҳарбӣ ҳозир шуданд ва аз қабл медонистанд, ки ба хотири дифоъ аз манофеъи миллӣ, эҳтимолан ҷони худро аз даст медиҳанд.

Ва аммо довталабони курсии раёсатҷумҳурӣ дар робита ба қурбониёни ҷанги Ироқ вокунишҳои шадид нишон додаанд. Сенатор Ҳилларӣ Клинтон бо изҳори нигаронӣ аз шумори афзояндаи қурбониёни ҷанги Ироқ, қавл додааст, дар сурати пирӯзияш дар интихобот ба зудтарин фурсат сарбозони амрикоиро ба манозилашон бар хоҳад гардонд. Сенатор Барак Обама низ дар ин масъала бо рақиби ҳамҳизбаш Ҳилларӣ Клинтон мувофиқ аст. «Ин ҷанги бемаънӣ кайҳост бояд қатъ мегардид, ин ҷанг аслан бояд доир намешуд», - аз Обама нақли қавл мекунад The New York Times.

Ва аммо фармондеҳии нерӯҳои амрикоӣ шак надорад, ки дар ояндаи наздик Ироқ шоҳиди тағйироти куллӣ хоҳад шуд. Бо пахши ҳамин гуна як изҳорот женерол Дейвид Петреус дар мусоҳибааш бо нашрияи итолиёии La Repubblica гуфтааст, амният дар Ироқ тадриҷан таҳким меёбад ва сиёсати пешгирифтани Кохи Сафед дар робита ба Ироқ дуруст аст. Вай гуфтааст, «ҳанӯз барвақт аст аз пирӯзӣ ҳарф бизанем, аммо мо аз як роҳи дуруст пеш меравем ва ба зафар хоҳем расид». La Repubblica аз женерол Петреус нақли қавл мекунад, ки Амрико мехоҳад ҳузури низомияш дар Ироқро дар моҳи июл коҳиш бидиҳад, аммо иҷрои ин тарҳ танҳо дар сурати мӯътадилии авзоъ дар Ироқ даст хоҳад дод. «Мо алоқаманд нестем, ки бо якбора кам кардани шумори сарбозони амрикоӣ ҳадафҳои басахтӣ дастёфтаи худ дар Ироқро таҳти хатар бигзорем», - таъкид кардааст фармондеҳи амрикоӣ.