Вакилони дифоъ аз нав муттаҳид мешаванд

Иттиҳодияи вакилони дифоъи Тоҷикистон асноди лозимаи худро барои сабти номи созмоне мавсум ба «Анҷумани вакилони дифоъи мустақил» ба Вазорати адлияи Тоҷикистон пешниҳод карданист.

Ба гуфтаи кормандони созмони мазкур, бетаваҷҷуҳии мақомоти давлатӣ, дарёфт накардани пуштибонии молӣ аз суи созмонҳои байналмилалӣ ва адами ҳамфикриву ҳамоҳангӣ дар дохили созмон боиси парокандагӣ ва аз ҳам пошидани ин иттиҳодия шудааст.

Абдуқаюм Юсуфов, раиси пешини Иттиҳодия мегӯяд, заъфи дарунии он имкон намедод, ки вакилони дифоъ дар баробари поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандон ва ё расидагиҳои ғайримунсифона ба парвандаҳо, ҳукмномаҳои додгоҳҳо, дар кишвар садо баланд кунад ва дар муддати ин чанд соли фаъолияти худ ҳузури муассир дар ҷомеъаи Тоҷикистон надоштааст.

Ойниҳол Бобоназарова, як ҳуқуқдони тоҷик мегуяд, ҳануз ҷомеъаи Тоҷикистон барои ҳифзу парвариши чунин як созмоне, ки аз ҳуқуқи шаҳрвандон дифоъ кунад, омода нест, зеро ришвату фасод дар низоми додгоҳии Тоҷикистон роҳ намедиҳад, ки чунин як созмоне, ки аз ҳуқуқи шаҳрвандон мунсифона дифоъ мекунад, фаъолияти муассир дошта бошад.

Хонум Бобоназарова бо ишора ба таҷрибаи кишварҳои дигари ҷаҳон дар ин самт гуфт, фарқ миёни фаъолияти Иттиҳодияи вакилони дифоъи Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҷаҳон, ба истилоҳ, аз замин то осмон мебошад.