Таъсиси шабакаи муштараки телевизонӣ ва таҷлили бошукӯҳи 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ - бунёдгузори шеъри порсӣ дар ҳарсеи кишвари форсизабони Эрон,Тоҷикистон ва Афғонистон дар соли равон дар санади ёддошти тафоҳум, ки аз суи вузарои хориҷии ин кишварҳо дар Душанбе ба имзо расид, таъкид шудааст.
Оқои Зарифӣ гуфт, тарафҳо ба чунин натиҷа расидаанд, ки қароргоҳ ва ё маркази телевизони муштараки се кишвари форсизабон дар Душанбе ташкил хоҳад шуд.
Рангин Додфар Спанто, вазири умури хориҷаи Афғонистон гуфт, роҳбарони имрӯзаи Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон гомҳои бисёр мушаххасеро ҷиҳати тақвияти пайванди ин се кишвар мебардоранд ва ҳоло, ки роҳи оҳан то сарҳади Ҳирот аз сӯи давлати Эрон оварда шудааст, Афғонистон тасмим дорад, онро то марзи Тоҷикистон идома бидиҳад.
Бар хилофи тавофуқи қаблӣ, дар ин нишаст Шӯрои иқтисодии кишварҳои форсизабон низ ташкил наёфт. Ва нишаст бо эъломи омодагӣ ҷиҳати Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ ва он ҳам дар сатҳи муовинони вузарои хориҷӣ иктифо кард. Дар рӯзномаи нишаст эҳтимоли ширкати президенти Тоҷикистон дар маросими ҷамъбасти иҷлоси вузарои хориҷӣ дар Душанбе таъкид шуда буд, вале раисҷумҳур дар ин маросим ширкат накард.
Ҳамчунин замони оғози фаъолияти телевизони муштараки се кишвари форсизабон низ то мулоқоти руасои ҷамоҳири ин кишварҳо номуайян боқӣ мемонад. Аммо, қарор шуд, нишасти навбатии вузарои хориҷии Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон дар Наврӯзи соли оянда дар шаҳри Ҳироти Афғонистон баргузор шавад.