Гурӯҳи ҳунармандони тоҷикистонӣ дидбонгоҳи марзии байни Тоҷикистону Афғонистони воқеъ дар маҳалли Теми Хоруғро убур намуданд.
Ин ҳайъати иборат аз 20 нафар сарояндагону навозандагон ва раққосон бо як барномаи консертӣ дар ҷашни наврӯзии кишвари ҳамҷавор, ки дар маркази вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон баргузор гардид, ширкат меварзанд.
Ҳунарманди мардумӣ Файзалӣ Ҳасан чанд лаҳза қабл аз убури марз ва қадам гузоштан ба он сӯи соҳили дарёи Панҷ дар суҳбат бо хабарнигори «Озодӣ» гуфт, ки онҳо бо як эҳсоси махсус меҳмони тоҷикони кишвари ҳамҷавор гашта, паёми дустӣ ва наврӯзиро ба онҳо мерасонанд. Вай гуфт, мехоҳам дар он соҳил ҳам сурудҳое бихонам, ки дар дили мардум ҷой бигиранд ва суруди аввалини ман суруди наврузӣ хоҳад буд.
Дар ин сафар Файзалӣ Ҳасанро овозхонҳои шинохтаи Бадахшон Майсара Дилдорова, Соҳибаи Давлатшоҳ ва ҳунармандони хушсалиқа Умари Темур, Ҷумъахон Раҷабов ва дигарон ҳамроҳӣ мекунанд.
Овозхони мардумии тоҷик халқҳои Тоҷикистону Афғонистонро ба иди Наврӯз табрик намуда, хостори густариши ҳарчи бештари дустӣ байнашон шуд. Ҳунарманди мардумӣ Майсара Дилдорова изҳор дошт, ки суруду таронаҳои тозаи наврӯзиро барои мухлисонаш ба армуғон мебарад.
Аммо Соҳибаи Давлатшоҳ мегӯяд, ки вай эҳсосоташро бо ин дубайтиҳо ифода хоҳад кард:
Наврӯз шуду валек дилсӯзам нест,
Наврӯз он ҷост, ки ёри дилсӯз он ҷост,
Наврӯз он ҷост, ки ёри дилсӯз он ҷост,
Аммо чи кунам, ки ёри дилсӯзам нест.
Овозхон Абдулшаҳидӣ изҳор намуд, ки таййи 8 соли ахир дар як созмони кумаки башардустона барои Афғонистон фаъъолият кардааст, вале ин даъфа ба ҳайси ҳунарманд ва бо корвони савту суруд ба ҷои ошно сафар дорад.
21-уми март ҷавобан ба сафари ин ҳунармандони Тоҷикистон ба Афғонистон як дастаи мутрибону навозандагони афғонӣ аз вулусволии Шуғнони Афғонистон низ ба кишвари ҳамсоя меҳмон шуда, дар ҷашни наврузӣ дар майдони марказии Хоруғ бо барномаи муштараки консертӣ баромад мекунанд.