Эътирози интернетӣ аз ноозодии баён

Шумо аз фишор болои озодии баён дар интернет нороҳат ҳастеду аз боздошти муаллифони саҳифаҳои интернетӣ ё блогҳо эътироз доред?

Пас ҷасурона ба Майдони Тиянанмени Пекин ва ё Майдони инқилоби Ҳавана биравед. Чунин имкониятро рӯзи 12 март Созмони "Гузоришгарони бидуни марз" фароҳам оварда, даъват намуд, ки хоҳишмандон дар бораи вазъи озодии баён дар интернети кишварашон дар як намоиши эътирозии интернетии онҳо маълумот диҳанд.

Созмони "Гузоришгарони бидуни марз" рӯзи 12 март дар саҳифаи интернетии худ навишт, сол то сол ҳукуматҳои истибдодӣ дар саросари ҷаҳон ҳар чӣ бештар назорати фаъолиятҳои интернетии шаҳрвандони худро шадидтар мекунанд. Аз ин рӯ, роҳи беҳтаре ҷуз эътироз тавассути Интернет боқӣ намемонад. Ҳар нафари дилхоҳ метавонад ба саҳифаи интернетии www.rsf.org ворид шуда, дар ин намоиши эътирозии виртуалӣ иштирок кунад. Ин саҳифа 24 соат, яъне то соати 11-и субҳи 13 март амал мекунад ва шумо аз ҳар нуқтаи ҷаҳон, аз ҷумла аз Тоҷикистон метавонад назари худро дар бораи вазъи озодии баён дар кишвари худ баён кунед. Кросайлд Дя Коз аз Созмони "Гузоришгарони бидуни марз" чунин шарҳ медиҳад:

"Фарз кардем, ман мехоҳам, ки дар намоиши эътирозии Чин иштирок кунам, ман ба тугмачае бо исми Чин клик мекунам, ва як хоначае зуҳур мекунад, ки дар он исми худ, кишвар ва паёми худро менависед. Баъдан як ҷумлаеро интихобан ба ҳайси шиори худ дар ин рӯз навишта мекунед, ба мисли "Ҳама дигарандешони интернетиро озод кунед!" ва ё "Бимонед, ки мо ба Интернет дастрасии озод дошта бошем". Баъдан ман худро дар майдони Тиянанмени Пекин дармеёбам ва дар баробари корбарони дигари Интернет дар тазоҳуроте иштирок мекунам".

Ҳадафи аслии ташкили чунин як эътирози виртуалӣ, мегӯянд "Гузоришгарони бидуни марз", фишор болори ҳукуматҳои поймолкунандаи озодии баён дар Интернет мебошад. Имсол ин созмон исми 15 кишварро ба феҳрасти душманони Инернет шомил карда гуфтааст, дар ин ҷо фаъолияти расонаҳои интернетӣ шадидан маҳдуд шуда, ҳукумат аз болои ин расонаҳо назорат мекнуад ва дар бархе ҳолатҳо, кормандони ин гуна расонаҳоро ба зиндон меандозад. Ин кишварҳои Беларус, Бурма, Чин, Куба, Миср, Эфиопия, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Арабистони Саъудӣ, Сурия, Тунис, Туркманистон, Ӯзбакистон, Ветнам ва Зимбабве мебошанд. Дар миёни ин кишвар, Чин чун давлате бо бештарин шумори зиндониҳои интернетӣ, яъне 50 нафар мавриди танқид қарор гирифтааст. 14 зиндонии дигари интернетӣ дар Беларус, Ӯзбакистон ва Эрон ба қайд гирифта шудаанд.


Тоҷикистон

Роҷеъ ба Тоҷикистон ин созмон мегӯяд, ҳарчанд имкони нашри матолиби мухталифи интернетӣ роҷеъ ба масоили амниятиву иҷтимоӣ мавҷуд аст, аммо мақомоти кишвар дар арафаи чорабиниҳои муҳими сиёсӣ контролро шадидтар мекунанд, тавре дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2006 муддате дастрасӣ ба панҷ сомонаи интернетӣ масдуд шуда буд. Ин нуктаро Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои миллии Тоҷикистон ҳам таъйид кард ва гуфт, дар нимаи дуюми соли 2007 ҳукумати Тоҷикистон назорати интернетиро шадидтар кард ва ба озодии баён дар Интернет зарбаи шадид зад. Вай гуфт, бо қабули иловаҳо ба Қонуни ҷиноии кишвар, қонунгузорони Тоҷикистон барои пахши иттилои интернетии ба истилоҳ аз ҳақиқат дур муҷозот пешбинӣ кард.

Имрӯз дар Тоҷикистон мизони дастрасӣ ба Интернет ҳамоно дар сатҳи поин қарор дорад: чизе бештар аз як дар сади аҳолӣ ба таври доимӣ аз ин шабакаи ҷаҳонӣ истифода мекунанд, корбарон асосан мардҳо буда, дар корхонаву муассисаҳо ва интернет-кафеҳо аз он истифода мекунанд.