Арҷ ва эҳтиром аз Фирдавсӣ дар Қазоқистон

Рустам ва Сӯҳроб аз достонҳои маъруфтарини Шоҳнома ба шумор меравад

Рӯзҳои 21 ва 22 апрел дар Алмаато ҳамоиши байналмилалие бахшида ба Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и безаволи ӯ баргузор мегардад.

Ба гуфтаи донишманди шинохта Сафар Абдулло, раиси Маркази мутолиоти фарҳанги Осиёи марказӣ ва Эрон, ки яке аз созмондиҳандагони ин ҳамоиш низ ҳаст, ба кунгура донишмандони кишварҳои гуногун, аз ҷумла шоҳномашиносони Эрон, Тоҷикистон, Русия ва довталабоне аз кишварҳои дигар даъват хоҳанд шуд ва онҳо сари мавзӯъҳои шеъри форсӣ то «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, таъсири Фирдавсӣ ба эҷодиёти шоирони баъдии форсигӯ ва эҳёи забони форсӣ -тоҷикӣ ва соири мавзӯъҳои дигар баҳс хоҳанд кард.

Сафар Абдулло таъкид мекунад, ки «Шоҳнома» мояи ифтихори мардуми эрониасл аст ва ин ҳамосаи беназир дар рӯзгори эҳёи дубораи фарҳангу тамаддуни худ падид омадааст. Ба таъкиди Сарвари маркази мутолиоти фарҳанги Осиёи Марказӣ ва Эрон, дар Қазоқистон баргузор гардидани чунин ҳамоиши илмӣ худ баёнгари он аст, ки Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ дар адабиёти ҷаҳонӣ мавқеи бузург доранд ва сол то сол таваҷҷӯҳи аҳли илму дониш ба ин шоири бузург ва ҳамосаи ҷовидонии ӯ бештар мегардад.

Ҷойгоҳи Ҳаким Фирдавсӣ дар Қазоқистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ камтар аз дигар кишварҳо нест, зеро ҷои пои фарҳанги эронӣ дар ин минтақа аз замонҳои бостон эҳсос мешуд. Тавре ховаршинос Ғолия Қамбарбекова мегӯяд, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ба вижа достонҳои Рустаму Сӯҳроб, достонҳои Сиёвуш, Исфандиёр ва Бежан ва Манижа аз даврони пешин дар байни мардуми қазоқ маъруф буд ва онҳо ин достонҳоро дар тарҷумаи туркии чағатоӣ ва аҳли маърифат бошанд, дар забони асл мехонданд. Хонум Қамбарбекова таъкид мекунад, ки барои поягузори адабиёти катбии қазоқ Абай Қунанбоев низ Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ устоди маънавие буд ва Шоҳномаи безаволи вай асари дӯстдошта ва манбаъи илҳоми ӯ.

Хонае, ки Абай Қунунбоев зиндагӣ карда, алъон музей аст дар шаҳри Семей. Он ҷо ду то нусхаи « Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мавҷуд аст якеаш достони Рустам ва Сӯҳроб ба забони туркии чағатоӣ ва дигараш «Шоҳнома» ба забони форсӣ. Ба гуфтаи хонум Қамбарбекова, поягузори адабиёти хаттии қазоқ Абай Қунанбоев низ бар пояи достони Искандари «Шоҳнома» достони дигареро бо номи «Искандар» офаридааст, ки он тарҷума набуда, балки як навъ асари тозаест, ки аз илҳом аз «Шоҳнома» арзи вуҷуд кардааст.