Ҳангоми сафари худ дар Ироқ раисҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, ки сафари ӯ ба ин кишвар дар равобити миёни ҳарду кишвари ҳамсоя саҳифаи навро боз мекунад.
Ин нахустин боздиди раҳбари Эрон аз Ироқ баъди инқилоби исломии Эрон дар соли 1979 ва ҷанги ҳаштсолаи миёни ин ду кишвар дар пайи он мебошад. Баъди расидан ба фурӯдгоҳи Бағдод Аҳмадинажод рост ба дидани ҳамтои ироқиаш Ҷалоли Толибонӣ шитофт, ки ӯро гарм истиқбол кард. Дар пайи музокираи миёни ду ҷониб, Аҳмадинажод гуфт, ки ҳадафи вай аз боздиди Ироқ таҳкими равобити миёни ду кишвар мебошад, ки ҳоло ҳам аз назари вай дар пояи олӣ қарор дорад. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: "Ин сафар фасли ҷадиде дар равобити дуҷониба ва фазои ҳамкорӣ дар минтақа хоҳад буд, ба фазли илоҳӣ".
Аҳмадинажод ҳамчунин гуфт, ки ҷонибҳо барои рушди равобити миёни ҳам талоши ҳадди аксарро хоҳанд кард ва Эрон хоҳони дидани як Ироқи муттаҳид, мустақил ва пешрафта мебошад, ки аз он тамоми минтақа баҳраманд бошад.
Толибонӣ дар навбати худ ин сафарро таърихӣ унвон кард ва гуфт, ки ду ҷониб масоъили иқтисодӣ, сиёсӣ, амниятӣ ва суъолҳои марбут ба нафтро баррасӣ карданд. Баъди мулоқот бо Толибонӣ Аҳмадинажод ба дидори нахуствазир Нурӣ-Ал-Моликӣ шитофт.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар гузашта ҳарду мақоми аршади ироқӣ аз Теҳрон дидан карда буданд. Ва инчунин, баъди пошхӯрии режими Саддом соли 2003 баъзе раҳбарони баландпояи шиъимазҳаби ироқӣ, чун Нурӣ-ал-Моликӣ, муддате дар Теҳрон сарпаноҳ ёфта буданд.
Аксар таҳлилгарон мегӯянд, бо назардошти ин ки боздиди Аҳмадинажод аз Ироқ як моҳ пеш аз интихоботи порлумонии Эрон сурат мегирад, чунин ба назар мерасад, ки вай мехоҳад ҳузури калидии кишварашро дар минтақа ва тавонмандии Эронро дар бозидани нақши муҳим дар масоъили Ироқ ба намоиш гузорад. Сафари Аҳмадинажод ба Бағдод, дар ҳоле, ки равобити миёни Теҳрону Вашингтон дучори мушкилоти зиёд, ба вижа бар сари барномаҳои ҳастаии Эрон мебошад, инчунин намоишгари пуштибонии вай аз ҳукумати Нурӣ ал-Моликӣ, муттафиқи ИМА, мебошад.
Алорағми ин ки дар ин авохир муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва мазҳабии миёни Ироқу Эрон дар ҳоли пешрафт аст, Теҳрон пайваста нохушнудии худро аз ҳузури ҳудудан 140 000 сарбози амрикоӣ дар хоки Ироқ дар тӯли 5 соли баъди суқути режими Саддом Ҳусайн намоиш додааст. Аммо Дар Вашингтон ба сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ба Ироқ чи гуна вокуниш нишон доданд? Вашингтон гмегӯяд, ки аз сиёсати давлати Эрон дар самти муътадилсозии вазъ дар минтақа истиқбол мекунад, аммо рафтори Теҳрон баръакси инро намоиш медиҳад. Мақомоти амрикоӣ пайваста Теҳронро дар кӯшиши ба ҳам задани вазъи амниятӣ дар минтақа, ба вижа вазъи Ироқ, айбдор карда, мегӯянд, ки Теҳрон ҷангиёни шиъимазҳабро бо силоҳу муҳиммоти ҷангӣ пуштибонӣ мекунад. Ин иттиҳомотро Эрон пайваста рад кардааст.