Русия: пирӯзии Д. Медведев дар интихобот

Натоиҷи муқаддамотии то ин соат эълоншудаи интихоботи Русия ҳокии пирӯзии Дмитрий Медведев дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурӣ аст.
Ҷиҳати ширкат дар ин маърака 109 миллион нафари воҷиди шароити раъй сабти ном шуда, дар саросари Русия ва хориҷ аз он тақрибан 96 000 ҳавзаҳои райъдиҳӣ боз шуда буд.
Мақомоти интихоботӣ мизони ширкати мардум дар интихоботи 2-вуми мартро беш аз 65 дарсад ҳисоб карда, мегӯянд, шумориши то ҳол анҷомшудаи ороъ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки беш аз 69 дарсади ороъро Дмитрий Медведев ба даст овардааст.
Кумиссиюни марказии интихоботи Русия, бар асоси шумориши 73 дарсади ороъи интихобкунандагон, мегӯяд, номзади ҳизби коммунист Геннадий Зюганов чизе бештар аз 18 дарсади ороъ ва номзади ҳизби либерал-демократ Владимир Жириновский наздики 10 дарсади ҳимояти мардумро соҳиб шудаанд.
Камтар ҳама, чизе бештар аз 1 дарсад, ба номзади ҳизби демократ Андрей Богданов расидааст.
Дмитрий Медведев дар нишасти хабарие, ки дар пайи эълони натоиҷи муқаддамотии интиихобот барпо кард, изҳор дошт, ки ӯ мустақиман сиёсати раисиҷумҳури кунунӣ Владимир Путинро идома хоҳад дод. Медведев афзуд, вай бо Путин, ки қарор аст ба симати сарвазирӣ бинишинад, муштаракан фаъъолият хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, нимашаб Путину Медведев ҳамроҳ дар майдони Сурх, дар маҳалли баргузории консерти пирӯзии онон зоҳир шуданд. Дмитрий Медведев ба ҳамаи ононе, ки дар интихобот раъй додаанд, изҳори сипос кард ва гуфт, пирӯзӣ дар интихобот ба онҳо имкон медиҳад, роҳеро, ки Русия аз он инак чанд сол аст қадам мезанад, идома диҳанд. Ӯ афзуд, сухан дар бораи роҳе меравад, ки президенти кунунӣ Владимир Путин ба кишвар пешниҳод кардааст.
Владимир Путин, ба навбаи худ, гуфт, интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар чаҳорчӯби муқаррароти қонун гузашт ва пойбандии Русия ба арзишҳои демократиро ба намоиш гузошт. Ӯ ҳамчунин ба ин нукта таъкид кард, ки пирӯзии номзади пешниҳодкардаи вай пойбандии давлати оянда ба хатти машйи сиёсии давлати ӯро идома хоҳад дод.
Бо ин ҳол, номзади коммунистҳо Геннадий Зюганов, ки бар асоси натоиҷи муқаддамотӣ, дар сабқати номзадҳо ҷои дуввумро ба даст овард, гуфтааст, ки ӯ роҷеъ ба қонуншиканиҳое, ки дар ҷараёни интихобот мушоҳида шуд, ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд. Зюганов, бидуни овардани ҷузъиёт, иддаъо кардааст, ки ҳизби ӯ дар бораи вуҷуди тақаллубот дар ҷараёни интихобот шавоҳиде ба даст овардааст.
Дар шамин ҳол, Лилия Шибанова, раҳбари созмони мавсум ба “Голос”, як ниҳоди мустақили назорат бар интихоботҳо, гуфтааст, ки мақомот дар вилояти Астрахан ба таври густарда ва дар манотиқи дигар камтар аз вуруди нозирон ба ҳавзаҳои раъйдиҳӣ монеъ мешуданд. Ӯ гуфта, ки мақомот роҳро барои раъйдиҳии батакрор боз гузошта буданд.
Хонум Шибанова ҳамчунин дар мавриди чунин мизони баланди ширкати мардум дар интихобот изҳори шубҳа кардааст.