Коҳиши бозгардон ба тоҷикӣ

Ба ақидаи соҳибназарон ва донишмандони тоҷик, мактаби тарҷума дар Тоҷикистон ба сурати бесобиқа заъиф шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки мактабҳои тарҷума ва марказҳову шуъбаҳои тарҷумонии дар гузашта фаъол феълан аз кор монда ва танҳо чанд чунин марказ арзи ҳастӣ дорад, ки аслан ба тарҷумаи асноди расмӣ машғуланд. Коршиносон мегӯянд, ин мактаб дигар тақрибан аз миён рафтаааст ва дар ҳоле, ки адабиёти бадеӣ хеле кам тарҷума мешавад, тарҷумаи адабиёти илмӣ, таълимӣ ва иҷтимоӣ аслан дигар комилан анҷом намешавад.
Ин дар ҳолест, ки то поёнии солҳои 80-уми асри гузашта мактаби тарҷума, агарчанд умадтан аз забони русӣ ба тоҷикӣ сурат мегирифт, аммо хеле пурмаҳсул буд. Тарҷумаи намунаҳое аз осори адабиёти бадеӣ, илмӣ, фанноврӣ ва адабиёти иҷтимоӣ бо забони тоҷикӣ умдатан дар чанд даҳсолаи ахир анҷом шуда ва бо касби истиқлоли кишвар ва сипас оғози ҷанги дохиливу пеш омадани буҳрони иқтисодӣ тарҷумаи осор дигар сурат намегирад.
Ин дар ҳолест, ки, ба гуфтаи соҳибназарон ва донишҷуёни риштаи улуми дақиқ, ба адабиёти таълимӣ ва илмии бо забони тоҷикӣ ба шиддат ниёз доранд. Дар ҳоле, ки адабиёти илмӣ ва навгониҳои илму фановарӣ бо тоҷикӣ тарҷума намешаванд ва насли нав умдатан забони русиро ёд надорад, адабиёти лозимӣ асосан бо забони русӣ дастрас аст.
Неъмати Неъматзода, раиси Анҷумани миллии тарҷумонҳои Тоҷикистон, мегӯяд, кореро, ки бахши тарҷумаи анҷумани онҳо анҷом медиҳад, низ умдатан тарҷумаи адабиёти расмист. Ба гуфтаи оқои Неъматзода, мушкили аслии мактаби тарҷума камбуди молист. Вагарна, мегӯяд ӯ, аксари тарҷумонҳои фаъоли мактаби солҳои 80-и асри гузашта машғули корҳои дигаре ҳастанд.
Ӯ таъкид намуд, ки бидуни мудохилаи давлат ва сармоягузории мактаби тарҷума эҳёи он имкон надорад.
Ба гуфтаи бархе дигар аз соҳибназарон, дар ҳоли ҳозир, ки Тоҷикистон наметавонад ба далели мушкилоти молӣ тарҷумаҳоро анҷом бидиҳад, яке аз роҳҳои осон истифода аз тарҷумаи ҳамзабонон дар Эрон ва Афғонистон аст. Осори фаровоне дар ин кишварҳо тарҷума мешавад ва донишмандони тоҷик мегӯянд, ки зарур аст бо андак таҳрир ин адабиётро, хоса адабиёти илмӣ ва фановарии муосирро, ба хатти сирилик бозгардон кард. Аммо барои он низ иродаву сармоя ва таваҷҷуҳи давлат лозим аст, вагарна, мегӯянд онҳо, дар шароити ҷаҳонишавӣ аз донишҳо ва фанноварии навини башарӣ бебаҳра хоҳем буд.