24-уми феврал як гурӯҳи мусаллаҳ бо яроқи оташфишон ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ, маркази ВМКБ, ҳуҷум намуд.
Чунонки хабарнигори родиюи «Озодӣ» дар вилояти Бадахшон хабар медиҳад, 7 мусаллаҳ бо мошин ба шуъбаи умури дохилаи шаҳри Хоруғ, маркази ВМБК, омада, ба бинои он аз силоҳи автоматӣ оташ кушоданд.
Сипас онҳо навбатдори шуъбаро латукӯб намуданд. Дар ҳамин ҳол аз тирпаронӣ касе зарар надидааст, навбатдори дучори латукӯбшудаи шуъбаи умури дохилӣ бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба бемористони марказии вилоят интиқол дода шуд.
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ин гурӯҳи мусаллаҳро собиқ сардори яке аз қисмҳои марзбонӣ Мамадбоқир Мамадбоқиров, ки ба иттиҳоми роҳзанӣ дар ҷустуҷӯ қарор дорад, сарварӣ мекунад.
Ҳамчунин маълум шудааст, ки як рӯз қабл аз ин ҳодиса М. Мамадбоқиров ва ҳамроҳони ӯ ба назди бинои идораи нерӯгоҳи барқи обии "Помир-1" омада, бино бар иттилоъи ВКД, «дар робита ба набуди равшанӣ дар хонаҳояшон дар шакли дурушт» изҳори норизоят карданд. Ёдовар мешавем, ки ҳафтаҳои ахир, бино бар буҳрони шадиди барқ, ба мардум дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ чанд соат барқ интиқол мегардид.
Аз рӯи яке аз фарзияҳо, сабаби ин ҳуҷуми мусаллаҳона ба шуъбаи корҳои дохилии Хоруғ ҳамоно камбуди барқ шудааст. Дар ҳамин ҳол, ба эҳтимоли милисаи зарардида, ки ҳуҷумкунандагон шояд маст буданд.