Гули зардак – рамзи баҳор

Ба Тоҷикистони мо Баҳори деринтизортарин омад!
Далели даргузашти дай ва сардиҳои шадиди зери 30 дараҷа ва барфи зиёду набуди барқу газ ва ҳазору як мушкили дигари сари тоҷикистониён беш аз 42 рӯз ҳукмрон растаи атфоли гулфурӯш аст, ки роҳҳои мошинагарди пойтахтро дар даромадгоҳҳои шаҳр печидаанд.
Гули Зардак, ки дар шимоли кишвар маъруфтар ба номи «бойчечак» аст, шурӯъ аз субҳи сешанбеи 19-уми феврал дар ҷоддаҳо барои фурӯш пайдо шудааст. Атфоли гулфурӯш, ки, ба иттилоъи худи онҳо, сокини Ҳисори Шодмон будаанд, мегӯянд, гули зардро аз талу теппаҳои ҳамин водӣ овардаанд.
Воқиъан ҳам баҳори имсола ба кишвар бо як таъҷил омадааст. Ва дар мавриде, ки рӯзе муқаддам ҳарорат ҳаво хеле сард буд, рӯзи сешанбеи 19-уми феврал ҳарорат ба якбор то 15 ва 18 дараҷа гарм шудааст. Кӯдакони гулфурӯш низ дар суҳбат ба родиюи «Озодӣ» гуфтанд, ки маҳз ҳамин субҳ гули зардро, ки паёми нахустин аз баҳор аст, дидаанд ва оҷилан онро ба пойтахт овардаанд.
Муаллифи матлаб ба шумо рамзи баҳорро тақдим мекунад
Воқиъан ҳам дар ҷоддаҳо пайдо шудани гулҳои баҳорӣ хушбинкунанда аст, зеро мардум дар ин гули зард қабл аз ҳама ... рӯшноии чароғи хонадон ва барқро мебинанд. Онҳо мегӯянд, шояд ҳамакнун дарёҳо сероб шудаву обанборҳоро пуробтар мекунанд ва ин нерӯгоҳҳо, ки бо иллати коҳиши маъхази об аз фаъъолият мондаанд, дубора ба кор медароянд.
Кормандони маркази ҳавошиносии кишвар мегӯянд, шурӯъ аз субҳи имрӯз ҳарорат дар тамоми манотиқи Тоҷикистон боло рафтааст.
Масъулини «Барқи Тоҷик» ба хабаргузориҳои кишвар гуфтаанд, дар тӯли чанд соат гармии ногаҳонии ахир ҳатто обанбори Норакро серобтар кардааст ва – чи аҷаб! – эҳтимоли қавии тамдиди реҷаи интиқоли барқ ба миён омадааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар мантақаҳои дурдаст аз маросими гулгардонӣ, ки муждае аз Баҳор аст, ҷашн мегиранд ва бо таронаҳои
Гул овардам ба меҳмонӣ,
Ту қадри гул намедонӣ.
Агар донӣ мусалмонӣ,
Баҳори нав муборак бод!
Ё худ бо тараннуми ин 4 мисраъ:
Гули Зардак сано мегуфт,
Санои Кибриё мегуфт,
Ба ҳар гуфташ худо мегуфт,
Баҳор инав муборак бод!
ҳамдигарро табрик мегӯянд....
Баҳори деринтизортарин барои тоҷиконро ба ҳар яки шумо табрик мегӯем!