Ба таъйиди Р. Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик», НБО-и Норак шабонарӯзи гузашта 19,2 миллион кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол намуд.
Ба гуфтаи ӯ, дар таърихи 19-уми феврал сатҳи оби обанбори Норак, ки тавлидгари аслии барқ дар кишвар аст, 860 метрро ташкил намуд, ва ин баёнгари он аст, ки то сатҳи сатҳи ҳадди ақалли об ҳамагӣ 3 метр мондааст. «Ҳарчанд, ки вазъ ҳанӯз ташвишовар аст, вале ахиран бо гармшавии ҳаво вуруди об ба обанбори мазкур бештар гардидааст. Ба таъйиди ӯ, феълан ҳаҷми вуруди об 160 метри мукаъъаб дар 1 сонияро ташкил медиҳад. Рашид Гулов афзуд: «Умед дорем, ки дар чунин ҳолати мусоъиди табиъӣ ба мо имкон даст медиҳад, ки дар муддати 3-4 рӯз аз вазъи буҳронӣ раҳо шавем. Дар ҳоли ҳозир масъалаи бештар намудани ҳаҷми интиқоли барқ ба Душанбе баррасӣ мешавад».
Ёдовар мешавем, ки бино бар 7-уми феврал ворид намудани реҷаи интиқоли маҳдуди барқ дар ҷумҳурӣ пойтахти кишвар дар 24 соати шабонарӯз ҳамагӣ 10 соат бо барқ таъмин мегардад. Дар ҳамин ҳол, бисёре аз навоҳии кишвар ҳафтаи севум аст, ки аслан бе барқ мондаанд.