Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як чинӣ дар Зарнисор фавтид. Аммо на аз тирандозӣ. Ҷузъиёти воқеа аз забони коргарони чинӣ


Акс аз сомонаи "Фазои Шарқ"
Акс аз сомонаи "Фазои Шарқ"

Коргарони чинии "Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин" мегӯянд, як ҳамкори онҳо фавтидааст. Онҳо ҳамчунин сабабҳои эътироз ва тирандозӣ дар шаҳраки Зарнисори вилояти Суғдро ба матбуоти Чин шарҳ додаанд. Ҳодиса 20-уми май иттифоқ афтод. Коргарон ба торнамои расмии "Фазои Шарқ"-и Чин гуфтаанд, "дастикам ҳашт моҳ боз маош нагирифтаанд, аз густариши COVID-19 нигаронанд ва мехоҳанд, ба ватани худ баргарданд".

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки 20-уми май эътирози дастҷамъонаи коргарони чинии "Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Чин" ба амал омадаст. Онҳо гуфтанд, ҳудуди 60 нафар даст ба коршиканӣ зада, ба дафтари раҳбарони ширкат бо сангу чӯб ҳамла намуданд.

Дар наворе, ки сомонаи “Фазои Шарқ” нашр кардааст, лаҳзаҳое аз ин ҳамла дида ва додуфиғони коргарон шунида мешавад. Дар навори дигар садои тирандозӣ аз силоҳ ба гӯш мерасад.

Як намояндаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, "ба хотири пароканда намудани норозиён ба ҳаво тир холӣ карда шуд. Ҳеч кас захмӣ ё кушта нашудааст."

Аммо коргарони чинӣ ба сомонаи “Фазои Шарқ” гуфтаанд, "маъмурони милиса коргаронро бо калтакҳои сахт латту кӯб карданд ва бархе аз онҳо маҷрӯҳ шуданд”. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ин масъаларо шарҳ надодаанд.

"То хатти сурхро нагузаштанд..."

Коргарони чинӣ осори латту кӯбро нишон додаанд. Акс аз "Фазои Шарқ"
Коргарони чинӣ осори латту кӯбро нишон додаанд. Акс аз "Фазои Шарқ"

Ба иттилои сомонаи “Фазои Шарқ”, дар ҳодиса чиҳил коргари чинӣ захмӣ шуда, “ҷароҳати панҷ нафари онҳо вазнин аст”. “Пулисҳо ба ҳаво тир холӣ карданд. Таҳдид намуданд, ки агар пароканда нашавем, низомиёнро даъват мекунанд. Мо аз тарс минтақаро тарк карда, ба манзилҳои истиқоматиамон баргаштем”, - гуфтаанд коргарони чинӣ.

Амриддин Соҳибов, яке аз коргарони ширкат, гуфт, то замоне ки шаҳрвандони Чин, ба қавле, хатти сурхро нагузаштанд, маъмурони милиса даст ба кор нашуданд.

Вай 24-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт: "Онҳо бо сангу чӯб ҳамла карда, дару тирезаи корхонаро шикастанд. Он вақт маъмурони милиса ба осмон тир холӣ карданд. Ҳатто барои пароканда карданашон сокинони маҳаллӣ низ ёрӣ доданд, чун сангу чӯб ба хонаҳои атрофи ширкат низ мерасид ва занону кӯдаконро метарсонд.” ​

Эътирози коргарони чиниро бо тирандозӣ ба осмон пароканда карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:05 0:00

Дар "Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин" 3000 кас фаъолият доштаанд ва аз ин ҳисоб 1100 нафар чинӣ ҳастанд.

Коргарони тоҷик маош мегиранд, чиниҳо не?

Коргарони чинӣ иддао кардаанд, ки ҳашт моҳ боз маош нагирифтаанд, дар ҳоле ки “ба коргарони тоҷикистонӣ саривақт маош пардохта мешавад”. Ба қавли онҳо, масъулони корхона пардохт нашудани маоши чиниҳоро “ба сармоягузории лоиҳаи нав дар Аргентина рабт додаанд”.

Бархе аз коргарони маҳаллии ширкат мегӯянд, маоши онҳо дар муқоиса ба шаҳрвандони Чин хеле кам аст ва зоҳиран мақомот дар пардохти он мушкил надоранд. Зиёвуддин Акрамов, коргари ширкат, гуфт, ҳар моҳ барои кашондани сангу хок аз 2000 то 2500 сомонӣ мегирад, “дар ҳоле ки маоши коргарони чинӣ аз 30 ҳазор то 35 ҳазор сомонӣ аст”.

Коргарони чинӣ мегӯяд, аз он ки ҳашт моҳ маош нагирифтанд, рӯзгори хонаводаҳояшон дар ватан ба мушкил дучор шудааст ва ба ҳамин далел корпартоӣ намуданд.

Ду тараф мегӯянд, масъулияти онҳо нест

Дафтари асосии ширкат дар Шонгҳой аст. Ван Сӣ Бин, мудири ширкат ба "Фазои Шарқ"-и Чин гуфтааст, “бинобар доштани қарз аз бонк наметавонанд маоши муҳандисонро бипардозанд”. Ван Сӣ Бин ҳамзамон афзудааст, онҳо масъули пардохти маоши коргарони қаторӣ нестанд ва ин масъаларо бояд ҷониби Тоҷикистон ҳал кунад.

Пештар намояндаҳои ширкати муштараки кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистону Чин ва Идораи саноати вилояти Суғд гуфта буданд, ки эътирози коргарони чинӣ ба музди кори онҳо рабт дорад. Вале Тоҳирҷон Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ, ки конҳои ширкат дар ҳудуди ин ноҳия аст, 21-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "коргарони чинӣ ба хотири дарёфти маош аз раҳбарони худ, ки низ чинӣ ҳастанд, эътироз намудаанд."

Марги як шаҳрванди Чин ҳамроҳонашро нигарон кардааст

Аммо танҳо маош нест, ки коргарони чиниро нигарон кардааст. Онҳо дар суҳбат бо сомонаи “Фазои Шарқ” гуфтаанд, дар моҳи май яке аз ҳамкорони худро аз вилояти Ҳенан аз даст доданд.

Мақомот расман гуфтаанд, ки ӯ аз дарди меъда фавтид, вале коргарони чинӣ гумон доранд, ӯ аз бемории ҳамагири COVID-19 ҷон додааст. Ҳамзамон онҳо нигаронанд, чанд коргари дигар ба бемории ҳамагир гирифторанд, вале доруву дармони кофӣ надоранд.

“Бояд ба Чин баргардонда шаванд ва зуд табобат гиранд, зеро хидматрасонии тибби тоҷик хеле дар сатҳи поин қарор дорад”, гуфтаанд онҳо.

Ин дар ҳолест, ки сомонаи “Фазои Шарқ”-и Чин навиштааст, бозгашти муҳоҷирони чинӣ ба кишвар феълан имкон надорад ва то замони муътадил шудани вазъият бояд мунтазир монанд.

“Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин" моҳи июни соли 2007 дар шаҳраки Зарнисори Гулистон, Қайроққуми собиқ, ба кор оғоз кардааст. Дар ин корхона асосан ба коркарди металҳои ранга ва рӯҳ машғуланд.

Корхонаи мазкур қодир аст соле 1 миллион тонна маъдани сурбу рӯҳро коркард кунад. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, “Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин”-ро дар баробари корхонаи муштараки тилои “Зарафшон” бузургтарин ширкатҳои андоздиҳандаи Тоҷикистон ном бурда буд, вале соли гузашта даромади ширкат 17 дарсад кам шудааст.

PS: Матни "Фазои Шарқ"-ро аз забони чинӣ ба тоҷикӣ хабарнигори тоҷик Фарзон Муҳаммадӣ тарҷума кард.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG