Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 7 то 9 сол. Додгоҳи Хатлон як афсар ва се сарбозро дар марги Рамазон гунаҳкор донист


Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон
Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон

Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон барои “ба марг расонидани як сарбоз” афсареро ба нӯҳ сол ва се сарбозро ба мӯҳлати ҳафт солӣ аз озодӣ маҳрум кард.

Ҳукми Бахтиёр Абронов, афсари як қисми низомӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиии вилояти Хатлон, сарбозон‑‑Фурқат Маҳмадалиев, Илҳом Мансуров ва Қосим Хидиров барои "ба марг расонидани як сарбоз" рӯзи 26‑уми октябр эълон шудааст.

Додгоҳ онҳоро дар марги Рамазон Зоиров, сарбози 22 ‑сола гунаҳкор донист. Назари пайвандони маҳкумшудаҳо, ки то куҷо ба ин ҳукм розӣ ҳастанд, ҳанӯз дастрас нашудааст.

Ҷасади сарбоз Рамазон Зоировро охири моҳи июл ба волидонаш дар ноҳияи Рӯдакӣ супурданд. Масъулони қисми низомӣ гуфта буданд, ки ӯ ҳангоми бозӣ бо силоҳ ногаҳон ба худ тир задааст. Пайвандонаш ба ин ҳарфи масъулони қисми ҳарбӣ бовар накарданд ва ба додситони ҳарбӣ муроҷиат намуданд.

Мақомоти додгоҳ мегӯянд, тафтиш собит кард, ки Рамазон Зоировро афсар бо се сарбоз барои “қазои ҳоҷат” кардани сарбозе дар назди девори дидбонгоҳ лату куб кардаанд. Ба ӯ мӯҳлат додаанд, то маълум кунад, ки кӣ ин корро кардааст, вале “Зоиров таҳқиру латтукубро таҳаммул намекунад ва ба манораи дидбонгоҳ баромада худашро бо силоҳи Калашников мепаронад”.

Рамазон Зоиров ним соли пеш аз маргаш ба хидмати ҳарбӣ даъват шуда буд.

Додгоҳи Хатлон сержант Бахтиёр Аброновро бо модда 391‑и Кодекси ҷиноӣ, “сӯистифода аз мақоми хизматӣ” ва сарбозонро бо моддаи 373, “вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ” гунаҳкор донистааст.

Як муфаттиши Додгоҳи ҳарбии Хатлон бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 29‑уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ талаб намуда буд, ки афсар ба 10 сол ва сарбозон 8 солӣ маҳкум карда шаванд.

Худойназар Артиқов, адвокати хонаводаи сарбози фавтида рузи 28‑уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни баррасии қазияи Рамазон фармондеҳи қисми ҳарбӣ низ бояд ба додгоҳ кашида мешуд, зеро бепарвоӣ ва муносибати сарди ӯ боиси чунин ҳодисаи маргбор дар қисми ҳарбӣ шудааст.

“Мо пешниҳод кардем, ки рафтори командири қисм таҳқиқ карда шавад, вале муфатишон баъди баррасӣ уро раҳо карданд. Дар ин қазия ҳолати шиканҷа ҳам буд, ки он сарфи назар шуд.”,‑гуфт адвокати ин хонавода.

Қиёмиддин Зоиров, падараи Рамазон гуфт, аз ҳукм розӣ аст, чун сарбозон ва сержанти маҳкумшуда ҷазои сазовор гирифтанд.

Бори аввал нест, ки хабари ҳалокати як сарбоз дар қисми ҳарбӣ расонаӣ мешавад. Дар гузашта низ дар баъзе аз қисмҳои низомӣ тирпарронӣ боис ба марги сарбозону афсарон шуда буд, аммо мақомот аксари ин ҳодисаҳоро тасодуфӣ гуфтаанд.

"Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" – як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон мегӯяд, аз соли 2015 то 2019 ба онҳо ҳудуди даҳ ҳолати марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ ошкор шудааст ва аксари онҳо дар пайи бадрафторӣ ё азияти сарбозон рух додааст. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли 2018 Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон Сафармаҳмад Боқизодаи 20-соларо барои аз беэҳтиётӣ паррондани ҳамхидматаш Алӣ Мирзоеви 26-сола аз озодӣ маҳрум кард. Моҳи июни соли гузашта Додгоҳи ҳарбии Хатлон сарбоз Мӯҳсинхӯҷа Султоновро, ки дар қатли ҳамхидматаш Ҳасан Каримов айбдор дониста мешуд, ба 10 соли зиндон маҳкум намуд.

XS
SM
MD
LG