Баҳси заъфи шифохонаҳои Тоҷикистон дар қабули беморон ва тарафдорӣ аз табибон, бедодгарии бод дар Хатлону хатар ба ҷони кишоварзон аз видеоҳоест, ки мебинему дар бораашон суҳбат мекунем. Ҳамчунин ба суроғи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав меравем.
Видеое, ки дар барнома мебинед аз назди бемористоне дар Душанбе фиристоданд, ки онҷо гирифторони бемории коронавирус ва дигар бемориҳои сироятиро муолиҷа мекунанд. Зоҳиран инҷо зани бемор ва беҳолеро ба шифохона овардаанд ва табибон ҳам берун наомадаанд, то ӯро дар кати махсус ба дохил бибаранд.
Воқеан ин видео баҳси зиёдеро дар саҳифаи мо дар Инстаграм барангехт ва баъзеҳо табибонро ба бепарвоӣ муттаҳам кардаанд, баъзе тарафи онҳоро гирифтаанд, ки дар рӯзҳои пандемияи коронавируси нав бе истироҳат кор мекунанд.
Корбаре бо номи Қурбон зери ин видео дар Инстаграм навиштааст: "Мардуми ҳозираро ба ном мусулмонӣ мондааст, агар мурда истода бошӣ, нигоҳат намекунанд. Мебинанду мегузаранд, ҳайфи мо барин мусулмон, ки даъвои мусулмонӣ мекунем."
Корбари дигаре, бо номи Халиф табибони тоҷикро сахт танқид карда ва ба ришвахорӣ ва бепарвоӣ нисбат ба беморон муттаҳам кардааст. Ӯ дар саҳифаи мо дар Инстаграм гуфтааст:
"Табибони Тоҷикистон ҳамааш бизнесмен шудаанд, ҳамаро харидаанд, дигар парвои бемор надоранд."
Корбари дигаре чунин танқидҳоро дар бораи табибони тоҷик беасос номида ва аз дигарон хостааст, табибонро беасос сарзаниш накунанд. Ӯ дар Инстаграм чунин менависад, "бародарҷон, табибонро ҳар гап нагӯед. Азобе, ки табибон доранд, саг надорад. Ҳатто либосашонро худашон мехаранд."
"Руслан", корбари дигаре ҳам гуфтааст, ин саҳна нишон медиҳад, ки ҷони инсон дар Тоҷикистон беаҳамият аст. Вай гуфтааст: "Бори дигар бовар ҳосил кардам, ки дар кишвари мо зиндагии инсон қадре надорад. Баробари як саг қадр надорем."
Корбаре, ки худро "Медик" муаррифӣ кардааст, гуфтааст, аз назари баъзе аз онҳое, ки ба баҳс ворид шудаанд, ҳайратзада аст. Ӯ дар саҳифаи мо дар Инстаграм навишт: "Ба Худо, Шумо чӣ гуна мардум ҳастед, ҳамин бемористонҳо ҷой надоранд, табибон 14-рӯзӣ навбатдоранд, ҷойи хоб надоранд, шикамашон гурусна аст. Он қадар беморе доранд, ки беҳисоб."
Як корбари дигар тавсия додааст, ки ба ҷойи танқиду наворбардорӣ, беҳтар аст, ба якдигар кумак расонанд. Ин корбар навиштааст: "Шумо як рӯз ба ҷойи табибон бедорхобӣ кашед, чанд моҳ аз зану фарзанду оила дур шавед, чӣ будани корро мефаҳмед. Ҳоло вақти он нест, ки камбудиву хатоҳои якдигарро бигӯем, балки вақти дастгирӣ ва дилбардории якдигар аст."
Он гуна ки медонед, ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор нафар гирифтори бемории СОVID-19 шудаанд, ҳарчанд бисёриҳо ба ин омор шубҳа доранд ва мегӯянд, теъдоди беморон бештар аз он аст, ки мақомот мегӯянд.
Видеои дигареро, ки дар барнома мебинед, як муҳоҷири тоҷик аз Маскав фиристод ва аз он хурсанд аст, ки баъд аз се моҳи бекорӣ ва карантин дар хона ба кор баргаштааст. Идомаи барномаро дар ихтиёри ин муҳоҷир мегузорем.
Охири моҳи май боди сахте вазид ва ба баъзе аз хонаҳои мардум ва киштзорҳои он осеб расонд. Як видеоро аз Бохтар фиристоданд ва нақл карданд, ки дар онҷо чӣ шуд.
Видеои дигарро аз ноҳияи Масчоҳ гирифтем, аз ҷамоати Оббурдон, ки як минтақаи кишоварзист. Бод ҳам дар инҷо бедодгарӣ кард ва оқибатҳои онро яке аз сокинони ҷамоат ба Радиои Озодӣ нақл кард.
Яке аз корбарони вебсайти Радиои Озодӣ баъд аз дидани деҳаи Арҷинаки боло дар ноҳияи Ҳисор хостааст, ки онро ба мову Шумо ҳам нишон бидиҳад. Деҳаи Арҷинак яке аз деҳаҳои кӯҳистонӣ аст, ки баҳору тобистон сокинони ноҳия ва Душанбе ба тамошои он мераванд.
Бо умеди онки зиндагии Шумо зебо бошад, барномаи имрӯзро ба поён мебарем. Фиристодани видеову аксу хабарҳои худро фаромӯш накунед. Вотсап, Вайбер ва Телеграму ИМО дорем. То дидор дар барномаи дигар!