Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туфалангов аз чӣ фавтид? Табибон хонаводаи ӯро зери назорат гирифтанд


Шерхон Туфалангов
Шерхон Туфалангов

Шерхон Туфалангов, табиби 48-солаи бемористони шаҳри Бохтар, ки рӯзи шанбеи гузашта кормандони Ёрии таъҷилӣ ӯро бо либосҳои муҳофизатии тиббӣ ба шифохона бурда буданд, фавтидааст.

Пизишкон сабаби марги Туфаланговро бемории қалб номиданд, вале бо либосҳои муҳофизатии тиббӣ интиқол ёфтанаш ба бемористон шубҳаҳоро дар мавриди сабаби марги ӯ дар миёни ҳамсояҳо ба вуҷуд овард.

Фарангиси Шерхон, духтари Шерхон Туфалангов, рӯзи 22-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, падараш аз бемории қалб ранҷ мекашид ва бо ҳамин сабаб рӯзи 18-уми апрел аз дунё гузашт.

"Падарам аз рӯи ихтисос неонатология (духтуре, ки сиҳатии тифлони навзодро назорат мекунад) буданд. Бемории дил доштанд ва вақтҳои охир фишорашон паст намешуд", -- иброз дошт ӯ.

Сардухтури бемористони вилоятӣ дар Хатлон Алихон Ҷонов мегӯяд, Шерхон Туфалангов ҳамсабақи ӯ буд ва кайҳо боз аз бемории қалб ранҷ мекашид. Ҷонов афзуд, Туфалангов чанд рӯз дар хона бемор будааст, аммо аз бистарӣ шудан дар шифохона худдорӣ меварзид.

"Вақте мегӯяд, дарди дилаш сахт шудааст, ӯро бо Ёрии таъҷилӣ оварданд. Аз хонааш то беморхона тақрибан як километр роҳ аст. Ҳангоме аз мошини Ёрии таъҷилӣ фаровардан дилаш аз кор мемонад. Ташхис нишон дод, ки бемории “миокардид” доштааст. Яъне хун дуруст гардиш намехӯрад, оксигени зарурӣ ба майна намеравад ва одам зуд-зуд нафас мекашад. Шушашро дидам, тамоман касал нест. Ӯ ягон бемории сироятӣ надошт", -- таъкид кард Ҷонов.

Пизишкон мегӯянд, ҳарчанд ӯ короновирус надошт, барои эҳтиёт саломатии аъзои оилаашро зери назорат гирифтаанд.

Сардухтури бемористони вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов дар Хатлон ҳамчунин гуфт, вокуниши мардум ба духтуроне, ки ин шабу рӯз либоси муҳофизатии тиббӣ пӯшидаанд, солим нест ва “бисёриҳо аз он эҳсоси тарс мекунанд, ки нодуруст аст”.

“Дар шабакаи иҷтимоии Facebook мехонам, ки менависанд “чаро кормандони Ёрии таъҷилӣ либосҳои муҳофизатӣ доранд?” Воҳима чӣ даркор, мардумро натарсонед. Мардум моро бояд дуруст фаҳманд. Ин либосҳо танҳо ба хотири эҳтиёт аст. Мо духтурон то сабаби таб кардани як нафарро дақиқ накунем, хотирамон ҷамъ намешавад. Ҳоло аз бемороне, ки шубҳаоваранд, маводи биологиро гирифта, дар қуттии махсуси яхдондор ҷойгир мекунем ва барои ташхиси коронавирус ҳар рӯз ба Душанбе мефиристем. То ба ҳол ягон ҳолати гирифторӣ тасдиқ нашудааст”, -- иброз дошт ӯ.

Алихон Ҷонов айни замон иддао дар бораи норасоии дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъиро дар вилояти Хатлон рад кард ва гуфт, дар бемористони марказии вилоят 12 дастгоҳ ҳаст ва дар сурати сироят ёфтани шахсе ба короновирус омодаанд ӯро ба табобат фаро гиранд:

"Мо дар беморхона 15-20 балони оксигени пур ва ҳамин миқдори дигар захира дорем. Ба корхонае, ки балонҳоро бо оксиген пур мекунад, гуфтем, ки дар ҳолати омодабош бошанд. Худо мегӯем, ин беморӣ то мо наояд, аммо беморхона ҳар лаҳза омода аст".

То 15-уми апрел дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беш аз 670 нафарро зери карантин қарор додаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз аввали феврал то ин дам беш аз 8 ҳазору 200 касро, ки аз хориҷ баргаштаанд, ба карантин гирифтанд, аммо ягон мавриди гирифтории сокинон ба коронавирус ошкор нашудааст. Ҳарчанд марги пайиҳами чанд нафар дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Шаҳристон ва шаҳри Бохтар бо сабаби пневмония нигарониҳоро ба бор овардааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG