Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Шаби ялдо”, ҷашне, ки ҳамеша душман дошт, фаро расид. ВИДЕО


Дар Шаби ялдо сокинон анору тарбуз мебуранд.
Дар Шаби ялдо сокинон анору тарбуз мебуранд.

Нуҷумшиносони тоҷик мегӯянд, “Шаби ялдо” соати нӯҳи шаби 21-уми декабр ба вақти Тоҷикистон фаро расид. Шаби 21-ум ба 22-уми декабр дарозтарин шаби сол аст, ки онро дар гузашта тоҷикон ҳамчун “Шаби ялдо” ё “Шаби чилла” ҷашн мегирифтанд.

Соҳибназарон мегӯянд, ки дар замони шӯравӣ ва пеш аз он мақомоти вақт бо ҳар далел мехостанд, мардумро аз таҷлили ин рӯз дур созанд. Ин ҷашн дар миёни мардуми Тоҷикистон камранг шудааст ва дар бархе минтақаҳо онро ба шаклу номҳои дигар таҷлил мекунанд.

Афсона Акобиршоева, хабарнигори тоҷик бори нахуст аз “Шаби ялдо” дар хонаи бобоӣ, дар яке аз рустоҳои дурдасти кӯҳистонӣ, таҷлил карда, ҳамакнун ин шавқи худро дар Душанбе ҳам канор нагузоштааст. Ӯ мӯътақид аст, ки “Шаби ялдо” дар канори Наврӯзу Меҳргон мероси фарҳангии аҷдодони тоҷик аст ва ҳар фарди огаҳ аз суннатҳои қадимӣ онро пос дошта ва аз он таҷлил мекунад.

“Имшаб бо гурӯҳе аз дӯстон, ки бархе афғонистониву дигаре эронӣ ҳастанд, тасмим гирифтем якҷо фарорасии “Шаби ялдо”-ро ҷашн бигирем. Албатта, дар Эрон ин маросим бошукӯҳ таҷлил мешавад, вале мо низ рӯйи дастархон анору тарбуз гузошта, суҳбатҳои тӯлоние анҷом медиҳем. Ҳамчунин, аз рӯйи Ҳофиз фол мебинем, ки низ расми “Шаби ялдо” аст”,--гуфт ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

“Шаби ялдо”, ҷашне, ки ҳамеша душман дошт, фаро расид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Гулчеҳра Қоҳирова, мудири Пажӯҳишгоҳи нуҷумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шарҳи ин мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамасола сокинони замин шоҳиди чаҳор ҳодисаи маъмулии кайҳонӣ мешаванд, ки яке аз онҳо “Шаби ялдо” ё дарозтарин шаби сол мебошад. Ӯ гуфт, бо дарназардошти ин нуқта, ки имсол моҳи феврал аз 28 рӯз иборат буд, “Шаби ялдо” 21-уми декабр, соати нӯҳи шаб фаро мерасад. Аммо, мушоҳидаи он аз қаламрави Тоҷикистон ғайриимкон аст, зеро ин амр як сония давом карда, дар қисмати ҷанубии курраи замин қобили мушоҳида мешавад.

“Сокинон набояд гирифтори ақидаҳои хурофотӣ шуда, интизор бошанд, ки дар “Шаби ялдо” имкон дорад, мусибате пеш ояд ё гирифтори кадом як бадбахтие шаванд. Ин як амри кайҳонӣ аст ва ҳазорсолаҳо он такрор мешавад ва ҳеҷ мояи нигаронӣ надорад”,--гуфт ӯ.

Ба эътиқоди соҳибназарон, дар манотиқи рустоӣ чунин боваре ҳаст, ки дар “Шаби ялдо” агар пораи абре болои моҳро бипӯшад, ин нишонаи мусибат аст ва мардум бо нағоразанӣ талош мекунанд абрро аз болои моҳ дур кунанд. Ба эътиқоди Аҳмадшоҳи Комилзода, таҳлилгари тоҷик чунин тасавурро душманони баргузории ҷашни Наврӯз ва “Шаби ялдо” амдан паҳн мекунанд.

“Ҳарчанд душманони ин ҷашнҳо чӣ дар замони истилои арабҳо ва сипас шӯравиҳо иқдомҳое анҷом надодаанд, Наврӯз ва “Шаби ялдо” ҳифз шуданд. Дар бархе минтақаҳо ҳатто маҷбур шуданд, номи Наврӯзро ба ҷашни Сари сол ва Шаби ялдоро ба Чилла иваз кунанд. Аммо, мардум ба ин ҷашнҳо содиқ монданд ва талош мекунанд дар “Шаби ялдо” дороиҳои ночизи худ ба мисли тарбузу мевагиро рӯйи дастархон гузошта, то субҳ дар мавзуҳои мухталиф сӯҳбатҳо кунанд”,--гуфт ӯ.

Зимнан, мақомоти феълии Тоҷикистон ҷонибдори эҳё ва таҷлили маросимҳои қадимии гузаштагон аст. Агар, Наврӯз аз қабл бошукуҳ ҷашн гирифта шавад, дар чанд соли ахир мақомот ба таҷлил аз ҷашнҳои Меҳргону Сада низ таваҷҷуҳ коиланд. Аммо, дар мавриди ҷашни “Шаби ялдо” то ҳол иқдоми расмие сурат нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG