Дар охири моҳи апрел хабарнигори бахши русии Радиои Озодӣ Любов Чижова бистарӣ шуд. Табларза ва дигар нишонаҳои COVID-19-ро дошт. Ба воҳима афтод ва хатари маргро эҳсос кард, аммо мубориза бурд ва шифо ёфт. Ӯ хотираҳояшро ин ҷо ҳикоят мекунад:
Валвалаи COVID-19 сар шуду ман ба дӯстону ҳамкоронам пайваста мегуфтам, ки накунад, бемор шавам, чунки вазъи муассисаҳои тиббии Нахабино, 15-километрии Маскавро хуб медонам.
Дар минтақаи мо беморхонаҳои намунавии шабеҳи "Коммунарка" нестанд, беморон ҳоли хуб надоранд ва барои гузаштан аз санҷиши томографияи компютерӣ (ТК) навбат дароз аст. Дар ин ҷо ягон дастгоҳи ТК вуҷуд надорад ва барои 50 ҳазор аҳолӣ танҳо як дармонгоҳ мавҷуд аст. Ман бемор шудан намехостам ва ба ҳамин хотир корро аз хонаро идома дода, танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ ба рӯям ниқобу ба дастам дастпӯш кашида берун рафта меомадам.
ВИРУС БА ХОНААМ ОМАД. Ҳамсарам маҷбур буд корашро идома диҳад, чунки корхонаи онҳоро дар давраи пандемия набастанд ва зоҳиран, ман вирусро аз шавҳарам гирифтам. Хушбахтона, на шавҳар ва на духтарам бемор нашуданд, ба ҳар ҳол ҳеҷ нишона надоранд. Рӯзи 20 апрел ҳоли ман бад шуд. Табам боло рафт ва як сурфаи бисёр нофорами хушк пайдо шуд. Духтури поликлиникаро хабар кардам ва ба аёдати ман як духтарчаи бисёр ҷавон бе ниқобу дастпӯш омад ва гуфт, ки ҳама табибони таҷрибадори онҳо бемор шудаанд.
Ӯ нафаскашии маро гӯш кард, гуфт, ки ҳама чиз хуб аст, гуфт, ки ман зуком шудам ва нӯшидани азитромитсинро машварат дод. Ман одат дорам, ки ба ҳарфи табибон, ҷавон ҳам бошанд, гӯш кунам, аз ин рӯ, ба нӯшидани дору шурӯъ кардам. Вале ҳоли ман бадтар шудан гирифт. Ҳарорати баданам то рафт боло мерафт, сурфа шадидтар шуд, дилам беҳузур ва баданам аз дард гӯё пора-пора мешуд. Маззаи хӯрокро ҳис намекардам. Чашмонам сурх ва дардманд шуд. Шабона хоб надоштам (нороҳативу бехобӣ ва афсурдагӣ ҳам нишонаҳои ин беморӣ будааст).
ТАҶРИБАИ БЕМОРОНИ ДИГАР маро водор намуд, дар ҷустуҷӯи ТК дар наздикиҳои Нахабино шудам. Ҳар ҷое, ки занг мезадам, бояд се ҳафта баъд навбат мегирифтам. Вале ба ман ногаҳон имконият даст дод ва дар беморхонаи Истра гуфтанд, ки як ҷои холӣ пайдо шуд - касе навбати худро бекор кард. Рӯзи 27 апрел таксиро даъват карда ба ТК рафтам. Як соат зиёд тӯл накашид ва табиб натиҷаҳои озмоиши компютериро ба дастам дода гуфт, ки бояд дар беморхона бистарӣ шавам. Натиҷаи ТК пневмонияи дутарафаи интерстисиалиро ошкор кард, ки эҳтимолияти вуҷуди COVID-19-ро собит мекард. Он замон 10-15% шуш осеб дида буд ва баъдан, вақте ба беморхона рафтам, ТК-и дигар дар ҳарду шуш 25% осебро нишон дод.
Бо машварати духтур ба поликлиникаи худам занг задам. Хеле тарсиданду гуфтанд, ки ҳеҷ кӯмаке аз дасташон намеояд ва ман бояд ба ёрии таъҷилӣ муроҷиат кунам.Таби ман 38,5 дараҷа ва натиҷаи ТК бо тасдиқи қариб пурраи вуҷуди COVID-19 буд, вале мошини "Ёрии таъҷилӣ" наомад. Ман дарк мекунам, ки шояд нишонаҳое, ки доштам, ҳанӯз ҳам ҳолати маро сангин нишон намедод, вале табибон бояд ба ман рӯйрост инро мегуфтанд. Вале инро нагуфта, ёрии тиббиро ҳам намефиристоданд. Як дафъа занг зада гуфтанд, ки омода шавам, либосҳои заруриамро бигирам ва "Ёрии таъҷилӣ" омада, маро ба беморхонаи Кашир мебарад. Ин дар 115-километрии Маскав аст. Ман ба ин ҳам розӣ будам, вале наомаданд. Ман ҳаминро дарк мекардам, ки имкони муолиҷа дар хона натиҷа намедиҳад.
БАЪД АЗ 20 СОАТИ ИНТИЗОРӢ паёмак омад, ки фармоиши ман бекор шуд. Чандин бор ба "Ёрии таъҷилӣ", хадамоти наҷот занг зада суол медодам, ки чаро фармоиши ман барои бистарӣ кардан дар беморхона бекор шуд. Касе посухи рушан дода наметавонист. Танҳо як писари ҷавон телефонӣ гуфт: “Ман намедонам, ки шумо чӣ бояд кунед. Ҳеҷ каси дигар ҳам намедонад”.
Ман тамоми ин муддат бо дӯстонам телефониву тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар тамос будам, ба ман духтурони беҳтарин машваратҳо медоданд. Ҳама мегуфт, ки ҳарорати баданро зери 38 дараҷа нигоҳ доштан лозим аст, вале ин натиҷа намедод ва баръакс, то 40 дараҷа боло рафт.Фаромӯш кардам, ки 28 апрел духтари ҷавоне аз поликлиника наздам омад. Дар тан либоси ҳифозатӣ дошт. Нӯшидани амоксиклавро машварат доду санади корношоямиро имзо кард. Антибиотикҳо ёрӣ намедод ва ҳолам беҳтар намешуд. Самимона бигӯям, бисёр тарсидам ва ғазаболуд шудам. Баъзеҳо машварат медоданд, ки оромтар шавам ва табобатро дар хона идома бидиҳам. Вале ман мурдан намехостам, намехостам, ки омори марги аз 40-солаҳо болоро бо сабаби коронавирус аз ҳисоби ман як адад зиёд кунанд.
Дар натиҷа, ман бо сад азоб ба беморхона интиқол ёфтам. Шарҳи зиёд намедиҳам, ки чигуна ба бемористон роҳ ёфтам, фақат ҳаминро медонам, ки одат дорам ба мақсадам бирасам. Агар дӯстону шиносҳои хуб намедоштам, аз дастам чизе намеомад. Рӯзи 28 апрел маро ба шӯъбаи амрози сироятии беморхонаи вилоятии Одинсово қабул карданд. Духтури ман Александр Анатолевич Литвинов як мутахассиси кори худ, инсони донишманд ва қотеъ буд, вале хеле хаставу ғамгин. Ӯ ваъда дод, ки маро сиҳҳат мекунад.
МУОЛИҶАИ МАН ДАР БЕМОРХОНА даҳ рӯз давом кард. Тамоми ин муддат қатрачаконӣ мекарданд, антибиотикҳои зидди малярия менӯшидам, доруҳои дигар медоданд. Таби баланд боз панҷ рӯзи дигар идома ёфт, ба илова дарди сари шадид, дарди шикам, сурфаи афзоянда, бехобӣ доштам. Рӯзи 30 апрел тести коронавирус манфӣ баромад. Тести дуюмро рӯзи 6 май гирифтанд ва натиҷаҳои он то ҳол номаълум нест.
Вале духтур гуфт, ки натиҷаҳои тест барои вай муҳим нест ва бар асоси ТК ва ҳолати бемориам вуҷуди COVID-19-ро тасдиқ мекунад. Дар беморхона вазъ бад набуд. Он ҷоро ҳамеша тоза мекарданд ва хӯроки хуб доштанд. Ҳамшираҳои хаставу бемадор боз вақт ёфта, беморонро дилбардорӣ мекарданд.
Рӯзи шашуми беморӣ ҳоли ман каме сабуктар шуд. Санҷиши иловагӣ гузаронида гуфтанд, ки базудӣ ҷавоб медиҳанд. Рӯзи 8 май ба хона баргаштам. Диагнози ман – COVID-19 то ҳол тасдиқ нашудааст. Паёмади беморӣ – пневмонияи дутарафаи дараҷаи миёна. Духтур гуфт, ки ман ҳамоно бемор ҳастам, вале дигар касеро олуда намекунам.
Ман воқеан ҳам каме сабуктар шудам, сурфа дорам, вале асосан шабона азият мекунад. Аввалин бор дар 20 рӯзи ахир ҳарорати баданам аз 37 дараҷа поин омад.
ШАВҲАРУ ДУХТАРАМ ҳамчун касони тамосдошта бо шахси бемор дар қайди дармонгох ҳастанд. Онҳо ҳам тест супурданд, вале натиҷааш маълум нест. Мо боз ду ҳафтаи дигар бояд дар хона бимонем. Ба ман ба мӯҳлати як моҳ даври муолиҷа таъин карданд: дар миёни доруҳо антибиотик, доруҳои шикаму ҷигар, хулоса хеле зиёд. Баъди анҷоми муолиҷа як ТК-и дигар зарур аст ва баъдан бояд духтури пулманологро пайдо кунам, ӯ дар барқарор кардани шуш баъди пневмония мусоидат мекунад.
Хулосаи ин ҳама саргузаштҳо чист? Ҳар кас худаш дар талоши наҷоти ҷони худ аст. Ҳамеша чунин буд. Хулосаи дигар ин ки низоми беҳдошти Русия ҳанӯз фалаҷ нашудааст. Бо вуҷуди харобкориҳои мақомдорон, духтурони кордон зиёданд ва бо маоши каму таҳти фишори зиёд кори худро иҷро медиҳанд. Ҳамшираҳо ҳам дар хастагиву беҳолӣ хандидану шӯхӣ карданро фаромӯш накардаанд.
То кай нирӯяшон мерасад, ростӣ, намедонам.