Бо гузашти панҷ рӯз аз эълони аввалин мавридҳои сирояти коронавируси нав дар Тоҷикистон нархи баъзе аз доруҳо ба таври чашмгир боло рафтааст. Арзиши бархе чунин доруҳо, ки сокинон онро маъмулан ҳангоми муолиҷаи зуком истифода мекарданд, аз 18 сомонии қаблӣ то ба 250 ва аз 60 сомонии пешина то 400 сомонӣ афзудааст.
Аз сӯи дигар сокинон шикоят доранд, ки дигар наметавонанд доруҳои зиддивирусиро аз дорухонаҳо пайдо кунанд, ҳамаро харидаанд. Пизишкон мегӯянд, ҳанӯз ҳеч дору бар зидди бемории ҳамагири COVID-19 вуҷуд надорад ва коре, ки мардум мекунанд, таҳлукаи беҷост.
Мақомот мегӯянд, ба ширкатҳои воридкунандаи дору огаҳӣ додаанд, ки дар ҳолати идомаи чунин “бесарусмонӣ” гунаҳкоронро ҷазо хоҳанд дод. Дар Тоҷикистон то 4-уми май 230 гирифтор ба бемории мазкур сабт шудааст ва мақомот мегӯянд, се нафар фавтидаанд.
Ситора, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, баъди чаҳор рӯзи ҷустуҷӯ тавонист, танҳо як навъи доруи зиддивирусиро аз дорухонае пайдо кунад, ки қабл аз пайдо шудани COVID-19 барои муолиҷаи бемориҳои сироятӣ истеъмол мекард. Ӯ мегӯяд, аз сабаби ин ки шавҳараш нотоб буд ва таби баланд дошт, ба камияш ба даҳ дорухона рафт, вале ба ӯ гуфтанд, ягон навъи доруи зиддивирусӣ надоранд.
Ситора рӯзи 4-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт: "Тасаввур кунед, қариб тамоми дорухонаҳоро гаштам, билохира бо нархи 40 дарсад гаронтар аз арзиши пештара доруи лозимиро пайдо кардам. Вақте мепурсидам, ки чаро доруҳои зиддивирусӣ ва баъзе антибиотикҳо нест, мегуфтанд, як ҳафта пештар ин доруҳо тамом шуданд. Дар як дорухона дастпӯшаки яккаратаро дар пеши чашми ман ба 10 сомонӣ хариданд, ки пештар 3 сомонӣ нарх дошт".
Мисли Ситора даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз камбуди доруҳои зиддивирусӣ ва ба таври чашмрас боло рафтани нархи онҳо изҳори нигаронӣ карданд. Гурӯҳе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук навиштанд, ки сокинон доруҳоро бе зарурат нахаранд, то одамони ниёзманд дастрас карда тавонанд.
Доруфурӯшон мегӯянд, айби онҳо нест
На ҳама фурӯшандаҳои дору ин вазъро шарҳ додан мехоҳанд. Масъули як дорухона дар Душанбе бе зикри номаш гуфт: "Инҷо айби доруфурӯшон нест. Шояд сокинон аз он тарсиданд, ки дар ҳолати эълони сирояти вирус дар Тоҷикистон дари тамоми дорухонаву мағозаҳо баста мешавад ва онҳо пешакӣ ҳамаро хариданд. Аз тарафи дигар вақте мол камёфт шуд, маълум аст, арзиши он гарон мешавад".
Мақомот гуфтанд, аз ин “бесарусомонӣ” дар дорухонаҳо огаҳ ҳастанд ва ҳоло ду гуруҳи корӣ дар ин самт фаъолиятро оғоз кардааст. Дилшод Музаффарзода, муовини раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, рӯзи 5-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ниҳод ба тамоми ширкатҳои воридкунандаи дору дар кишвар огоҳӣ додааст, ки дар сурати боло бурдани нарх ҷазо хоҳанд гирифт.
"Гурӯҳи якум бо моликони ширкатҳо кор карда истодаанд, ки маҳсулоти худро вақте ба дорухонаҳо месупоранд, бояд назорат кунанд, то бо нархи гарон фурӯхта нашавад. Гуруҳи дуюм бевосита худи дорухонаҳоро назорат мекунад, ки нархҳо то куҷо мувофиқ аст ва чаро бидуни дорухат фурӯхта мешавад", - шарҳ дод ӯ.
Ин ниҳоди давлатӣ маъмулан танҳо пас аз 20 дарсад гарон шудани нархи молу маҳсулот дар як моҳ, ҳаққи дахолат ба онро дорад. Аммо як мушоҳидаи хабарнигори Радиои Озодӣ дар чанд дорухонаҳои кишвар нишон дод, ки нархи маводи тиббӣ, аз ҷумла доруҳои зиддивирусӣ, антибиотикҳо маҳлулҳои антисептикӣ ва ҳатто ниқобу дастпӯшакҳо то ду баробар боло рафтааст. Бар асоси омори расмӣ, феълан дар кишвар ҳудуди 2500 дорухона фаъол аст, ки 500-тои он дар шаҳри Душанбе воқеъ мебошанд.
Ҳушдори пизишкон: "Ин корро накунед"
Пизишкон мегӯянд, хариду истифодаи ҳамагуна дору бе тавсияи табибон кори беҳуда аст ва наметавонад, пеши роҳи сирояти вирусро бигирад. Нозим Шодиев, мудири бахши гӯшу гулӯ ва бинӣ дар бемористони Ибни Сино гуфт, истеъмоли ҳамагуна доруҳо бе тавсияи табибон нодуруст ва зараровар аст. Ӯ рузи 5-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, натанҳо истифодаи ноҷо ва бе тавсияи доруҳои зиддивирусӣ, балки антибиотикҳо низ метавонад, боиси паст шудани масунияти бадан гардад.
Ӯ афзуд: “Ҳоло ҳар доруе, ки барои вирусҳо ҳаст, танҳо барои он вирусҳое ҳастанд, ки омӯхта шудаанд. Ҳоло вируси COVID-19 пурра омӯхта нашудааст. Барои ҳамин доруҳои зиддивирусие, ки фурӯхта мешаванд, кумак карда наметавонанд. Аз сӯи дигар барои хориши гулӯ ё ноҳинҷорӣ дар гулӯ набояд ягон доруро истифода кард. Ба истиснои нӯшоба ва оби ҷӯшида, чунки ҳоло вирус ба организм ворид нашудааст. Дар ин ҳолат вақте дору истеъмол мекунед, он метавонад баръакс микробҳои фоидаовари организмро бикушад, ки боис ба паст шудани масунияти бадани инсон мешавад”.
Ноогоҳӣ сабаби таҳлука ва худмуолиҷа
Яке аз сабабҳои аз пеши худ истеъмол кардани ҳар гуна доруро пизишки тоҷик аз ноогоҳӣ дар бораи ин вирус медонад, ки сокинон дар ин ҳолат ба таҳлука меафтанд ва ба худашон ба муолиҷа мепардозанд. Нозим Шодиев мегӯяд, то нишонаҳои возеҳи беморӣ зоҳир нашуд, набояд дору бигиранд, ба шарте ки табиб тавсия дода бошад: "Одамоне ҳастанд, ки сулфаи зиёд доранд, ҳарорати баданашон аз 38 дараҷа зиёд мешавад ё ин ки нафастангӣ пайдо шуда барои мисол дар як дақиқа аз 25 маротиба зиёд аст, дар ин ҳолат мешавад бо тавсияи табибон дору истеъмол кард”.
Бахтиёр Охунов, пизишки тоҷики муқими Русия, ки дар Донишгоҳи тиббии вилояти Ростов ҳам дарс мегӯяд, аз сокинони Тоҷикистон хост, бесабаб доруҳои зиддивирусӣ нахаранд ва бештар бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсӣ худро аз ҳама гуна бемориҳо муҳофизат кунанд.
Охунов ба Радиои Озодӣ навишт, сокинон мехоҳанд, бо COVID-19 ҳамчун бемории зуком мубориза баранд, ки хато аст: "Одамон намедонанд, ки бидуни тавсия истеъмоли дору метавонад ба дил, ҷигар ва дигар узвҳо таъсири манфӣ гузорад. Ҳатто ба гурда, ки доруҳо тавассути он аз бадани инсон хориҷ мешавад. Доруҳои зиддивирусие, ки ҳоло дар Тоҷикистон бархеҳо дар дорухонаҳо барои он навбат меистанд, ҳатто метавонад, кушанда бошад, чун организми на ҳар инсон ба он тоб меорад”.
Табиби тоҷик ба сокинон машварат дод, ки бештар мева ва сабзавот истеъмол кунанд ва ҳарчӣ бештар ҳавои тозаро нафас кашанд. Ӯ ба онҳое ки аз норасоии витаминҳо азият мекашанд, тавсия дод, витамини С ва ё ҳамон (аскарбиновая кислота) бигиранд, ки баданро ба бемориҳои роҳҳои нафас муқовим мекунад.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 4-уми май эълон кард, ки теъдоди гирифторони бемории COVID-19 ба 230 нафар расид. 3 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Дар пойтахти Тоҷикистон вирус ба 110 нафар сироят кардааст ва дар вилояти Суғд 70 нафар гирифтор будаанд. Беморӣ ба Вилояти Бадахшон ҳам расидааст ва дар онҷо 7 нафар гирифтори COVID-19 шудаанд. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 22 ва дар Хатлон, сераҳолитарин вилояти Тоҷикистон, 21 мавриди сирояти бемориро сабт кардаанд.