Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳотам ПВ"-ро аз ширкат дар олимпиадаҳо маҳрум мекунанд?


Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон.
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон як хонандаи литсейи "Ҳотам ПВ"-ро, ки рӯзи 13-уми май дар маросими тақдими ҷоизаҳои Олимпиада аз фанни математика ҳозир нашуд, аз ширкат дар Олимпидаҳои минбаъда маҳрум мекунад. Ин тасмими вазорат баъди он гирифта шуд, ки як хонандаи ин литсей дар олимпиадаи фанни математика сазовори ҷои дуввум ва медали нуқра шуда, аммо дар маросими тақдими ҷоизаҳо ширкат накардааст.

Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни математика рӯзи 13-уми май бо ҳузури Нуриддин Саид, вазири маорифи Тоҷикистон дар Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст ва ҷоизаҳо ба баррандагони ин озмун тақдим шудааст.

Литсейи хусусии "Ҳотам ПВ" аз соли 2003-ум дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунад ва даҳҳо шогирдонаш дар олимпидаҳои байналмилалӣ сазвори ҷойҳои аввал шудаанд.

Чанде аз ҳозирини ин маросим ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз оне ки хонандаи литсейи "Ҳотам ПВ" дар маросими ҷоизасупорӣ ширкат надошт, мақомоти вазорат нороҳат шуда, масъалаи то 5 сол маҳрум сохтани ин литсей аз ҳаққи ширкат дар олимпиадаҳоро матраҳ карданд. Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳоло мавзӯи маҳрум кардани литсей аз ҳаққи иштирок дар олимпиадаҳо матраҳ нест, аммо вазорат омодааст нисбати хонандагоне, ки нописандӣ мекунанд, чора андешад.

Нуриддин Саид, вазири илму маорифи Тоҷикистон рӯзи 14-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шогирдони литсейи "Ҳотам ПВ", доим даъвои медали тиллоро доранд ва ҳангоме, ки мақоми поинтарро ишғол мекунанд, аз гирифтани медал худдорӣ варзида, дар маросими ҷоизасупорӣ ширкат намекунанд.

Нуриддин Саид, ки худ дар маросими ҷоизасупорӣ ширкат дошт гуфт: "Вақте шогирдони ин мактаб дар олимпиада иштирок мекунанд, хонандагони аз дигар мактабҳо меомада ва Вазорати маорифро эҳтиром кунанд. Хонанда пас аз ҷамъбасти озмун ҷойи сеюмро мегирад ва ё, барои иштироки фаъол бо ифтихорномаи Вазорати маориф қадр карда мешавад, то ба охири чорабинӣ биистад ва онро қабул кунад. Ин эҳтиром ба вазорат, эҳтиром ба олимпиада аст. Нагирифта писанд накарда рафтан, магар ин беэътиноӣ ба Маркази рушди истеъдодҳо нест? Вазорат, Маркази миллии тестӣ, Маркази рушди истеъдодҳо меҳнати ӯро қадр карда, мувофиқи холи гирифтааш ҷой муқаррар карданд. Чаро вай носипосӣ мекунад?"

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон.
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон.

Нуриддин Саид афзуд, вазорат маъмурияти литсейи "Ҳотам ПВ"-ро дар нисбати беэҳтиромӣ ва нописандии шогирдонаш огоҳ карда буд ва омодааст дар нисбати ин рафтори шогирдонаш чора биандешад. "Мо иштироки хонандае, ки дар олимпиада ширкат карда, медалашро намегирад, аз ширкат дар озмунҳои минбаъда манъ мекунем",- таъкид кард вазири маориф.

Нуриддин Саид афзуд, дар таҷрибаи варзиши байналмилалӣ низ агар варзишгар ҷои дуввуму сеюмро соҳиб шавад, аммо рақибонашро эҳтиром накарда, толорро тарк кунад ва дар марсоими ҷоизасупорӣ ширкат накунанд, ӯро аз сабқатҳои минбаъда маҳрум мекунанд.

Вазир: "Ҳотам ПВ ба тарбия кам аҳамият медиҳад"

"Шогирдони ин литсей ба ҳамсолони дигарашон, ки аз шаҳру ноҳияҳои дигар меоянд, нисбати ӯ донишмандтаранд, бояд эҳтиром гузоранд. Шарт ин аст!",-афзуд вазири маориф ва илми Тоҷикистон.

Нуриддин Саид гуфт, вазорат аз сатҳи дониши хонандагони литсейи "Ҳотам ПВ" ризо аст, аммо аз масъулонаш мехоҳанд ба тарбияву ахлоқи хонандагон аҳамият диҳанд: "Аммо аз он ҷиҳат аз ин литсей домангир ҳастем, ки ба тарбия кам диққат медиҳад. Ба тарбияю ахлоқи хонандагон бояд диққат диҳад. Таълиму тарибия ба ҳамдигар тавъам ҳастанд"-, гуфт вазир.

"Ҳотам ПВ": "Пойи шогирдамон лат хӯрда буд!"

Дар ҳамин ҳол, масъулони литсейи "Ҳотам ПВ" мегӯянд, хонандаи литсей на қасдан, балки бо амри чанд тасодуф натавонист дар маросими ҷоизасупорӣ ширкат кунанд. Юсуф Ҳотамов, роҳбари литсейи "Ҳотам ПВ" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар олимпиадаи фанни математика се нафар аз шогирдони литсей соҳиби ҷойҳои аввал ва дуввум шуданд.

Ӯ гуфт: "Як нафар аз шогирдони мо пас аз хориҷ шудан аз олимпиада дар назди манзили зисташон афтода, пояш каме лат мехӯрад. Бо ин вуҷуд тараддуди рафтан ба масроими ҷоизасупорӣ мекунад, аммо ҳамон замон шиносномаашро пайдо намекунад. Бо ин вуҷуд, масъулони мо кумитаи тадорукотро огоҳ мекунанд, ки ин нафар бо ҳамин сабабҳо дар маросими ҷоизасупорӣ омада наметавонад."

"Шогирдони моро ба олимпиадаҳо даъват намекунанд"

Ҳотамов бо ин вуҷуд, афзуд масъулони Маркази рушди лаёқатҳо дар шаҳри Душанбе хонандагони литсейро барои ширкат дар олимпиадаҳои гурӯҳиву номӣ даъват намекунанд. "Ҳоло се намуди олимпиадҳо ҳаст дар Тоҷикистон, ки ба назари мо чандон дуруст нест. Ин олимпидаҳои анъанавӣ, гурӯҳӣ ва номӣ. Шогирдони мо танҳо адр олимпиадаҳои анъанавӣ ширкат доштанд, дар дигар олимпидаҳо пешбарӣ намекунанд",- гуфт Ҳотамов.

Роҳбари литсейи "Ҳотам ПВ" гуфт, муаллимони Маркази рушди лаёқатҳои пойтахт бештар шогирдони худро ба олимпиада пешбарӣ мекунанд ва хонандагони литсейро аз ҳуқуқи рақобати баробар дар сабқатҳо, маҳрум месозанд.

Барандагони ҷойҳои аввали оимпиадаҳои фаннӣ дар Тоҷикистон ҳаққи тавассути сӯҳбат шомил шудан ба донишгоҳҳоро пайдо мекунанд. Барандагони ҷойҳои дуввуму сеюм низ ҳангоми имтиҳони дохилшавӣ холи иловагӣ мегиранд. Аз ин рӯ, рақобат дар ин сабқатҳо тезутунд сипарӣ шуда, гоҳо бо баҳсу кашмакашҳо ҳамроҳ аст.

Пештозии "Ҳотам ПВ" дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ

Литсейи хусусии "Ҳотам ПВ" аз соли 2003-ум дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунад ва даҳҳо шогирдонаш дар олимпидаҳои байналмилалӣ сазвори ҷойҳои аввал шудаанд. Хатмкунандагони ин литсей дар донишгоҳҳои бонуфзи ҷаҳон таҳсил мекунанд ва як нафар аз шогирдонаш ба ширкати Google ба кор пазируфта шудааст.

Айни ҳол дар ин мактаб 893 хонанда таҳсил мекунад ва қимати таҳсил дар ин мактаб аз 1000 доллар боло аст. Аз ин рӯ, аксар волидони доро ва миёнҳол талош мекунанд фарзандонашон шомили ин мактаб шавад.

XS
SM
MD
LG