Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори қурбониёни COVID-19-ро чӣ гуна ҳисоб мекунанд?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Омори баландтарини гирифторӣ ба коронавируси нав дар ҷаҳон дар Амрикову Русия сабт шудааст. Рӯзи 25-уми май шумори беморони COVID-19 дар Иёлоти Муттаҳида ба беш аз 1 миллиону 600 ҳазор нафар расид ва дар Русия ин рақам ба зиёда аз 340 ҳазор кас баробар аст.

Амрико бо тақрибан сад ҳазор қурбонии коронавируси нав дар ҷойгоҳи аввал аст, Русия бо беш аз 3500 фавтида аз бемории ҳамагир дар ҷойи сездаҳум мебошад.

Омори Русия торафт баҳсбарангез мешавад, чун коршиносон методологияи Маскавро зери шубҳа гузоштаанд. То куҷо дар Амрико шумори фавтидагон аз ҳад зиёд ва дар Русия аз воқеият камтар нишон дода мешавад?

Бисёре аз кишварҳо дар саросари ҷаҳон барои тасдиқи фавти одамон аз коронавируси нав ба дастурамали Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ такя мекунанд: "Марг дар натиҷаи COVID-19 наметавонад ба ягон бемории дигар мансуб шавад (масалан, саратон) ва он бояд … ҷудогона ҳисоб шавад".

Ба ибораи дигар, агар шахсе аз дарди қалб ранҷ мекашаду ба коронавирус олуда шуда, даргузашт, пас, сабаби марги ӯ бояд коронавирус зикр шавад. Айни чунин кор бояд бо диабети қанд ва ё пневмония карда шавад.

Стивен Ван Гач, мутахассиси бемориҳои сироятӣ дар Пажӯҳишгоҳи саломатии Sciensano дар Белгия гуфт: "Ҳангоми омӯзиши пандемия, бояд ҳадди аксар дақиқ ҳисоб кунед ва баъдан метавонед қазияҳоро гурӯҳбандӣ кунед".

Коршиносон мегӯянд, сабабҳои яксон набудани омори марг бар асари коронавирус ба вижагиҳои кори пажӯҳишгоҳҳои тиббии кишварҳо, анъанаҳои маъмул ва гоҳе ба сиёсат бастагӣ дорад.

Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, ки дар Амрико ҷойгир буда, омори боэътибор дар заминаи коронавирусро пешкаш мекунад, мегӯяд, тафовут дар омори марг ба шумори тестҳое вобаста буда метавонад, ки дар миёни аҳолӣ гузаронда мешавад. Ҳар қадар тестҳои санҷишӣ бештар анҷом шавад, ҳамон қадар пеши роҳи марги инсонҳоро гирифтан имкон дорад.

Инчунин, ба мизони марги аҳолӣ таносуби пиронсолтар ва ҷавонтар будани аъзои он ҳам таъсиргузор мешавад. Вазъи низоми беҳдоштии кишварҳо ҳам як омили хеле ҷиддӣ ба шумор меравад. Шумор ва сифати кори шифохонаҳо ва пизишкон ба ҷараёни муолиҷаи гирифторон ва сиҳҳат шудани онҳо таъсиргузор мешавад.

Дар Амрико Маркази назорат ва пешгирӣ аз беморӣ – ниҳоди калидии вокуниш ба бемориҳо – мегӯяд, омори он бар асоси рақамҳое аст, ки аз 50 аёлат ворид мегардад.

Дар миёни камбудҳои оморӣ таъхир дар вақт ҳам нақш бозӣ мекунад, чун омори марг бар асари коронавирус бояд таҳқиқ, ҷадвалбандӣ ва дар омори сохторҳои давлатӣ дарҷ шавад.

"Онро COVID-19 ном баред"

Дар Русия масъала ҷиддитар аст. Дар ин кишвар сабабҳои афзояндаи марги одамони мубтало ба коронавирус ба бемориҳо ва ё ҳолати дигар рабт дода мешавад. Елена Малинникова, мутахассиси беморисҳои сироятӣ дар Русия, рӯзи 4-уми май дар як баҳсе гуфт, ба шарофати санҷишҳои тестиву мушаххаскунии босуръати ҳолатҳои олудагӣ мизони марги инсонҳо зиёд нест. Русияро барои роҳандозии сартосарии барномаи тестӣ, ки то ҳол ба 7,5 миллион расидааст, ситоиш мекунанд.

Вале ахиран нашрияҳои The Moscow Times, The New York Times ва Financial Times омори расмии Русияро зери суол бурданд. Дар таҳқиқоти нашршуда мизони марги одамон дар оғози моҳи апрел мавриди шубҳа қарор дода шуд. Таҳқиқот мегӯяд, ин омор аз ҳадди миёна ҳам поинтар аст, вале Вазорати корҳои хориҷии Русия ба ин арзёбиҳо вакуниши тунд нишон дод.

Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Русия ҳам ин таҳқиқотро беаҳамият хонд. Михаил Тамм, профессори Донишгоҳи Давлатии Маскав ва Мактаби олии иқтисодии Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси иттилои сохторҳои маҳаллӣ ва омор дида мешавад, ки дар шумори фавтидагон дар бархе аз минтақаҳои Русия ихтилоф ё тафовут дида мешавад.

Тамм гуфт, ба иттилои раёсати тандурустии Маскав беш аз 60 дарсади гирифторон ба коронавирус дар омори марбут ба фавти одамон аз ин беморӣ ба ҳисоб гирифта нашуданд. Коронавирус ҳамчун “таҳрикдиҳанда”-и сахттар шудани бемориҳои дигар зикр карда шудааст.

Вале маълум нест, то куҷо ин қарори сиёсӣ махсус барои камтар нишон додани таносуби нобаробарӣ қабул шудааст.

Тамм мегӯяд, "дар омори фавтидагон дар Русия, ки ғайриодӣ аст, чандин омил нақш мебозад. Вале яке аз онҳо, ки мақомоти Маскав ҳам дар борааш ошкоро навиштанд, ба мо имкон медиҳад, ба ин хулоса биёем, ки омори воқеӣ хеле камтар нишон дода мешавад”.

Мизони марг ва ҳисоби он

Кишвари дигаре, ки омори гирифторон ба коронавирус дар онҷо таҳти суол аст, Эрон мебошад. Ин кишвар дар моҳи апрел аз рӯйи мавридҳои гирифторӣ яке аз аввалинҳо буд. Бо ин ки мақомот моҳи гузашта аз тамоюли афзоиш ва ё мизони баландтарини олудашавӣ дар ҳашт вилоят гузориш доданд, боз ҳам аз нашри омори дақиқи вазъ дар минтақаҳо даст кашиданд. Шумори марги сокинон бар асари COVID-19 рӯзи 25-уми май дар ин кишвар ба беш аз 7400 нафар баробар шуд ва ин омори пажӯҳишгоҳи Ҷон Ҳопкинс аст, ки бар асоси омори расмии ҳукумати Эрон таҳия мешавад.

Аз сӯи дигар, кишварҳое ба мисли Белгия ҳастанд, ки дар омори марг дар ҷои ҳафтум дар ҷаҳон мебошад. Дар ин кишвар шумори марг бар асари вируси нав 9186 нафарро ташкил медиҳад, вале аз назари таносуби марг дар нисбат ба аҳолӣ дар баландтарин ҷой аст: аз ҳар 100 ҳазор сокини кишвар тақрибан 80 нафар даргузаштаанд. Дар ИМА ба ҳар 100 ҳазор аҳолӣ тақрибан 28 ва дар Русия наздик ба 2 нафар рост меояд.

Сухангӯи ҳукумати Белгия Ив Ван Лайтем дар аввалҳои моҳи май талош кард, ин эҳсосро, ки дар кишвар мизони осебдидаҳо аз вирус фавқулода бисёр аст, рафъ кунад. Сабаб дар ин аст, ки мақомот ҳодисаҳои “фавқулода зиёди марг” дар марҳилаи вуҷуди коронавирус дар кишварро таҳқиқ мекунанд. Ин омор дар муқосиа бо ҳамин давраи солҳои гузашта мушаххас мешавад ва бо айни ҳамин шева омори Маскав дар моҳи апрел зери суол рафта буд.

Ван Лайтем гуфт, ин метод “аз назари илмӣ” дуруст ва пешрафта мебошад.

Мутахассиси белгиягӣ Ван Гач гуфт, азбаски коронавируси ангезандаи COVID-19 нав ва ношинохта буд, бисёр кишварҳо намедонистанд, ки роҳи беҳтари бархӯрд ба он кадом аст ва мушаххаскунии сабабҳои марг бояд чӣ гуна сурат гирад. Бо ҷамъ шудани иттилову таҳқиқи бештар вазъ тағйир ёфт.

Ван Гач дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “вақте бархе кишварҳо ба хотири обрӯяшон омори воқеиро пинҳон мекунанд, ин як аҳмақӣ аст. Ин ҷо ҳеҷ кас гуноҳ надорад. Ин амри табиӣ аст. Шумо бояд талош бикунед, ки бо он муқовимат кунед”.

Ин донишманд мегӯяд, мавзӯи коронавирус ва омори вобаста ба марги он “ба рақобати обрӯи бархе кишварҳо табдил шудааст”. Ӯ мегӯяд, ин дигар “масъалаи каме сиёсӣ мешавад, чунки мо, донишмандони соҳаи сиҳҳатии оммавӣ, парво надорем, ки як кишвар аз дигараш обрӯи беҳтар дошта бошад”. Ӯ мегӯяд, барои донишмандон омори ҳарчи бештару сареътар зарур аст.

Сиёсати ҳаётан муҳим?

Дар баробари ин, бархе кишварҳое ҳам ҳастанд, ки омори боварнокарданӣ доранд: Туркманистон, ки ҳамсояҳош ду моҳ боз бо коронавирус дастбагиребонанд, ду пойро дар як мӯза андохта мегӯяд, ки дар ин кишвар ҳеч ҳодисаи олудагӣ ба вирус вуҷуд надорад.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мавриди интиқоди шадиди маъмурияти президенти Амрико Доналд Трамп ва дигар ҳукуматҳо қарор гирифт. Интиқоди аслӣ ба табодули иттилои ин созмон бо Чин рабт дошт. Маҳз дар Чин охири соли 2019 аввалин бор навъи нави коронавирус ошкор шуд ва масъалаи бархӯрди ҳукумати худкома ва сиёсӣ шудани ин масъала мавриди интиқоди ҷиддӣ гардид.

Дар бархе аз кишварҳо, ба мисли Тоҷикистон, кори раҳбари намояндагии СҶТ мавриди интиқоди шадид шуд. Галина Перфилеваро дар тасдиқи ҳарфи мақомот дар заминаи гӯё вуҷуд надоштани коронавирус дар Тоҷикистон ва бадтар кардани вазъи паҳншавии вирус интиқод карданд. Мақомот танҳо рӯзи 30-юми апрел эътироф карданд, ки коронавирус ба кишвар роҳ ёфтааст ва то 24-уми май шумори гирифторон ба беш аз 2900 нафар расид. Ба иттилои расмӣ, 46 кас аз ин беморӣ ҷон бохта, беш аз 1000 нафар шифо ёфтаанд.

Вале дар Тоҷикистон ҳам эҳсоси нобоварӣ ба омори расмӣ зиёд аст. Дар як феҳрасти ғайрирасмии қурбониёни бемории COVID-19 ва "илтиҳоби шуш" номи сесад нафар дарҷ шудааст.

Ҷеймс Олдворс, сухангӯи СҶТ дар Женева, ба Радиои Озодӣ гуфт, тафовут дар омор ба усули фарқкунанда ва стратегияи санҷиши тестии ҳар кишвар бастагӣ дорад.

Ӯ гуфт, кишварҳои зиёде дар заминаи сабту дақиқ кардани фавти одамон бо сабаби COVID-19 хеле мушкил доранд. Олдворс ба суолҳо дар заминаи ин ки то куҷо СҶТ дар бархе ҳолатҳо ба ҳукуматҳои худкома барои пинҳон кардани обрӯи манфиашон дар матбуот дар масъалаи вуҷуди коронавирус ҳамчун як навъ чатри сиёсӣ хидмат мекунад, посух надод.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG