Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Писарам, коре кун, ки намирам". Нақли пизишки украин дар бораи беморони COVID-19


Яке аз бемористонҳои Украина
Яке аз бемористонҳои Украина

Дар Украина шумори мубталоёни COVID-19 ба тақрибан 12 ҳазор нафар расидааст. Беш аз якуним ҳазор кас аз ин бемории ҳамагир шифо ёфта, ҳудуди сесад нафар ҷон бохтаанд. Бист дарсади сироятшудагон дар ин кишвар пизишкон ҳастанд. Онҳо ба гурӯҳи осебпазир шомиланд.

Степан Карабенёш, духтури бемористони касалиҳои сироятӣ дар вилояти Закарпатия, ду моҳ инҷониб гирифторони COVID-19-ро ро муолиҷа мекунад. Вай дар наворе ба телевизиони "Настоящее Время", як бахши Радиои Озодӣ, дар бораи як рӯзи корияш нақл кардааст.

Степан сабти наворро аз субҳи барвақт, аз лаҳзаи берун шудани худ аз хона оғоз карда, гуфтааст, соати 7:30 ба кор меравад. Аввал тибқи нақша маҷлиси корӣ мегузарад, баъдан омодагӣ барои муоинаи ҳар як бемор. Дар ҷойи кор ӯ ҳатман ду ниқоб, ниқоби махсус ё респиратор ва аз болои он ниқоби ҷарроҳӣ мепӯшад.

"Ҳоло респиратори махсус барои сохтмончиён дорам, ки истеҳсоли Украина аст. Мушкили мо ҳам ин аст, ки вақти нафаскашӣ, зери айнаки муҳофизатӣ ҳаво ҷамъ мешавад ва дидани берун каме душвор мешавад. Бинобар ин, мо ниқоби оддии ҷарроҳӣ ҳам мепӯшем ва респираторро каме поинтар мекунем. Бо ин роҳ ҳам худро ҳимоя ва ҳам гузаштани ҳаворо осон менамоем", - нақл кард ӯ.

Ба гуфтаи ин пизишк, ҳоло танҳо бо кумаки волонтёрҳо ё ихтиёриён ва афроди хайрхоҳ бо маводи ҳифозатӣ таъминанд.

Ду ҳафта пеш Бемористони минтақавии Закарпатия аз беморони COVID-19 пур буд. Ҳоло аксари беморонро муолиҷа карда, ба хонаҳояшон ҷавоб додаанд. Ба андешаи Степан Карабенёш, пизишки бемористони касалиҳои сироятӣ дар Украина, давраи авҷи бемории COVID-19 дар пеш аст.

"Ин танҳо оғозаш буд. Мо ҳоло ба нуқтаи баландтарин ё авҷи он нарасидаем. Ба фикри ман, ҳафтаҳои оянда чунин ҳолат пеш хоҳад омад", - мегӯяд ӯ.

Дар шӯъбаи бемориҳои сироятии шифохонаи Закарпатия ҳоло 45 нафари мубтало ба коронавирус табобат мегиранд. Яке аз беморон дусола аст. Степан мегӯяд, аз аввали эпидемия дар ин шӯъба аз ин беморӣ 2 нафар фавтид.

"Барои он ки пизишк либоси махсус пӯшида ба утоқ, ба назди беморон наравад, бо бемор аз пӯшти шиша тавассути телефон сӯҳбат мекунад. Зеро ҳар бор иваз кардани либос ва рафтан то пеши бемор сарфи беҳудаи мавод ва вақт аст", - мегӯяд Степан Карабенёш.

Ба гуфтаи ӯ, дар бемористони минтақаи онҳо кормандони тиббӣ намерасанд ва бинобар ин духтурони муолиҷавӣ ҳам маҷбур мешаванд, ки беморонро ташхиси рентгенӣ кунанд. Степан Карабенёш нақл мекунад, ки "боре рентген мекардам. Зани калонсоле, ки 80 сол дошт, дастамро гирифта, гиряву фарёд кард. Мегуфт, писарам коре кун, ки ман намирам. Он лаҳза модарам ба ёдам омад. Вақте баъди кор ба хона омадам, табъан дар ҳолати шадиди равонӣ қарор доштам".

Баъдан акси гиряи пизишкро хоҳараш дар Фейсбук нашр ва дар бораи ин ҳодиса нақл кардааст. Ӯ ҳолати бародарашро чунин тасвир кардааст: "Имрӯз духтари 12-солаи ман барои ором кардани бародари бузургам ҳарфи мувофиқе намеёфт. Ин марди калону ришдор мисли як кӯдак гиря мекард. Аз хастагӣ ва афсурдаҳолӣ мегирист. Ӯ дигар натавонист эҳсосашро пинҳон кунад."

Ин навиштаро дарҳол ҳазорҳо нафар хонданд, вале чизе, ки пизишкро дар ҳайрат гузошт шарҳҳои зери навишта буд. Яке аз шарҳнависон гуфтааст: "Бас аст гиря кардан, ин интихоботи ту аст".

"Баъди чунин шарҳҳо мешинӣ ва фикр мекунӣ, ки ин роҳро барои наҷоти одамон интихоб кардаӣ, на чизи дигар. Ва ба ин фикр меравӣ, ки агар ту фардо ҷои беморе қарор бигирӣ, касе ёфт намешавад, ки туро табобат кунад", - мегӯяд духтуре, ки ба муолиҷаи гирифторони коронавирус машғул аст.

Степан мегӯяд, ҳолатҳое ҳаст, ки кор барояш хеле сахту мушкил мешавад, вале ҳатто дар чунин ҳолат таъкид мекунад ин пизишк, бояд имкон ва нерӯе пайдо карду беморро наҷот дод.

Танҳо барои муоинаи як бемор духтурон тақрибан як соат вақт сарф мекардаанд. Баъд аз ин бо навиштани таърихи беморӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ машғул мешаванд. Баъди бозгашт ба хона, ба гуфтаи Степан Карабенёш, ӯ мадоре барои анҷоми корҳои дигар надорад. "Дар сар фақат як фикр аст, зудтар хоб рафтан. Аз ҳама аҷиб ин аст, ки ҳар қадар хоб кунӣ, боз ҳам хоб кардан мехоҳӣ. Ба назари ман ин аллакай афсурдаҳолии шадид аст", - хулоса кард ӯ.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG