Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафаси наҷотбахш. Дар Тоҷикистон чанд ДНС (дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ) ҳаст?


Дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ё ДНС (ИВЛ - аз истилоҳи русии "аппарат искусственной вентиляции легких")
Дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ё ДНС (ИВЛ - аз истилоҳи русии "аппарат искусственной вентиляции легких")

Дар пасманзари афзоиши шумори гирифторон ба COVID-19 мавзӯи таъмини муассисаҳои тиббии Тоҷикистон бо дастгоҳҳои нафаскашии сунъӣ бештар матраҳ мешавад. Мақомот аз миқдори басандаи ин абзор гузориш медиҳанд, вале бархе аз сокинон мегӯянд, ба иллати дастрасӣ надоштани беморхона ба он азизони худро аз даст додаанд.

Вазорати беҳдошт мегӯяд…

Ба иттилои Мирҳомиддин Камолзода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар кишвар 500 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ё ДНС (ИВЛ - аз истилоҳи русии "аппарат искусственной вентиляции легких") мавҷуд аст. Мақомот мегӯянд, бо маблағҳои буҷаи мубориза бо COVID-19 бо харҷи 5 987 000 сомонӣ 27 ё ДНС харида шуд (ҳар як ба нархи 21.612 доллар) ва ахиран ба кишвар аз Узбекистон – 10 ва тавассути ширкати хусусии “Тоҷикэлектромонтаж” 10 дастгоҳи дигари ИВЛ ворид гаштааст. Саида Умарзода, муовини вазири тандурустӣ гуфт, бо кӯмакҳои Бонки ҷаҳонӣ қарор аст 100 ДНС-и дигар вориди Тоҷикистон шавад. Алҳол маълум нест, ки ин дастгоҳҳо дар беморхонаҳои кишвар чӣ гуна тақсим мешаванд.Вале аз баъзе шифохонаҳо шикоятҳо мерасад, ки онҳо чунин абзор надоранд.

Мирҳомиддин Камолзода, ки рӯзи 12 май бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард, гуфт, дар Тоҷикистон шумори бемороне, ки ба ин дастгоҳ ниёз дошта бошанд, хеле кам аст. Ба гуфтаи ӯ: “Таҷриба нишон дода истодааст, ки ба ин дастгоҳ зарурати зиёд нест, мо ба воситаи дигар роҳу методҳо беморҳоро табобат карда истодаем. На ҳама беморон ба ДНС зарурат пайдо мекунад. Бениҳоят шумораи кам аст. Дар сурати пеш омадани зарурат ҳам мо мушкилот надорем. Захира ҳам дорем.”

Санҷидани дурустии ин иддао тавассути манобеи мустақил феълан имкон надорад.

Он чӣ кор мекунад?

Дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ё ДНС абзорест, ки ҳавои ғанишуда бо оксигенро ба шуши шахси бемор медамад, то камбуди кори шушро барои таъмин кардани хун бо оксиген ҷуброн намояд. Дар ҳолати гирифторӣ бо коронавирус, шуши инсон бо илтиҳоб (воспаление) рӯбарӯ мешавад ва обу сафро найчаҳои шушро пур карда, монеъи гардиши оксиген мешавад. ДНС-ро гоҳе вентилятор ё бодчархон низ меноманд. Ҳавои ғанишуда аз оксиген ба воситаи лулаҳои пайвастшуда ба респиратор ё бе он ба даҳон ва бинии бемор фиристода мешавад. Нафаси сунъӣ ба шуши бемор кумак мекунад, ки корашро давом диҳад ва системаи иммунӣ ё ҳифозатии ӯ ба нест кардани вирус машғул бошад.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфтааст, ки тахминан 80 дарсади мардуми олудашуда ба COVID-19 бидуни ёрии тиббӣ ин мушкилро пушти сар мекунанд. Вале аз ҳар шаш ҳолат як ҳолаташ сангин буда, ин гурӯҳи беморон ба мушкили нафаскашӣ дучор мешаванд. Дар чунин мавридҳо ба ДНС пайваст шудани бемор маънии наҷоти ӯ аз маргро дорад.

Паҳншавии босуръати вируси нав эҳтиёҷ ба дастгоҳҳои сунъии нафасро бармало кард ва ба навиштаи BBC, дар Итолиё, Бритониё ва ИМА ҳам камбуди чунин дастгоҳҳо эҳсос мешавад. Дар ҳолатҳои сангин ДНС ба беморон шонси наҷот аз маргро медиҳад.

Мушкили ҷиддӣ дар ин самт – арзиши ДНС дар бозори абзори тиббист. Рӯзи 13 апрели соли ҷорӣ зимни тасвиби созишномаи грантии миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Анҷумани байналмилалии рушд (узви Бонки Ҷаҳонӣ) дар ҳаҷми 11,3 миллион доллар, вазири собиқи беҳдошти Тоҷикистон гуфт, нархи ДНС дар ҷаҳон шадидан боло рафтааст. Азия-Плюс аз қавли Насим Олимзода навишт, бо афзоиши эҳтиёҷ қимати ИВЛ аз 10 ҳазор доллари қаблӣ то 100-150 ҳазор доллар афзоиш ёфтааст.

Рӯзи 7 апрел мақомоти беҳдошти Тоҷикистон дар феҳристи маводи мавриди ниёзи аввалияи кишвар дар вокуниш ба COVID-19, ки ба унвонии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ирсол шуд, аз ҷумла навиштанд, ки ба 500 ДНС, 10 истгоҳи пур кардани оксиген ва 100 адад консентрати оксиген (навъи 8-10l / m) ниёз доранд. Ба иттилои як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон, ин кӯмакҳо ҳанӯз ба Тоҷикистон ворид нашудаанд.

Кӣ чанд ДНС дорад?

Дар як пурсиши Радиои Озодӣ мақомоти аксар беморхонаҳои шаҳри Душанбе, ки бо коронавирус дастбагиребонанд, вуҷуди ДНС-ҳоро дар ин муассисаҳо тасдиқ мекунанд. Масалан, масъулини Беморхонаи амрози сироятии воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон мегӯянд, 8 адад ва дар маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов (беморхонаи машҳур бо номи Якум Советский) феълан 14 ДНС мавҷуд аст. Вале наздикони бархе аз беморон дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки дастрасии беморон ба ин дастгоҳҳо осон нест ва баъзе аз ҳолатҳои марг дар натиҷаи ин норасӣ рух додаанд.

Мақомоти беҳдошт дар вилояти Хатлон мегӯянд, дар маҷмӯъ дар беморхонаҳои ин минтақа 131 адад ДНС-и РО-6 вуҷуд дорад. Як мақом, ки ба шарти ифшо нашудани номаш бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, “дар шаҳри Бохтар, ноҳияи Кӯлоб, шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Фархор, Ҳамадонӣ, Данғара, ки шумори бистариҳо зиёд аст, вазъ мушкилтар аст”, “дар панҷ ё шаш ноҳияамон бемор зиёдтар аст. Дар Шаҳритусу Қабодиён сабуктар. Дина рӯз 13 нафар буд, аммо имрӯз сето шудааст (манзураш фавт)”. Дар Хатлон, ба қавли ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ аз мақомоти беҳдошт, наздики 3 ҳазор нафар бистарӣ шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар беморхонаи Қарияи Болои вилоят як ДНС ва 142 оксигенатор вуҷуд дорад.

Дар минтақаи Кӯлоб 35 ДНС, 56 оксигенатор ва 42 кардиомонитор ҳаст. Ба гуфтаи як манбаъ, “кардиомонитор оксигенро дар бадани инсон маълум карда оксигенатор ба бадани бемор оксиген равон мекунад”. Чунин дастгоҳҳо, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ,“ду то чортоӣ дар беморхонаи вилоятӣ, маркази саратоншиносӣ, маркази бемориҳои дил, инчунин дар беморхонаҳои ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод, Данғара, Ховалинг ва Темурмалик вуҷуд доранд”. Аксари онҳо истеҳсоли баъди соли 2010 буда, чанд дона аз навъҳои сохти шӯравӣ ҳам боқӣ мондааст.

Масъулин дар Мӯъминобод мегӯянд, моҳи май 6000 ҳазор сомонӣ барои дору ва 10 ҳазор сомонӣ барои хӯрок дарёфт карданд. Дар ин ноҳия, ки то ҳол як марди 40-сола бар асари COVID-19 ҷон додааст, рӯзи 14 май нафари панҷумро бо нишонаҳои пневмония дар беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ карданд. Ӯ гуфт, моҳи март ба ин муассиса як ДНС ворид шуд, вале “норасогӣ дорад, пайваст шудагӣ нест. Чӣ камбудие буд. Ба раис навишта пешниҳод кардем. Агар яктои дигар бошад, ёрдам мекунад, боз чаҳор оксигенератор дорем.”

Дар бемористонҳое, ки ДНС надоранд, ҳамчунин аз оксигенатор истифода мешавад. Оксигенатор ҳангоми ҷарроҳии дил ё беҳтар кардани гардиши хун дар ҷисми касе, ки аз бемориҳои дил ё шуш ранҷ мебарад, истифода мешавад.

Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода, рӯзи 14 май дар ҷаласаи Ситоди мубориза бо бемориҳои сироятӣ гуфт, танҳо дар муассисаҳои тиббии шаҳри Хуҷанд 143 ДНС мавҷуд аст. Вай дар бораи мавҷудияти чунин дастгоҳҳои муҳим ва наҷотбахш дар минтақаҳои дигари ин вилоят чизе нагуфт. Зоҳиран, дар онҳо низ монандаи беморхонаҳои ноҳияҳои Ваҳдат ва Рашт якдонаӣ ДНС вуҷуд дорад, ки ба қавли табибон кифоят намекунад. Бино бар гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар баъзе аз бемористонҳои навоҳии дурдаст ДНС нест ва тавре яке аз онҳо мегӯяд, ду мушкили дигар ба кори чунин дастгоҳ таъсир дорад. Аз ҷумла дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Бохтар ҳангоми кори ДНС интиқоли барқ қатъ гашта, яке аз беморон фавтидааст. Дар бемористони "Истиқлол"-и пойтахт ин дастгоҳҳо чанд рӯз оксиген надоштанд.

XS
SM
MD
LG