Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коронавирус иди Ғалабаро дар кишварҳои Шӯравии собиқ камранг кард


Сарфи назар аз даъватҳо Белорус дар Рӯзи Ғалаба гашти низомӣ баргузор кард
Сарфи назар аз даъватҳо Белорус дар Рӯзи Ғалаба гашти низомӣ баргузор кард

Бори аввал аз замони хатми Ҷанги Дувуми Ҷаҳон имсол дар аксар кишварҳои Шӯравии собиқ ҷашнҳои пуриздиҳоми вобаста ба Рӯзи Ғалаба баргузор нагардид. Ҳарчанд бархе аз кишварҳо сарфи аз назар аз паҳншавии вируси нави корона рӯзи 9-уми май гузашти низомӣ баргузор карданд.

Дар нақша буд, ки соли 2020 ҷашни 75-солагии ғалаба бар фашизм дар сатҳи баланд таҷлил шавад, аммо паҳншавии коронавируси нав ин нақшаро тағйир дод: ҷашнгирии маъмулии сериздиҳом ва роҳпаймоиҳоӣ гузаронда нашуданд ва бархе аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ якдигарро ба Рӯзи Ғалаба табрик гуфтанд.

Роҳпайомии “Полки абадӣ” - аз чорабиниҳои сериздиҳом низ имсол онлайнӣ баргузор шуд.

Дар Рӯзи Ғалаба ветеранҳоро ба як боғ дар Алмато роҳ надоданд
Дар Рӯзи Ғалаба ветеранҳоро ба як боғ дар Алмато роҳ надоданд

Дар Қазоқистон ҳоло 1025 иштирокчии Ҷанги Дувуми Ҷаҳон дар ҳаёт ҳастанд. Ба муносибати 75-солагии Ғалаба ба ҳар кадоми онҳо 1 миллион танга ё қариб 2369-долларӣ кумак расонда шуд. Ҳамчунин иштирокчиёни муҳосираи Ленинград, ҳамсарони афроди фавтида дар ҷанг низ ёрӣ гирифтанд. Чанде қабл дар Қазоқистон қонуне қабул шуд, ки бар асоси он ветеранҳо ҳар моҳ 16 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 105-долларӣ дарёфт мекунанд ва ҳамчунин аз пардохти 11 намуд андоз озод мебошанд.

Рӯзи 9-уми май дар Қазоқистон маҳфили хосе бахшида ба Рӯзи Ғалаба доир нашуд. Танҳо дар назди биноҳое, ки ветеранҳо зиндагӣ мекунанд, маҳфилҳои хурде баргузор карданд.

Як рӯз пеш аз он Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури феълӣ ва Нурсултон Назарбоев, президенти пешин сокинони ин кишварро ба рӯзи ғалаба табрик карданд. Табрикоти Қосимҷомарт Тоқаев дар сомонаи расмии президенти ин кишвар ва табрикоти Назарбоев дар шакли видеоӣ пахш шуд.

Рӯзи 9-уми май ветеранҳоеро, ки барои гулгузорӣ ба назди “Оташи абадӣ” дар Алмато омада буданд, бо сабаби карантин будани боғ ба дохил роҳ надоданд. Навори роҳ надодани ветеранҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба миён овард ва бисёриҳо аз ин рафтори масъулин интиқод карданд.

Майдони Ғалаба дар Бишкек. Рӯзи 9 майи соли 2020
Майдони Ғалаба дар Бишкек. Рӯзи 9 майи соли 2020

Дар Қирғизистон рӯзи 8-уми май қонун дар бораи “Авф бахшида ба 75-солагии Ғалаба ва 10-солагии инқилоби апрелӣ” ба тасвиб расид. Бар асоси ин қонун, ки ҳанӯз 30-юми апрел аз сӯи порлумони Қирғизистон қабул шуда буд, мардони аз 60-сола ва занони аз 55-сола боло аз маҳбасҳо озод карда мешаванд. Теъдоди ин гуна маҳбусон беш аз 3 ҳазор нафар ҳисоб шудааст. Инчунин, бар асоси қонуни афв маъюбони гуруҳи 1, 2 ва онҳое, ки кӯдаки ноболиғ дошта, ягона саробони оила ҳастанд, ҳамчунин модарони танҳо ва занони серфарзанд низ аз зиндонҳо раҳо мешаванд.

Дар Қирғизистон ҳоло 251 иштирокчии Ҷанги Дувуми Ҷаҳон ба сар мебаранд. Ба муносибати Рӯзи Ғалаба ба ҳар яки онҳо 75 ҳазор сом, баробар ба 950 доллар, кумак расонда шуд. Ба ғайр аз ин, аз соли 2010, ветеранҳо дар Қирғизистон ҳармоҳа то 214 доллар дарёфт мекунанд. Як қисми ин маблағ туҳфаи доимии президенти ин кишвар мебошад.

Рӯзи 9-уми май дар Бишкек ёдбуди хотиравӣ баргузор шуд, ки дар он раисҷумҳур Сооронбой Ҷеенбеков, президенти пешини ин кишвар Роза Отунбаева, роҳбарони порлумон ва Додгоҳи олӣ иштирок карданд. Онҳо ба назди оташи ҷовидон гул гузошта ба ёди қурбониёни Ҷанги Дувуми Ҷаҳон дақиқае хомӯш монданд.

Шавкат Мирзиёев ба муҷассамаи шахсони фавтида дар Ҷанги дуввуми ҷаҳон гулчанбар гузошт
Шавкат Мирзиёев ба муҷассамаи шахсони фавтида дар Ҷанги дуввуми ҷаҳон гулчанбар гузошт

Чорабинии монанд ба ин рӯзи 9-уми май дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбекистон баргузор шуд. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури ин кишвар ба Боғи Ғалаба омада, дар зери муҷассамаи шахсони фавтида дар Ҷанги Дувум гул гузошт.

Дар Узбекистон ба фарқ аз Қазоқистон ва Қирғизистон ибораи "Ҷанги Бузурги Ватанӣ" дар маҳфилҳои расмӣ истифода намешавад. Ба ҷойи он "Ҷанги Дувуми Ҷаҳон"-ро истифода мебаранд. Дар Узбекистон ҳоло беш аз 800 иштирокчии Ҷанги Дувуми Ҷаҳон зиндагӣ мекунанд. Ба муносибати 75-солагии Ғалаба давлат ба онҳо ба маблағи 10 миллион сум ё 985-долларӣ кумак расонд.

То моҳи апрел мақомоти ду кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон ва Туркманистон - аз набудани вируси нави корона дар кишвар мегуфтанд. Танҳо дар охири моҳи апрел мақомоти Тоҷикистон эътироф карданд, ки аввалин ҳолати гирифторшавӣ ба бемории COVID-19-ро сабт кардаанд. Ҳукумати Туркманистон то имрӯз мегӯяд, дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба вируси нави корона сабт нашудааст.

Рӯзи 9-уми май раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо писараш Рустами Эмомалӣ, ки раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе аст, ба пояи оташи ҷовидон гулчанбар гузоштанд. Дар Тоҷикистон ҳам имсол дар ҷашнгирии Рӯзи ғалаба маҳдудият ҷорӣ кардаанд.

Дар кишвар 175 ветерани Ҷанги Дувуми ҷаҳон ҳастанд, ки бузургтаринашон 108 сол дорад. Ба муносибати Рӯзи ғалаба иштирокчиёни Ҷанги Дувуми Ҷаҳон аз Тоҷикистон аз давлат 6 ҳазор сомонӣ баробар ба 584-долларӣ кумак гирифтанд.

Ветеранҳо дар Туркманистон дар назди оташи ҷовидон гул гузоштанд. 9 майи соли 2020.
Ветеранҳо дар Туркманистон дар назди оташи ҷовидон гул гузоштанд. 9 майи соли 2020.

Дар Туркманистон, ки ба гуфтаи мақомоти ин кишвар ягон ҳолати сироётшавӣ ба COVID-19 сабт нашудааст, рӯзи 9-уми май ҷашни Ғалаба бо гузашти низомӣ ва намоиши лавозимоти ҷангии ҳамон солҳо баргузор шуд. Дар роҳпаймоии мазкур ҳайати Русия бо роҳбарии муовини вазири ифои ин кишвар Александр Фомин ва корпусҳои дипломатии муқими Ишқобод низ иштирок карданд.

Аз замони соҳибистиқлолии Туркманистон ин бори аввал аст, ки ба муносибати Рӯзи ғалаба дар ин кишвар гузашти низомӣ баргузор мешавад. Аз соли 2018 рӯзи 9-уми май дар Туркманистон барои сокинон дигар рӯз истироҳатӣ нест. Ҳамасола бахшида ба Рӯзи ғалаба иштирокчини Ҷанги Дувуми Ҷаҳон дар Туркманистон 200 манат ё бо қурби ғайрирасмӣ 10-долларӣ аз давлат кумак дарёфт мекунанд. Имсол ин маблағро зоҳиран ба медали ҷашнии “75 солагии Ғалаба” иваз карданд.

Дар ин миён Белорус сарфи назар аз таҳдиди пандемия рӯзи 9-уми май гузашти низомӣ доир кард ва се ҳазор низомӣ дар он иштирок карданд. Инчунин ҷашни Рӯзи ғалаба бо баргузории консерт идома кард, ки дар он сокинони Минск ҳам иштирок карданд.

Гузашти низомӣ дар Белорусия. 9 майи соли 2020
Гузашти низомӣ дар Белорусия. 9 майи соли 2020

Белорус ба хотири паҳншавии коронавирус карантин эълон накардааст. Тибқи маълумоти рӯзи 9-уми май шумори гирифторшудагон ба ин беморӣ дар ин кишвар зиёда аз 22 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. 126 нафар ҳам дар ин кишвар аз бемории COVID-19 ҷон додаанд. Дар охири моҳи март дар Белорус маъракае бо даъвати баргузор накардани гузашти низомӣ шуруъ шуд, ки 7 ҳазор нафар аз он тарафорӣ карданд. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳам аз мақомоти ин кишвар хоста буд, аз баргузории чорабиниҳоии сериздиҳом худдорӣ кунанд. Аммо ҳукумати Белорус ин даъватҳоро сарфи назар карданд.

Александр Лукашенко, президенти худкомаи ин кишвар чанд рӯз қабл Белорусро "кишвари аз ҳама осебдида дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳон" номбар кард.

Дар Украина ҳам, ки дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ зиёд осеб дидааст, баъд аз соли 2015 рӯзи 9-уми май ҳамчун Рӯзи ғалаба бар миллатгароӣ дар таҷлил мешавад. Имсол дар Украина ҳама чорабиниҳои ҷамъиятӣ ба хотири паҳншавии коронавирус манъ шудаанд. Рӯзи 9-уми май наворе пахш шуд, ки ветеранҳо ва дигар сокинон бо ниқоб дар пояи оташи ҷовидон дар Киев гул гузоштанд.

Дар остонаи Рӯзи Ғалаба Русия аз рӯи шумори гирифторшудагон ба коронавирус дар ҷаҳон ба ҷойи панҷум баромад. Тибқи омори то рӯзи 9-уми май дар ин кишвар наздики 209 ҳазор нафар ба бемории СOVID-19 гирифтор шуда, 1 900 нафар ҳам ҷон додаанд.

Рӯзи 9-уми май Владимир Путин, раисҷумҳри Русия дар назди оташи ҷовидон гул гузошта ва иштирокчиёни Ҷанги Дувуми Ҷаҳонро ба 75-солагии ғалаба табрик гуфт. То оғози пандемия мақомоти Русия нақша доштанд, ки дар рӯзи 9-уми май дар Маскав гузашти низомӣ баргузор кунанд. Дар он бояд 15 ҳазор низомӣ иштирок мекард. Моҳи апрел Владимир Путин эълон кард ки гузашти низомӣ ба муносибати 75-солагии ғалаба ба вақти дигар гузаронда мешавад. Инчунин Путин рӯзи анҷоми Ҷанги Дувуми Ҷаҳониро аз 2 ба 3-юми сентябр гузаронд. Тибқи баъзе маълумот, мумкин аст, дар ин рӯз чорабиниҳои бахшида ба 75-солагии Ғалаба баргузор шаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG