Бархе аз коршиносон мегӯянд, маҳдудиятҳо дар бахши фанновариҳои иттилоотиву иртибототӣ таъсири манфие ба ташаккули ҳукумати электронӣ гузошт, вагарна хидматрасониҳои он метавонист вазъи шаҳрвандонро дар шароити коронавирус сабуктар намояд.
Бемории COVID-19 дар Тоҷикистон дар баробари дигар масоил мушкили фанновариҳои иттилоотиву иртибототиро бармало кард. Соҳае, ки то ин пештар ҳам дар борааш бисёр мегуфтанд, дар ин давраи худинзивоӣ ва фосилагирии иҷтимоӣ хеле зарурӣ дониста мешавад.
Дарёфти хадамоти зарурии давлатӣ, анҷом додани пардохтҳо, ҳузур дар дарсҳо бидуни аз хона берун рафтан – танҳо қисме аз имконотеанд, ки ба ин ҳоло ҳам мақомот ва ҳам мардум метавонад манфиатдор бошанд. Ҳамаи ин метавонист бо роҳандозии бомуваффақияти ҳукумати электронӣ имконпазир бошад. Вале мақомот бо иқдомоти маҳдудкунанда, худро аз ин имкониятҳо маҳрум карданд, мегӯянд коршиносон.
Ҳадафи ғайриқобили дастёбӣ
Қарор "Дар бораи ташаккули ҳукумати электронӣ" ҳанӯз дар соли 2011 содир шуда буд ва пешниҳоди иттилоъ ва хидматрасониҳоро ба шаҳрвандон, доираҳои тиҷоратӣ, шохаҳои қудрат ва дар маҷмуъ ҳадди аққал кардани бархӯрди ҷисмии миёни фард ва давлатро пешбинӣ мекард.
Иҷроӣ кардани консепсия 3 марҳаларо дар 8 сол пешбинӣ мекард, ки солҳои 2012 то 2020-ро дар бар мегирифт. Қадами аввал эҷоди шабакаи ягонаи фанновариҳои иттилоотӣ дониста мешуд, ки ҳамаи вазорату ниҳодҳоро бояд муттаҳид мекард ва дар асоси он бояд дастрасӣ ба пойгоҳи додаҳои ҳуқуқии "Адлия" таъмин мешуд. Баъдан ниҳодҳои давлатӣ муваззаф шуда буданд, ки бояд низоми ягонаи электронии раванди корро роҳандозӣ менамуданд ва нобаробарии рақамиро бартараф мекарданд. Дар марҳилаи сеюм, ки анҷоми он то соли 2020 дар назар гирифта шуда буд, пешниҳоди хидматрасониҳои давлатӣ ба мардум, созмонҳо пешбинӣ шуда буд ва эҷоди низоми миллии шиносоии ҳувияти одам ва ғайра аз ҳадафҳояш буданд. Аммо мардум бо ин ҳол ба хидматрасониҳои ҳукумати электронӣ дастрасӣ пайдо накард.
Далели нокомӣ
Ба гуфтаи коршиноси аршади соҳаи фанновариҳои иттилоотӣ Асомиддин Атоев яке аз сабабҳои нокомӣ набуди ниҳоди босалоҳияти масъул ба иҷроӣ шудани ҳукумати электронӣ аст.
"Расман ниҳоди мудирияткунаде вуҷуд дорад, Шӯрои фанновариҳои иттилоотию иртибототӣ дар назди президенти Тоҷикистон, ки аз ҷумла барои иҷроӣ шудани консепсия масъул аст. Вале ин ниҳоди доимамалкунанда нест. Ҳарчанд мавқеи Шӯро дар соли 2014, замоне ки котиботи доимамалкунандаи он ташкил гардид, қавитар карда шуд. Бо ҳамин ҳол ба андозае, ки зарур аст амал намекунад",-мегӯяд Атоев.
Барои пайдоиши ҳукумати электронӣ, мегӯяд ӯ, зербинои фанновариҳои иттилоотиву иртибототӣ зарур аст, хадамоти онлайн (бархат) бо шумули хидматрасониҳои давлатӣ ва зарфиятҳои инсонӣ, яъне салоҳияти истифодаи фанновариҳои иттилоотию иртибототӣ дар ҳалли масъалаҳои гуногун.
Фарқ миёни гапу амал
Вале масъалаи васеъ кардани салоҳиятҳо ва эҷоди шароити лозим барои ҳукумати электронӣ, ба гуфтаи коршиносон, аксаран ба усулҳои эълонкардаи мақомт зиддият дорад.
"Барои он ки ҳукумати электронӣ бошад, мардум бояд дастрасии хубе ба интернет дошта бошанд. Дар мо ҳатто дар шаҳрҳои марказӣ ин масъала мушкилоти ҳангуфт дорад. Ба ҷуз ин, 15 Gb интернет наздик ба 15 доллар арзиш дорад. Ин тақрибан ба бархе аз дарсҳои таҳсили фосилавӣ басандагӣ мекунад, вале дар мо ин захира барои тамоми хонавода дар назар гирифта шудааст", - мегӯяд блогнавис Рустам Гулов.
Тасмимҳои мақомот, ки пештар ба таври расмӣ ба хотири таъмини амниятӣ гирифта мешуданд, ниҳоятан ба нарх ва сифати интернет таъсир гузоштанд. Эҷоди Маркази ягонаи комутатории "Тоҷиктелеком" ин ниҳодро ба монополисти мутлақ табдил дод, ки тавассути он тамоми трафики интернетии кишвар ба ҷаҳони берун мегузарад. Шуруъ аз соли 2018 "Тоҷиктелеком" ба таври инҳисорӣ ба фуруши интернет ба дигар фароҳамкунандагон ва ширкатҳои мобилӣ оғоз кард ва онҳоро аз ҳаққи мустақилона харидани интернет аз кишварҳои ҳамсоя маҳрум кард.
Мувофиҳи ҳисобҳои Иттиҳодияи байналмилалии алоқаи СММ, агар дар соли 2015 тавоноии воридшавии куллӣ дар Тоҷикистон 10 Gb дар сония буд, дар соли 2017 ин нишондод ба 4,5 Gb дар сония коҳиш ёфт.
"Бисёре аз тасмимҳои мақомот аслан бо мақсадҳои эълоншудаашон зиддият доранд. Масалан, инҳисорӣ шудани ин бахш, яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба масоилест, ки дар Консепсияи амнияти иттилоотии Тоҷикистон матраҳшуда мебошад. Вале мутаассифона дар сатҳи порлумон ва ниҳодҳои ҳукумати иҷроия, хеле кам ба ин таваҷҷуҳ мекунанд",-мегӯяд коршинос Асомиддин Атоев.
Манфиатдор будан ба фасод ва сонсур?
Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ "Фоидаҳои рақамӣ" ҳанӯз дар соли 2017 ба Тоҷикистон тавсия дода шуда буд, ки рақобатро дар бахши телекоммуникатсия (иртибототи фосилавӣ) беҳтар кунад ва дар иқлими тиҷорӣ ислоҳоти густарда бигузаронад, то интернетро барои мардум ва ширкатҳо дастрастар кунад.
Созмон омодагии худро барои мусоидат кардан ба ҳукумати Тоҷикистон дар иҷроӣ кардани дастури кори рақамӣ, тақвияти пойгоҳи ҳуқуқӣ, эҷоди зарфияти ҳуқиқиву танзимкунӣ ва беҳтар кардани дастрасӣ ба фанновариҳои иттилоотиву иртибототӣ изҳор карда буд. Аммо коршиносон ба алоқамандии заъифи мақомт ба иҷроӣ кардани ин пешниҳодҳо ва ҳукумати электронӣ ишора мекунанд.
"Агар ҳамаи хидматрасониҳоро онлайн кунанд, пас имкони ришвагирӣ кам мешавад. Аз ин рӯ, ин гуна чораҳо пуштибонӣ намешаванд, хусусан дар миёни табақаи поёнии мансабдорон, ки мустақиман бо мардум доду ситад доранд",-тахмин мезанад Рустам Гулов.
Вале набуди дастрасӣ ба интрент на ҳамеша ба мушкилоти техникӣ марбут аст. Мақомоти тоҷик аксаран барои масдудиятгузорӣ ба сайтҳои хабарӣ, сонсури интернет ва маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоъ мавриди интиқод қарор мегирад. Ҳукумати кишвар, маъмулан, ба ин иттиҳомот ё вокуниш намекунад ё онҳоро ба масоили амниятӣ марбут медонад.
То кунун бо вуҷуди ақибмонӣ дар рушди ҳукумати электронӣ, мақомот масоили амниятиро бар назорати траффики интернет бартарӣ медиҳанд.
"Натиҷаҳои ҳастанд"
Дар ҳамин ҳол, раиси созмони ҷамъиятии "Ташаббуси шаҳрвандӣӣ сиёсати интернет" Муҳаммадӣ Ибодуллоев мегӯяд, ки дар давраҳои гузашта ба баъзе аз ҳадафҳо дар ин соҳа ноил шуданд.
Ба таъкиди Ибодуллоев, "дар ҳукумати электронӣ бархе самтҳо ҳастанд, хадамот барои тиҷорат, гардиши дафтардории ҳукумат ва хидматрасониҳо барои шаҳрвандон. Мо дар ду самт роҳ пеш гирифтем, иҷрои кардани тарҳҳои сабуккунандаи пешбурди тиҷорат ё беҳтар кардани хидматрасониҳои давлатӣ, вале хидматрасониҳои давлатӣ барои мардум эҷод нашуданд ва ҳоло фурсати хубест, ки дар ин бора фикр карда шавад."
Дар ин ҷо, мегӯяд ӯ,- зербино метавонад феҳристи ягонаи рақамии ҳамаи мардум аз таваллуд то марг ва феҳристи суроғаҳо бошад. “Бо пайванд кардани ду феҳрист мешавад пойгоҳи ягона ташкил кард, ки дар заминаи он мешавад инсонҳоро шиносӣ кард ва ба онҳо хидматрасониҳои давлатӣ расонд",-тавзеҳ медиҳад коршинос.
Дар ҳоли ҳозир барои рушди ҳукумати электронӣ феҳристи электронии маълумот дар бораи иҷозатномаҳо ва литсензия амал мекунад, низоми “равзанаи ягона” барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамчунин низоми эъломияи электронӣ дар назди Кумитаи андози Тоҷикистон амал мекунад. Ҳамчунин низоми додани раводиди электронӣ дар Вазорати корҳои хориҷии кишвар бо муваффақият кор мекунад ва ҳамчунин тарҳи Вазорати Меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мавриди ташкили пойгоҳи милии ҷойҳои кор пиёда шудааст.
Аммо то кунун дар радабандии кишварҳои ҷаҳон аз рӯйи сатҳи рушди ҳукумати электронӣ, ки СММ дар соли 2018 таҳия кардааст, Тоҷикистон мақоми 131-умро дорад. Ҳарчанд кишвар дар солҳои охир нишондоҳои худро 8 зина беҳтар кардааст, вале дар бештари масоил аз кишварҳои ҳамсоя ақиб мондааст. Зеро Қирғизистони ҳамсоя мақоми 91, Қазоқистон 39 ва Узбакистон мақоми 81-умро соҳибанд.