Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ки эътирози коргарони чинии "Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Чин" воқеъ дар шаҳраки Зарнисор (Олтин Топкани пешина), наздикии шаҳри Хуҷандро хомӯш карданд.
Рӯзи 20-уми май ҳудуди 60 коргари чинии ширкат даст ба коршиканӣ заданд ва ба нишони эътироз гирдиҳамоӣ карданд. Шоҳидон мегӯянд, онҳо ба масъулони корхона бо сангу чӯб ҳамла намуданд.
Дар наворҳое, ки манзараи эътирозро нишон медиҳанд, чанд дафъа ба ҳаво тир холӣ карда мешавад ва садои норозигии издиҳом ба гӯш мерасад. Як намояндаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар ҳақиқат ба ҳаво тир холӣ карда шуд, вале танҳо ба хотири пароканда намудани норозиён. Ҳеҷ кас захмӣ ё кушта нашудааст."
Масъулони корхона ва ҷамоати Зарнисор (Олтин Топкан) мегӯянд, дар аввал хостанд масъаларо бо гуфтугӯ ҳал кунанд, аммо коргарони чинӣ ба эътирози худ идома додаанд. Сипас, ба гуфтаи онҳо, барои ором кардани эътирозгарон кормандони милиса аз вилоят омада, ба хотири тарс додани норозиён ба ҳаво тир холӣ кардаанд. Дар ин эътироз коргарони тоҷики корхона ширкат надоштаанд. Ба сабаби дастрасӣ надоштан ба коргарони чинӣ мавқеи онҳо ва инчунин сабаби эътирозашон маълум нест.
Дар аввал гуфта шуд, ки онҳо ба иллати ҳамагирии коронавируси нав дар Тоҷикистон аз роҳбарияти ширкат талаб кардаанд, масъалаи бозгашташон ба Чинро ҳал кунад. Аммо намояндаҳои ширкати муштараки кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистону Чин ва Идораи саноати вилояти Суғд мегӯянд, эътирози коргарони чинӣ ба музди кори онҳо рабт дорад.
Тоҳирҷон Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ, ки конҳои ширкат дар ҳудуди ин ноҳия қарор доранд, 21-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "коргарони чинӣ ба хотири дарёфти маош аз раҳбарони худ, ки низ чинӣ ҳастанд, эътироз намудаанд."
Азиззода афзуд, моҳе пеш низ коргарони чинӣ эътироз карда буданд: "Он вақт ҳамроҳи намояндаҳои ҳукумати вилоят ба назди онҳо рафта, масъаларо фаҳмондем, ки давлати Чин карантин ҷорӣ кардааст ва агар равед ҳам, қабул намекунанд. Ба онҳо пешниҳод намудем, ки муддати 14 рӯз таътил кунанд ва дар ин давра мутахассисони маҳаллӣ кор мекунанд. Розӣ шуданд ва аз корпартоӣ даст кашиданд."
Ба иттилои дарёфтӣ, коргарони чинӣ, ки асосан аз муҳандисон иборатанд, дар ду гурӯҳ кор мекарданд. Бахше аз онҳо барои таҷлил аз соли нав ба Чин рафта, ба сабаби бемории ҳамагир ва баста шудани марзҳо ҳанӯз наомадаанд.
Шумораи ҳозираи коргарони чинӣ дар ширкат ҳудуди 60 нафар гуфта мешавад.
Як манбаъ дар мақомоти Суғд гуфт, як ҳайати Идораи саноати вилоят ба Зарнисор рафта, сабабу омилҳои сар задани норозигии кормандони чинӣ ва роҳҳои ҳалли онро бо раҳбарони ширкат баррасӣ кардаанд. Дар ин баррасӣ тасмим гирифта шудааст, ки ба хотири роҳ надодан ба эътирозу бетартибиҳо масъалаи музди семоҳаи коргарони чиниро масъулони ширкат ҳал кунанд.
Мақомот мегӯянд, ҳоло вазъи шаҳраки Зарнисор ором аст. Як намояндаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд гуфт, рӯзи панҷшанбе низ кормандони милиса корхонаро назорат карданд.
"Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Чин" маъдани сурбу руҳ истихроҷ мекунад. Ин ширкати муштарак дар соли 2009 кушода шуда буд. Корхонаи мазкур қодир аст соле 1 миллион тонна маъдани сурбу рӯҳро коркард кунад. Барои бунёд ва харидани таҷҳизоти корхона 270 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шудааст.
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, “Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин”-ро дар баробари корхонаи муштараки тилои “Зарафшон” бузургтарин ширкатҳои андоздиҳандаи Тоҷикистон ном бурда буд.