Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карантини аъзои як оила дар деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов. АКС


Даромадгоҳи бемористони марказии ноҳияи Спитамен, 18 апрели соли 2020
Даромадгоҳи бемористони марказии ноҳияи Спитамен, 18 апрели соли 2020

Як намояндаи ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шарти ифшо нашудани номаш рӯзи 16 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳашт сокини деҳаи Қӯрғончаи ин ноҳия, деҳае, ки сокини он Ҳабибуллоҳ Шодиев рӯзи 1 апрел, ба қавли мақомот, аз илтиҳоби шуш фавтид, бо таби баланд ба бемористон расонда шудаанд.

“Инҳо ҳама аз як хонавода ҳастанд. Сардори оила Ҷӯрабоев Абдухалил, соли таваллудаш 1964, аввал набераашро ба бемористон овардааст, кудак таб доштааст, баъд духтурҳо таби худи ӯро санҷидаанд, ки баланд будааст. Ҳоло худаш, ҳамсараш, як писар, ду келин ва се наберааш, ҳамаашон зери назорати табибонанд. Вазъашон хуб аст,” – гуфт ин мақоми расмӣ.

Манбаъҳои дигар низ бо ташхиси илтиҳоби шуш бистарӣ шудани сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов Абдухалил Ҷӯрабоевро тасдиқ карданд. Яке аз онҳо гуфт, ин шахс дар дафни Ҳабибуллоҳ Шодиев ширкат намудааст, аммо як пизишк дар суҳбат бо Радиои Озодӣ инро рад кард ва гуфт, аз бемор пурсида шудааст, ки бо Шодиев тамос дошт ё не ва Ҷӯрабоев гуфтааст, ҳеч гуна тамос надошт. Бар пояи ин мақомот мегӯянд, карантиншудаҳо гирифтори коронавирус нестанд ва танҳо аз рӯйи эҳтиёт таҳти назорат гирифта шудаанд. Аз онҳо намунаҳо барои санҷиш гирифта ва ба Душанбе фиристода шудааст.

Корманди ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов карантин шудани ин афродро як амри зарурӣ ва чораи эҳтиётӣ донист ва афзуд, деҳаи Қӯрғонча ва ҳамаи ҷамоати Навбунёди ноҳия зери назорат қарор дошта, кормандони соҳаи тандурустӣ “хона ба хона мегарданд, дезинфексия мекунанд ва таби сокинонро месанҷанд”.

Ин дар ҳолест, ки сомонаи Ахбор.ком аз марги як сокини дигари ноҳияи Ҷаббор Расулов, Муъминҷон Мирбаротов хабар додааст. Расона ба нақл аз наздикони фавтида мегӯяд, Мирбаротови 68-сола шаби 16 ба 17 апрел “аз шиддати сулфаи сахт ва таби баланд” даргузаштааст. Манбаъҳои Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ карданд ва гуфтанд, Муъминҷон Мирбаротов “бо таби баланд ва нафастангӣ” аввал ба беморхонаи хусусии “Луқмони Ҳаким” муроҷиат мекунад, вале баъди қабул нашуданаш дар он ҷо ӯро ба бемористони марказии ноҳияи Спитамен (Нови пешина) интиқол медиҳанд. Дар ин ҷо ӯ ҳангоми муоина шудан аз тарафи табибон вафот кардааст. Як манбаи наздик ба ин бемористон ба Радиои Озодӣ гуфт, эҳёгарон Мирбаротовро бе сарулибоси зидди коронавирус озмоиш кардаанд, ки беэҳтиётии комил буд, вале дар таърихи бемориҳои ӯ дидаанд, ки марди фавтида бемории фишори баланди хун дошт.”

Ин манбаъ гуфт, 10 нафар аз кормандони тиббии бемористони марказии ноҳияи Спитамен таҳти карантин гирифта шуданд. Дар ин ва чандин беморхонаи ноҳияҳои атроф дар шимоли Тоҷикистон вазъ ва шароити кори кормандони тиб “нигаронкунанда” унвон мешавад, дар ҳоле ки онҳо дар сафи пеши ҷабҳаи сироятӣ қарор доранд.

Беэҳтиётӣ ва нарасидани сарулибоси махсус сабаб гаштааст, ки вазъи ду нафар аз табибони беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, эҳёгарон ё реаниматологҳо Алишер Назиров ва Раҳимов Туйчибой вазнин арзёбӣ мешавад. Онҳо аз таби баланд, дарди устухонҳо ва бемадорӣ азият мекашанд. Ин ду табиб аз он кормандоне ҳастанд, ки Ҳоҷимуҳаммад Тошев, сокини 60-солаи ноҳияи Ҷаббор Расуловро табобат мекарданд. Тошев рӯзи 11 апрел дар бемористон фавтид. Дар ҳоле ки аввал бемории ӯро илтиҳоби шуш мегуфтанд ва ба қавли Умедҷон Бойбалаев, сардухтури бемористони ҷамоати Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов, Тошев ҳолати нафастангӣ дошта, ба дастгоҳи нафаси сунъӣ пайваст карда шуд, пас аз маргаш Вазорати тандурустии Тоҷикистон “бемории ишемиявии дил, фишорбаландии дараҷаи 2, хатари 4"- ро сабаби марги Тошев номид.

Тошев ҳамкори Абдуҷалил Шодиев – бародари Ҳабибуллоҳ Шодиев – сокини деҳаи Қӯрғонча ва марди фавтида бо ташхиси илтиҳоби шуш буд. Дар пасманзари ин руйдодҳо наздик ба 1000 нафар дар ин минтақа карантин шудаанд.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ аз ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва шарҳи Хуҷанд мегӯянд, дар шароите ки пеш омадааст, ба набуданин ягон ҳолати коронавирус дар минтақаи худ бовар надоранд ва мехоҳанд, мактабҳо баста шуда, аз чораҳои шадидтари эҳтиётӣ кор гирифта шавад. Вале мақомоти давлатии Тоҷикистон бо эътимод ва борҳо гуфтаанд, ки то ҳол дар Тоҷикистон ягон мавриди гирифторӣ ба Ковид-19 ошкор ва сабт нашудааст. Ҳамзамон бо ин мақомот чораҳои пешгирӣ ва эҳтиётро ба роҳ мондаанд, чораҳое, ки тадриҷан шадидтар мешаванд.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон шоми 17 апрел гуфт, коронавирус дар Тоҷикистон нест аммо гирифтории аҳолӣ ба бемории илтиҳоби шуш (пневмония) дар кишвар зимни тағйири обуҳаво авҷ гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки бархе аз коршиносони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ин бемориро яке шаклҳои зуҳури Ковид-19 мешуморанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз аввали оҳи феврал то 17 апрел 7871 нафар дар кишвар карантин шуда, аз онҳо 6348 нафар рухсат ёфтанд ва 1523 каси дигар дар карантинанд.

Эзоҳ. Дар шакли аввалияи матн номи нави ноҳияи пешинаи Нов иштибоҳан Деваштич нашр шудааст. Барои ин аз хонандагони муҳтарам узр мепурем. Номи нави ноҳия Спитамен аст.

XS
SM
MD
LG