Иттиҳоди Аврупо аз Русия хост, ки гузоришу шикоятҳо аз қонуншиканӣ ва тақаллубро дар рафти назархоҳии умумӣ мавриди санҷиш қарор диҳад. Яке аз тағйирҳои асосии Конситутсияи Русия муҳлати президентии Владимир Путинро то соли 2036 дароз мекунад.
Рӯзи 2-юми июл Кремл аз натиҷаҳои овоздиҳӣ, ки бо 78 дарсад раъйи тарафдори тағйирот анҷомид, истиқбол намуд. Кремл ин ҳодисаро ҳамчун "референдуми эътимод ба президент Владимир Путин" ситоиш кард.
Вале гузоришҳо аз роҳ ёфтани тақаллуб дар нуқтаҳои овоздиҳӣ ва азияти фаъолону журналистоне, ки барои назорати ин ҷараён ҷалб шуданд, боиси даъвати Иттиҳоди Аврупо ба таҳқиқи билофосила шуд.
Петер Станов, сухангӯи Иттиҳоди Аврупо гуфт, "мо дар бораи гузоришҳо аз тақаллуб дар ҷараёни овоздиҳӣ огаҳ ҳастем, аз ҷумла дар бораи ба овоздиҳӣ маҷбур кардан, овоздиҳии дубора, нақзи рози овоздиҳӣ ва иттиҳоми ин ки полис зидди як журналист, ки барои назорат рафта буд, хушунатро раво дид." Ӯ гуфт, ин созмон интизор аст, ки ин ҳама хабарҳо таҳқиқ шаванд.
Кремл гуфтааст, тағйири конститутсия барои суботу амнияти кишвар зарур аст, дар ҳоле, ки мунаққидони Путин мегӯянд, ҳадафи асосӣ тамдиди қудрати Путини 67-сола мебошад. Овоздиҳандагон танҳо бояд ба як савол ҷавоб медоданд, ки ҷонибдор ё мухолифи тағйирот ҳастанд.
Яке аз пурбаҳстарин тағйирот – ба ҳеч ё сифр баробар кардани муҳлати президентии бистсолаи Путин ва додани ҳаққи ду дафъа ширкат кардани ӯ дар интихоботи солҳои 2024 ва 2030 буд.
Комиссиюни марказии интихобот субҳи 2-юми июл гуфт, ки баъди ҳисоби ҳамаи овозҳо маълум шуд, ки ба 77,9 дарсад ба тарафдории тағйирот ва 21,3 % зидди он раъй додаанд. Дар овоздиҳӣ 65 дарсади шаҳрвандони соҳиби ҳаққи раъй ширкат кардаанд.
Бо сабаби пандемияи коронавирус ва барои пешгирӣ аз ҷамъомади одами зиёд мақомот гуфтанд, ки овоздиҳӣ дар 7 рӯз ҷараён мегирад. Бо ин ки раъйпурсӣ тоза анҷом шуд, матни пурраи конститутсияи нав ба шакли китоб як ҳафта пеш дар китобфурӯшиҳо пайдо шуд.
Сухангӯи президент Дмитрий Песков натиҷаҳои овоздиҳиро истиқбол кард ва гуфт, ки "он барои бунёди ояндаи беҳтар хидмат мекунад."
Элла Памфилова, раиси Комиссиюни интихоботи Русия гуфт, ки овоздиҳӣ шаффоф баргузор шуд ва мақомот тамоми талошро ба харҷ доданд, вале мунаққидону мухолифон натиҷаҳои овоздиҳиро маҳкум намуданд.
Алексей Навалний, сиёсатмадори мухолифи Кремл гуфт, ки "натиҷаҳои тоза эълоншуда дурӯғ буда, як фиреби азим аст". Ӯ афзуд, сокинони Русия "тамошогари як бозӣ" шуданд. Ӯ гуфт, ки ҳеч гоҳ натиҷаҳои овоздиҳиро эътироф намекунад.
Навалний афзуд, ки ҳатман зидди ин раъйдиҳӣ эътироз ташкил мекунад, вале бо сабаби пандемия онро ба ақиб меандозад.
Созмондиҳандагони маъракаи зидди тағйирот бо номи "НЕТ!" гуфтанд, ки бино бар пурсиши онҳо, дар Маскав 55 ва дар Санкт-Петербург 63 дарсади мардум раъйи мухолиф додаанд, на тарафдор. Расонаҳо низ аз тақаллуби зиёд хабар медиҳанд.
Рӯзи 1-уми июл хабарнигори "Медиазона" Давид Френкел ҳадафи зӯроварии полис шуд ва дар ин воқеа дасти ӯ шикаст. Мақомот гуфтанд, қазияро таҳқиқ мекунанд. Кумитаи дифоъ аз журналистон бо нашри изҳороте "ҳамла, ҳабс ва озори, ба камияш, панҷ журналистро дар давраи референдум" маҳкум кард.
Ҳукумати Русия бо қуръакашӣ барои дарёфти манзили истиқоматӣ, таблиғи афзоиши нафақапулӣ ва мамнуияти издивоҷи ҳамҷинсгароҳо, талош кард мардумро ба раъйдиҳӣ ташвиқ кунад. Рӯзи чаҳоршанбе ҳамзамон бо охирин рӯзи назарсанҷӣ, ки бинобар маҳдудиятҳои марбут ба паҳншавии COVID-19 дар тули як ҳафта баргузор шуд, бо дастури Владимир Путин ба ҳама хонаводаҳое, ки дорои фарзанд ҳастанд, 10 ҳазор рубл (баробар ба 140 доллар) пардохт шуд.
Владимир Путин дар суханронии шаби гузашта ба таври мушаххас ба таъсири натиҷаҳои ҳамапурсӣ ба ҷойгоҳи худ дар қудрат ишора накард. Вале бо қабули ин ислоҳот ӯ пас аз поёни давраи феълии президентии худ дар соли 2024, метавонад дар ду интихоботи оянда ширкат кунад.
Вай мегӯяд, ҳанӯз дар мавриди нақши худ дар оянда тасмим нагирифтааст. Аммо бо ин ҳол мухолифони ӯ ба инанд, ки Путин дар интихоботи президентии баъдӣ ширкат мекунад. Тибқи назарсанҷие, ки аз сӯи муассисаи "Левада"анҷом шуд, мизони маҳбубияти Путин дар ҳоли ҳозир ҳудуди 60 дарсад аст.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!