Мақомоти амниятии Қирғизистон бо изҳороте беасос иддао карданд, ки рӯзноманигорони бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз касе, ки пулшӯиро эътироф кард, "100 ҳазор доллар гирифтаанд". Ин шахс манбаи таҳқиқоти рӯзноманигорӣ дар бораи фасодкорӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ буд.
Изҳороти мақомоти амниятии Қирғизистон рӯзи 2-юми июн дар ҷаласаи порлумонии марбут ба куштори тоҷири уйғур Айеркен Саймаитӣ (Саидмаҳдӣ) садо дод.
Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ изҳороти мақомотро "қассос" аз рӯзноманигорон "аз сӯи афроди фасодкоре, ки талош доранд, дороӣ ва қудрати худро ҳифз кунанд" унвон кард.
Саймаитии 37-сола моҳи ноябри соли 2019 дар Истанбул кушта шуд, аммо пеш аз он корфармоёни собиқашро ифшо кард ва дар бораи ин ки чӣ гуна пул ба даст меоварданд ва бо чӣ роҳҳое пулҳояшонро ба хориҷ интиқол медоданд, иттилооте муфассалро ба хабарнигорон дод.
Барои тасдиқи иттиҳомоташ, ӯ нусхаҳое аз асноду мадорики зиёд, аз ҷумла дафтарҳои кулли муҳосибот, эъломияҳои нақдӣ ва санадҳои интиқоли пулро низ дар ихтиёри хабарнигорон гузошт.
Баъд аз куштори Саймаитӣ Радиои Озодӣ, сомонаҳои "Клооп" ва OCCRP таҳқиқоти рӯзноманигориро нашр карданд. Дар таҳқиқот омадааст, маблағеро, ки Саймаитӣ ба хориҷ бурд, ба муовини раиси пешини Оҷонси гумруки Қирғизистон Раимбек Матраимов тааллуқ дорад. Нашри таҳқиқоти рӯзноманигорӣ боис ба эътирозҳои пайиҳами сокинони Қирғизистон шуд.
Матраимов ва аъзои хонаводааш иртиботи худро бо Саймаитӣ ва фасодкорӣ дар гумруки Қирғизистон рад мекунанд. Вай ва аъзои хонаводааш баъд аз нашри таҳқиқот ба додгоҳ даъво бурда, аз туҳмат шикоят карданд.
Самидин-уулу Сагинбек, раҳбари гуруҳи таҳқиқоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар, ҷаласаи порлумонии рӯзи 2-юми июн гуфт, ду шоҳид хабар додаанд, ки Саймаитӣ ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ "100 ҳазор доллар додааст". Ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи он ки оё Сагинбек дар ин бора санаду ҳуҷҷати дигаре ҳам дорад, посухи рад дод.
То ин дам Алӣ Токтакунов, хабаранигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ ва гузоришгари асосӣ дар таҳқиқот ба марг таҳдид шудааст. Оилаи Матраимов дар парвандаи туҳмат Токтакуновро дар канори Радиои Озодӣ яке аз ҷавобгарон муаррифӣ карда буд.
Ҷейми Флай, президенти Радиои Озодӣ гуфт, ин иттиҳомот "ба назар мерасад, талоши охирин барои иқдомоти интиқомҷӯёна ба зидди рӯзноманигорон аз сӯи шахсони фасодзада барои ҳифзи сарват ва қудраташон аст".
Вай афзуд, дарвоқеъ Матраимов ҳоли ҳозир аз Алӣ Токтакунов ва бахши қирғизии Радиои Озодӣ шикоят мекунад, вале дар оғози имсол кӯшиш карда буд, ҳисоби бонкии бахши қирғизии радиоро бандад.
Президенти Радиои Озодӣ гуфт, "мо чунин талошҳоро барои таҳрифи ҳақиқат маҳкум мекунем ва бори дигар аз мақомоти Қирғизистон мехоҳем, то масъулони таҳдид ва кӯшиши тарсондани журалистонро ба ҷавобгарӣ кашанд".
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ якҷо бо Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи Kloop охири соли гузашта силсилаи таҳқиқоти рӯзноманигориро дар бораи ба хориҷ бурдани миллионҳо доллар аз Қирғизистон нашр карданд.
Рӯзи 10-уми ноябри соли 2019 дар шаҳри Истанбул яке аз чеҳраҳои калидии таҳқиқоти рӯзноманигорӣ - тоҷири уйғур Айэркен Саймаитӣ кушта шуд.
Муфаттишон гуфтанд, Саймаитӣ пеш аз он ки кушта шавад, бо тоҷири дигари уйғур Ҳабибулло Абдуқодир (соҳиби шиносномаи Қазоқистон) бар сари пул баҳс дошт.
Саймаитӣ ба хабарнигорон гуфта буд, дар маҷмуъ, тайи панҷ соли кор барои хонаводаи Абдуқодир беш аз 700 миллион долларро аз Қирғизистон ба хориҷ интиқол додааст. Ӯ барои кулли ин маблағҳо асноди кофӣ фароҳам накард, аммо тибқи таҳқиқе, ки баъдан пулиси зиддифасоди Қирғизистон анҷом дод, рақамҳои воқеӣ метавонад бамаротиб бештар аз ин бошад.
Номи Ҳабибулло Абдуқодир, ки дар Осиёи Марказӣ, Аврупову Имороти Муттаҳидаи Араб ва Амрико дороиҳои зиёд дорад, то замони нашри таҳқиқоти Радиои Озодӣ, OCCRP ва Kloop ба ҷомеа ошно набуд.