Дар Тоҷикистон, ки то як ҳафта пеш аз пур будани шифохонаҳо ва афзоиши гирифторони COVID-19 шикоят мешуд, пизишкон якбора аз кам шудани сафи маризон ва холӣ шудани баъзе аз катҳои беморӣ хабар доданд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳам мегӯяд, дар рӯзҳои ахир муроҷиати беморон кам шудааст.
Мутахассисон коҳиши муроҷиати сокинонро ба бемористонҳо ҳанӯз поёни бархӯрд бо коронавируси нав намедонанд. Онҳо мегӯянд, бахше аз мардум дар хонаҳои худ муолиҷа мегиранд, чун мақомот гуфта буданд, танҳо беморони вазъашон сангинро қабул мекунанду бас.
Ва, инчунин, нобоварӣ ба омори расмӣ, ки Вазорати тандурустӣ эълон мекунад, ин нидоҳои хурсандиро зери соя мебарад.
Ба иттилои расмӣ то 25-уми май тақрибан 1400 нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтаанд. Беш аз 3 ҳазор кас ба он гирифторанд ва 46 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Аммо дар феҳрасти ғайрирасмии қурбониёни коронавируси нав ва "илтиҳоби шуш" номи беш аз 340 фавтида дарҷ ёфтааст.
Рӯзи 25-уми май дар чаҳор бемористони пойтахт ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзҳои ахир теъдоди мубталоён ба бемории COVID-19 коҳиш ёфта, ҳамарӯза даҳҳо нафарро ба хонаҳояшон ҷавоб медиҳанд. Аз ҷумла, дар шифохонаи "Истиқлол"-и Душанбе субҳи 25-уми май 25 нафареро, ки бо нишонаҳои ин беморӣ бистарӣ буданд, рухсат додаанд.
Ин дар ҳолест, ки ба мудирони бемористонҳои давлатӣ ва пизишкону парасторон дастур шудааст, ки ба матубот ҳеч гуна маълумот надиҳанд. Вазорат танҳо дар як рӯз як дафъа дар бораи шумори гирифторон ва фавтидагон гузориш медиҳад ва ҷузъиёти онро дар ихтиёри расонаҳо намегузорад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, бисёриҳо ба маълумоти расмӣ бо шубҳа менигаранд ва аз он нигаронанд, ки сокинон бепарво нашаванд ва мавҷи дувуми бемориро ба вуҷуд наоранд.
Эмомалии Мирзо, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, 25-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи гирифторшавӣ ба ин беморӣ паст шудааст, вале бо муроҷиат ба мардум мегӯем, аз эҳтиёт кор гиранд".
Дар вилояти Суғд, ки дар баробари Душанбе яке аз нуқтаҳои доғи сирояти коронавирус ба сокинон дониста мешавад, худи табибон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз беҳбуди вазъ хабар медиҳанд. Аз ҷумла, мақомот дар шаҳри Бӯстон гуфтанд, беш аз 200 бемори илтиҳоби шадиди шуш ва гумонбарони коронавирусро бистарӣ карда буданд ва аксари онҳоро ҷавоб додаанд. Ба иттиллои мақомот, дар ҳоли ҳозир дар 18 ноҳияи Суғд ҳудуди 400 нафар зери назорати пизишкон ҳастанд.
Вале Нуралӣ Додалиев, муовини сардори Идораи тандурустии вилояти Бадахшон, 25-уми май ба Радиои Озодӣ вазъи бемориро дар вилоят "қаноатбахш" номид. Вай гуфт, ба сабаби он ки беморӣ дар вилоят нисбат ба минтақаҳои дигар дертар сироят кард, ҳанӯз ҳам беморон дар шифохонаҳои Хоруғ табобат мегиранд.
Ин ҳамсуҳбати мо омори дақиқи беморонро нагуфт, вале афзуд, "шифоёфтаҳо бештар аз афроди бистаришуда ҳастанд".
Коршиносон мегӯянд, аксари беморон дар хона муолиҷа мегиранд ва мақомот набояд онҳоро фаромӯш кунанд. Мадина, сокини ноҳияи Ёвон, мегӯяд, ду ҳафта боз дар хона табобат мегирад. Ҳамроҳ бо ӯ шавҳар ва хушдоманаш ҳам давраи бемориро пушти сар мекунанд.
Мадина гуфт, аз рафтан ба дармонгоҳ худдорӣ карданд, "чун гуфта буданд, ки дар шифохонаҳо танҳо беморони вазнинро қабул мекунанд. Бинобар ин, беҳтар донистем, ки дар хона табобат гирем."
Ҳанӯз омори расмӣ дар мавриди бемороне, ки дар шароити хона табобат мегиранд, ошкор нашудааст. Як мусоҳиби мо, ки дар яке аз дармонгоҳҳои пойтахт фаъолият мекунад, бе зикри номаш гуфт, "табибони оилавиро маҷбур карданд, то омори онҳоеро, ки дар хона табобат мегиранд, ҷамъ биоранд. Рақамҳо ҳаст, аммо намегӯянд."
Дар ҳамин ҳол, Абдухалил Холиқзода, мудири Бемористони Ибни Сино кам шудани беморон дар шифохонаҳоро на ба маънои коҳиши беморӣ дар кишвар, балки ба хонадармонӣ рӯй овардани беморон номид.
Холиқзода дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мардум бо чанд сабаб аз муроҷиат ба бемористонҳо худдорӣ мекунанд ва ин ҳолатҳои хонадармониро миёни беморон афзоиш додааст: "Боварӣ ба бемористонҳо кам аст, дуюм онҳо пул надоранд, сеюм аз таҷриба диданд, ки ҷасади фавтидаҳо ба хешовандон дода намешавад ва чаҳорум дар дармонгоҳҳо ба беморон гуфта истодаанд, ки дар хона табобат гиред."
Мудири Бемористони Ибни Сино тавсия дод, ки дар ҳолати холӣ будани тахтҳои бемористонҳо одамон табобатро дар бемористон ва зери назари мутахассисон бигиранд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз он нигаронанд, ки сокинон бо шунидани гӯё нест шудани вируси нав дубора дар кӯчаҳо ҷам мешаванд ва бепарвоӣ метавонад мавҷи дигари бемориро ба вуҷуд орад. Мақомот ҳоло бештар ба таблиғи он машғуланд, ки беморӣ кам шудааст, вале маълум нест ин корро барои таскини сокинон мекунанд, ё кам нишон додани омори гирифторону фавтидагон ва ё нишон додани натиҷаҳои кори худ.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!