Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байкерҳои финӣ духтаронро ба таҳсил фаро мехонанд. ВИДЕО


Ҳабдаҳ мототсиклрон аз Финландия бо тай кардани 17 кишвар ва 15 ҳазор километр, мехоҳанд таваҷҷӯҳи мақомот ва мардумро ба таҳсили духтарон ҷалб созанд.

Даниели 30-сола бо мототсиклаш 4 кишварро тай карда, ахиран ба Тоҷикистон расид. Ӯ бояд дар маҷмӯъ 15 ҳазор километр ва 17 кишварро убур кунад. Ҳадаф аз ин сафари Даниэл ва ҳамроҳони ӯ, танҳо ҷаҳонгардӣ ва сайёҳат бо мототсикл нест. Онҳо як пайём доранд --мехоҳанд таваҷҷӯҳи кишварҳоро ба зарурати таҳсили духтарон ҷалб созанд.

Тибқи омори расмӣ, дар соли 2017 даҳ ҳазор волидон барои иҷро накардани масъулияти худ дар тарбияи фарзанд, ҷарима шудаанд. Яке аз омилҳои аслӣ ҳам аз мактаб дур мондани фарзандон будааст.

Даниел Амосов, роҳбари гурӯҳи 17-нафараи мототсиклронҳо аз Финдландия аст, ки рӯзи 19-уми май ба Тоҷикистон расиданд. "33 рӯз аст, ки мо дар роҳем. Мо Ҳиндустону Непал, Чину Тибет ва Қирғизистонро тай кардем. Дар Финландия низоми таҳсил қавӣ аст ва мо мехоҳем ба кишварҳои Осиё ва Ҳиндустон нишон диҳем, ки ҳамаи кӯдакон имконияти баробари таҳсилро доранд."

Сафари гурӯҳи иборат аз 17-нафарии мототсиклронҳои финландӣ, аз Ҳиндустон шурӯъ шудааст. Онҳо дар ин кишвар аз чанд мактаб дидан карда, ба ин хулоса омадаанд, ки дастрасии духтарон дар Ҳиндустон ба таҳсил дар сатҳи поин қарор дорад. Даниэл мегӯяд, онҳо дар ҳар кишвар дар бораи вазъи таҳсили духтарон маълумот ҷамъ оварда, тавассути блогҳои худ дар интернет ҷаҳониёро аз ин вазъ огоҳ хоҳанд кард.

"Дар Ҳиндустон мо таваҷҷӯҳ кардем, ки дар бораи мушкили таҳсил сиёсатмадорон чизе намегӯянд ва касе ба ин мушкил таваҷҷӯҳ намекунад. Мо навору сурат мегирем ва блогҳои зиёд дорем, ки дар ин бора он ҷо бо забонҳои финӣ ва англисӣ нақл мекунем. То одамон бидонанд, ки чунин мушкилот вуҷуд дорад ва он бояд ҳал шавад",-афзуд вай.

Мототсиклронҳо аз он нигаронӣ карданд, ки дар бархе аз кишварҳо духтарон ба далели дастрасии маҳдуд ба таҳсил наметавонанд пулис ва ё сиёсатмадор шаванд. Илка Лавас, яке аз ин мототсиклронҳои финландӣ, рӯзи 20-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин мушкил дар аксар кишварҳо вуҷуд дорад.

"Мо 17 кишварро тай мекунем ва дар ҳар кишвар вазъ мухталиф аст. Барои мисол, дар Непал духтарон бештар ба кори хона машғуланд, ба волидон кӯмак мерасонан, хӯрок мепазанд ё маҷбуранд ҷое кор карда, ба оила даромад оранд, бинобар ин барои мактабу таҳсил вақт надоранд. Аз ин сабаб, дар ин кишвар барои духтарон мактаби шабона ташкил шудааст, вале дар ин минтақа барқ нест ва чунин мактабҳо ба кӯмак ниёз доранд",-афзуд Илка Лавас.

Байкерҳои финӣ духтаронро ба таҳсил фаро мехонанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Дар Тоҷикистон мототсиклронҳо ҳамагӣ ду рӯз монданд ва дар робита ба вазъи таҳсили духтарони тоҷик бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон мулоқот карданд. Афердита Спаҳия, раҳбари Барномаи омӯзишии бунёди атфоли СММ ё ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон зимни ин сӯҳбат бо мототсиклронҳо гуфт, фарогирии духтарон ба таҳсил дар ин кишвар дар синфҳои ибтидоӣ хуб аст ва қариб ҳама духтарон мактаб мераванд, аммо ба гуфтаи ӯ, дар зинаҳои болотари таҳсил вазъ тағйир меёбад ва дастрасии духтарони наврас махсусан дар минтақаҳои дурдаст ба омӯзиш маҳдуд мешавад.

Сабаби аслии тарки таҳсил кардани духтарони тоҷик дар синфҳои болоӣ ба гуфтаи Афердита, ба мушкили иҷтимоӣ ва иқтисодии хонаводаҳо вобаста аст. Маъмулан ба таъкиди ӯ, духтарон аз оилаҳои камбизоат наметавонанд таҳсилро дар мактаб идома диҳанд. "Ҳамчунин як сабаби дигар муҳоҷират аст. Вақте падару модарон ба муҳоҷират мераванд, духтарон бисёр масъулиятро дар хонавода ба дӯш мегиранд ва ё ҳамроҳи волидон мераванд ва онҷо ба далели надонистани забон аз таҳсил дур мемонанд",- меафзояд Афердита

Бар асоси як пажӯҳиши Бунёди атфоли СММ ё ЮНИСЕФ, дар Тоҷикистон 30 дарсади наврасону ҷавонони аз 15 то 28 сола аз таҳсил, касбомӯзӣ ва ҷойи кор маҳруманд. Аз ин теъдод 90 дарсадро ҳам духтарон ташкил медодаанд. Намояндаи бунёди атфоли СММ мегӯяд, барои ҷалби духтарон ба таҳсил аз сӯи ин созмон чандин лоиҳа ба роҳ монда шудааст, ки тавассути онҳо дар бархе минтақаву ноҳияҳои кишвар ба наврасону сокинон зарурати таҳсил фаҳмонида мешавад.

Бо вуҷуди он, ки мақомоти Тоҷикистон аз беҳтар шудани вазъи фарогирии духтарон дар солҳои ахир ва ҳузури чашмраси онҳо дар дарсҳо хабар медиҳанд, дар маҷмӯъ дастрасии духтарон ба таҳсил ба вижа дар минтақаҳои дурдасти ин кишвар ҳанӯз як мушкил боқӣ мемонад. Бештар хонаводаҳои муҳофизакор ва ё онҳое, ки имконоти маҳдуди молӣ доранд, бо ин андеша, ки духтарон шавҳар мекунанд ва ба таҳсил зиёд зарурат надоранд, монеи таҳсили онҳо мешаванд. Бархе аз ин духтарон баъдан, вақте дар зиндагии мустақилона ба далели надоштани донишу маълумот ба мушкил дучор мешаванд, рӯ ба таҳсил меоранд ва ба мактабҳои шабона мераванд.

Мисли Манзура, ки ҳоло соҳиби 4 фарзанд аст ва мегӯяд, ба далели тангдастии хонавода дар вақташ натавонист таҳсилашро баъд аз синфи 9 идома диҳад ва соҳиби шаҳодатнома шавад. "Аз синфи 9 баромада кор кардам, дӯзандагӣ мекардаму барои хонавода кӯмак менамудам. Ҳоло акнун мехоҳам соҳиби маълумоти олӣ бошаму зиндагии худам ва фарзандонро беҳтар созам. Бинобар ин, ба мактаби шабона омадам ва тасмим дорам ҳуҷҷатҳоямро ба Маркази милии тестӣ барои идома таҳсил дар донишгоҳ супорам."

Тибқи омори расмӣ, дар соли 2017 даҳ ҳазор волидон барои иҷро накардани масъулияти худ дар тарбияи фарзанд, ҷарима шуданд. Яке аз омилҳои аслӣ ҳам аз мактаб дур мондани фарзандон будааст. Бино ба арзёбии ахири Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал, 30 дарсади духтарони тоҷик баъд аз таҳсили ҳатмӣ то синфи 9 дигар хонданро идома намедиҳанд ва ҳамин мушкил як сабаби дигари кам будани теъдоди духтарони тоҷик дар донишгоҳҳои олиии Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG