Ба андешаи оқои Зоиров, рад шудани тарҳи пешниҳодии ҳизбҳо ба Қонуни интихоботи президент ба он маъно нест, ки дар интихобот ширкат набояд накард. Раҳматулло Зоиров рӯзи 25-уми июн ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки изҳороти расмии худ дар мавриди пешниҳоди номзадиаш дар интихоботи президентии Тоҷикистонро дар авоили моҳи июл эълон хоҳад дошт.
«Ман қаблан дар як нишаст дар Душанбе гуфтам, ки бо такя ба неруҳои демократӣ умед баста метавонам номзадии худро пешниҳод кунам ва мубориза кунам ва ин роҳи дуруст аст, ки интихоб кардам ва албатта ин тасмими ман ҷиддӣ аст ва дар оғози моҳи оянда расман эълон хоҳам дошт.»
Дар робита ба ин суол, ки оё дар ҷомеаи Тоҷикистон аз пуштибонии иҷтимоии мардум то кадом андоза таваққуъ доред ва оё фикр мекунед, ки дар баробари мошини таблиғотии президент Эмомалӣ Раҳмон метавонед раъйи лозими мардумро ба даст оред, ҷаноби Зоиров афзуд, вақте вай мегӯяд, ки бо такя ба неруҳои демократӣ вориди мубориза хоҳад шуд, маънои онро надорад, ки танҳо Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби демократӣ ва созмонҳои демократиро дар назар дорад. Балки вай мардуми кишвар ва ҳар нафаре, ки ақидаи демократӣ дорад, онҳоро дар назар дорад: «Яъне ба ҳар шаҳрванде, ки дар ҳақиқат мехоҳад дар Тоҷикистон ислоҳоти демократӣ ба вуҷуд ояд ва талаби дигаргунии демократиро дорад, дар назар дорам.»
Ин дар ҳолест, ки моҳи гузашта Маҷлиси намояндагон тарҳи пешниҳодии аҳзоб ба Қонуни интихоботи президентро рад карда, охирин умеди неруҳои демократӣ барои баргузории интихоботи шаффофи президентиро барбод дод. Ҳизби сотсиал-демократии Тоикистон ва ҳизбҳои дигар ширкат дар интихоботи президентиро бидуни ин тағйирот беҳуда медонистанд, вале ҳоло Раҳматулло Зоиров мехоҳад бо пешниҳоди номзадии худ, вориди корзори интихоботи президентӣ шавад.
Оқои Зоиров дар ин робита гуфт: «Албатта, вақте ки тарҳи пешниҳодии мо рад карда шуд, мо ҳеҷ боварӣ ва умеде ба баргузории интихоботи шаффоф дар Тоҷикистон надорем, вале ин маънои онро надорад, ки мо дар интихобот ширкат накунем.»
Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ба ин назар аст, ки «ҳар интихоботе, ки барои демократисозии ҷомеа як қадам пеш мебарад, дар он бояд иштирок кард.»
Ҷаноби Зоиров таъкид мекунад, ки вазъи имрӯзаи Тоҷикистон ба ин шакл аст, ки сарфи назар аз натиҷаи умумии интихобот, неруҳои демократӣ ба мардум нишон дода тавонанд, ки ҷомеа дар ин маъракаи сиёсӣ аз кӣ ва кадом номзади шоиста метавонад ҷонибдорӣ кунад ва мардум дарк кунад, ки сарчашмаи аслии ҳокимияти давлатӣ танҳо мардум буда метавонад ва ин шикасти онҳо набуда, пирӯзӣ дар интихобот аст.
Интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор мешавад ва то кунун ба ҷуз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, ҳеҷ гуруҳ ё ҳизби дигар номзади худро барои ширкат дар он муаррифӣ накардааст.