Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноиби Жириновский: “Суханони Владимир Волфович мавқеи Кремлин нест"


Владимир Овсянников
Владимир Овсянников

Владимир Овсянников, муовини аввали раиси ҷиноҳи ЛДПР дар Думаи давлатӣ дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ изҳороти Жириновскийро шарҳ дод.

Сӯҳбати мо бо Владимир Овсянников дар ҳоле пахш шуд, ки рӯзи душанбе Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон сафири Русия дар ин кишвар, Юрий Поповро даъват кард ва эътирози мақомотро ба гуфтаҳои депутати Думаи давлатӣ Владимир Жириновский дар телевизиони Русия ба ӯ супурд.
Жириновский дар яке аз барномаҳои телевизионии Русия нисбат ба Тоҷикистон суханони ноcазо гуфт: "Исломгароёни толиб Тоҷикистонро зери по хоҳанд кард ва Эмомалӣ Раҳмонро дар маркази Душанбе мисли Наҷибулло ба дор хоҳанд кашид." Ин намоиши телевизионӣ, ки бо пирӯзии Жириновский ба поён расид, ба мушкили муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия ихтисос дошт. Раҳбари либерал-демократҳои Русия ҳамчунин хостори ҷорӣ шудани раводиди сафар барои кишварҳои Осиёи Марказӣ шуда, гуфт, Русия худ нерӯи кофӣ дорад, ки ба иллати сарозер шудани фавҷи муҳоҷирони корӣ ба Русия бекор мондаанд

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00
Линки мустақим


Дар ҳоле, ки дафтари Жириновский гуфт, ӯ омода нест бо хабарнигорон сӯҳбат кунад, Владимир Овсянников, муовини аввали раиси ҷиноҳи ЛДПР дар Думаи давлатӣ дар сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ изҳороти Жириновскийро чунин шарҳ дод:

Овсянников: Владимир Волфович нисбати мардум ва раҳбарияти Тоҷикистон аслан эҳсоси бадбинӣ надорад. Хоҳиш дорем, ки ба ин мавзӯъ ҳамчун як ток-шоуи сиёсӣ муносибат шавад. Жириновский наметавонад ба унвони намояндаи расмии Кремл арзёбӣ шавад. Ин мавқеи расмии Русия нест. Дар авҷи баҳсҳо, эҳтимолан ҷаноби Жириновский ба ташреҳи муқоисавӣ роҳ дод ва гуфт, ки фаразан, дар сурати бад шудани вазъи иқтисодии Тоҷикистон, эҳтимол дорад ҳодисаҳои ғайри қобили пешбинӣ шавад. Жириновский як сиёсатмадор ва нотиқи инфиродӣ аст, ки ба ҳамин шакл одат дорад сӯҳбат кунад. Ба ҳеҷ сурат, Владимир Волфович мардуми Тоҷикистон ва раҳбарияти ин ҷумҳуриро ранҷонданӣ набуд. Ин як ток-шоуи сиёсӣ буд.

Озодӣ: Яъне барои ӯ ин як сирк аст?

Овсянников: Сирк нест, вале ток-шоу аст, чӣ хеле хоҳед, фаҳмед.

Озодӣ: Бисёриҳо ва на фақат дар Русия кайҳост Жириновскийро ҷиддӣ қабул намекунанд, вале, ба ҳар ҳол, вақте ӯ чунин изҳорот медиҳад, дар Тоҷикистон бад қабул мешавад.

Овсянников: Ман танҳо мехоҳад илова кунам, ки Жириновский як шахси эҳсосотӣ аст ва ӯ дар гузашта ингуна изҳороти хеле зиёди тундлаҳнро нисбати дигар шахсиятҳои маъруфи Русия ҳам ба забон овардааст. Масалан, дар нисбати Горбачев ё Ткачев гуфтааст: “бояд дор овехта шавад”, ё “ба Магадан фиристода шавад” ва ғайра. Вале боз ҳам ин мавзӯъҳоро як сӯ мегузоранду сари мизи гуфтугӯ менишинанд ва корро пеш мебаранд.

Озодӣ: Дар ин охирҳо дар Русия якбора чанд амале рух дод, ки Тоҷикистонро шадидан нороҳат кард. Аз ҷумла, Рогозину Онишенко ба истгоҳи Оқсарай рафта ҳаракати як бахши қаторҳои роҳи оҳанро масдуд карданд. Боз ҳам таҳдиди пеш аз мӯҳлат ҷорӣ кардани паспортҳои хориҷиро ба забон оварданд ва ишора карданд, ки ин ҳама дар посух ба талаботи Тоҷикистон барои боло бурдани мизони кӯмакҳо бар ивази иҷораи пойгоҳ карда мешавад. Душанбе ҳам худро ҳақ мешуморад ва мегӯяд, ки вақте омода аст ба мӯҳлати тӯлонӣ қаламрави худро дар ихтиёри низомиёни рус қарор диҳад, подоши беҳтаре
Владимир Жириновский
Владимир Жириновский
ҳам бояд бар иваз дошта бошад. Чаро норизоияти Тоҷикистонро дар Русия дуруст қабул намекунанд ва иддао мешавад, ки гӯё Маскав мехоҳад бо муттафиқонаш дар минтақа сиёсати созанда бунёд кунад?

Овсянников: Бале, дар тақвияти равобити дӯстонаи байни кишварҳои мо пеш аз ҳама президенти кишвар (Владимир Путин) манфиатдор аст.

Озодӣ: Пас Жириновский Путинро беобрӯ мекунад?

Овсянников: На, ин тавр нест. Масъала ин аст, ки мо имрӯз воқеан ҳам масъалаи таъмини сокинони бумиро бо кор эҳсос мекунем.

Озодӣ: Вале мардуми маҳаллии Русия намехоҳад кореро кунад, ки онро шаҳрвандони кишварҳои мисли Тоҷикистон анҷом медиҳанд.

Овсянников: Ман мефаҳмам, бале. Масъала хурд нест, он чанд паҳлӯ дорад. Аз ҷумла, фасоздаза будани мақомоти мо, ҳалношуда мондани ҷараёнҳои муҳоҷират ва дигар масъалаҳо. Эҳтимолан, мақомдоре фикр мекунад, ки беҳтараш каме пора бигирад ва бигузорад, ки ин нафари хориҷӣ дар ҳолати беҳуқуқӣ кор кунад. Бале, ин мардум бонизом ҳастанд, онҳо якдигарро эҳтиром мекунанд, меҳнатдӯсту инсонҳои хубанд. Мо бо ҳамдигар таърихи муштарак дорем. Масъала дар ин ки бекорӣ дар сатҳи федеролӣ ва маҳаллӣ ҳал намешавад. Мо бо мақомдорҳои порахӯре, ки омодаанд як шаҳрвади Тоҷикистонро бо пули андак ва бидуни риояи тамоми ҳуқуқи ӯ ба кор гиранд, бояд мубориза барем. Мо медонем, ки агар ӯ як шаҳрванди Русияро ба кор гирад, бояд андоз супорад, муолиҷаи тиббии ӯро таъмин кунад ва ғайра. Ва интихобкунандагони ЛДПР ҳам маҳз қишри нодор ва ё аз миёна пасти Русия аст ва ҳар чизе ки Жириновский мегӯяд, барои пуштибонӣ аз манфиатҳои интихобкунандааш равона шудааст. Ман бо шумо розӣ ҳастам, ки ӯ метавонад лаҳнашро каме нармтар кунад, вале Владимир Волфович як шахси эҳсосотӣ аст. Дар робита бо Рогозину Онишенко бошад, бигузор худашон посух диҳанд.

Озодӣ: Ҷаноби Овчинников. Шумо 18 сол узви ЛДПР ҳастед ва фикр намекунед, ки маҳз ҳамин изҳороти баҳсбарангези Жириновский ва мавқеи ҳизби шумо боиси тавсеаи гурӯҳҳои миллатгаро, бегонабадбин шуда, мубаллиғи нафрат ба ғайрирусҳо шудааст?

Овсянников: На, ман чунин фикр намекунам. Мо як оппозитсияи эътирофшуда ҳастем. Мо ба қонун итоат мекунем ва зери назари ҷомеа қарор дорем. Мо мардумро таҳрик намедиҳем, мо наметавонем иҷозат диҳем, ки системаи мавҷуда, аз ҷумла дар масоили миллӣ хароб шавад. Созмонҳои хеле зиёди чапгарои радикал буданд, ки мехостанд ба парлумон роҳ ёбанд, вале муваффақ нашуданд. Ҳизби мо манфиатдор аст, ки муносиботи ду кишвар хуб бошад ва вазъи иқтисодии кишварҳои мисли шумо осеб набинад.
XS
SM
MD
LG