Ҷунайд Ҳомидов, падари Низомиддин Ҳомидов рӯзи 10-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки субҳи имрӯз бо Зайнуддин Назриев, ки гӯё сабабгори марги фарзандаш шудааст, сӯҳбат кардааст, аммо вай худро дар марги Низомиддин гунаҳгор надонистааст.
Ба гуфтаи падари Низомиддини 27-сола, ки дар поёни моҳи март дар шӯъбаи корҳои дохилии Вахш пас аз як шаби боздошт ба ҳалокат расидааст, Зайнуддин Назриев гуфтааст, ки дар он шаб вай дар ҳақиқат навбатдори боздоштгоҳ буд, вале аз боздошту латту кӯб ваё худкушии Низомиддин хабар надорад. Ин навбатдори боздоштгоҳи шӯъбаи умури дохила (ШКД)-и ноҳияи Вахш гуфтааст, Низомиддин дар шӯъбаи корҳои дохилӣ мавриди пурсиш қарор гирифта буд, на дар боздоштгоҳ.
Ин дар ҳолест, ки шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Вахш ба далели марги як сокини ин ноҳия дар боздоштгоҳи ШКД-и Вахш дар нисбати нозири ин боздоштгоҳи муваққатӣ Зайнуддини Назриев, тибқи моддаи 322 Кодекси ҷиноӣ, яъне хунукназарӣ, парванда боз кардааст.
Зебо Қосимова, вакили мудофеъи Низомиддин Ҳомидов, сокини ноҳяи Вахш ки бино ба иддаои волидонаш, дар натиҷаи латту кӯби кормандони милисаи ин шӯъба ҷон додаст, рӯзи 10-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки масъулони ШКД-и Вахш пас аз рух додани ин ҳодиса алайҳи нозири боздоштгоҳи мувақатӣ Зайнуддини Назриев, парванда боз кардаанд. Тавре масъулони ШКД-и Вахш дар шарҳи моддаи мазкур гуфтанд, гӯё дар натиҷаи «хунукназарии нозири боздоштгоҳ» Низомиддин Ҳомидови 27-сола худро овехта бошад.
Зебо Қосимова, афзуд, ки имрӯз ба ноҳияи Вахш меравад ва бо мақомоти умури дохилаи ноҳия дар робита ба ин қазия мулоқот хоҳад кард.
Ҷунайд Ҳомидов аксҳои писараш бо доғҳои хун дар натиҷаи латту кӯбро ба Маркази ҳуқуқи инсони Тоҷикистон пешниҳод кардааст ва Зебо Қосимова гуфт, ки ин ҳама санадҳоро дар даст дорад.
Ба гуфтаи Ҷунайд Ҳомидов, падари Низомиддин, кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ (ШКД)-и ноҳияи Вахш фарзанди ӯро рӯзи 30 март аз назди як толори бозии билярд дар маркази ноҳия ба гумони дуздӣ боздошт карда, ба шӯъбаи пулис овардаанд, вале рӯзи дигар хабар додаанд, ки ҷасади писарашро бубарад.
Мақомот гуфтаанд, ки писараш дар камера бо майкае ки дар тан дошт, худро овехтааст. Вале Ҷунайд Ҳомидов ба ин фарзияи мақомот бовар надорад ва мегӯяд, ки дар як шаб бачаашро ончунон латту кӯб карданд, ки қабурғаҳояш шикаставу доғҳои сиёҳ дар баданаш рӯшан дида мешуд. Аммо мақомот дар бораи изи доғҳо дар ҷисми Низомиддин Ҳомидов изҳори назар накардаанд.

Иддаои нав дар бораи марги боз як нафар бара сари латтукӯб дар боздошт дар ҳолест ки мақомоти интизомии Тоҷикистон дар солҳои охир ба далели вуҷуди шиканҷа мавриди интиқодҳои батакрори созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар қарор гирифтаанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар се соли ахир дар Тоҷикистон дастикам 6 нафар, бо шумули Ҳамза Икромзода, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов, Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев ва Умедҷон Тоҷиев дар пайи боздошт ваё дар зиндон ва зоҳиран бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидаанд. Аз ин миён то имрӯз танҳо пайвандони Исмоил Бачаҷонов тавонистаанд аз идораи зиндонҳои вазорати адлия 30 000 сомонӣ, пайвандони Сафаралӣ Сангов аз вазорати дохила – 46 000 ва модари Баҳромиддин Шодиев – аз пулиси ноҳияи Шоҳмансури Душанбе 14 000 сомонӣ товон рӯёнанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ аммо мегӯянд, шиканҷаву бадрафторӣ як падидаи фарогир дар сохторҳои интизомии Тоҷикистон боқӣ мемонад ва омори расмии мақомот тамоми мавридҳои шиканҷа дар боздоштгоҳҳову зиндонҳои ин кишварро дар бар намегирад.