Заррина Назарова, аксбардори ҷавони тоҷик мегӯяд, мехоҳад, ки аксҳои ӯ дар маҷаллаи хоси ширкати “Сомонэйр” зеботарин шахсият ва манзараву иншооти Тоҷикистонро намоиш диҳад, то ки хориҷиҳо майли сафар ба кишвари ӯро дошта бошанд. Ӯ 32 сол дорад ва аксҳои нави ӯ бо чеҳраи меҳмондори ҳавопаймо, ки либоси нави ин ширкатро муаррифӣ мекунад, ҳафтаи ҷорӣ дар миёни тамошобинони интернетӣ баҳои баланд гирифт.
Заррина, ки худро ҳанӯз аксбардори касбӣ гуфта наметавонад, чанд сол аст, ки пайгирона дар ин ҷода кор мекунад. Заррина бо ихтисоси забоншинос ва тарҷумони забони чинӣ донишгоҳи Славянии Душанберо хатм карда, нӯҳ сол баъди ин ба ҳайси меҳмондор дар ҳавопаймоҳои ширкатҳои “Тоҷик-Эйр” ва “Сомон-эйр” кор кардааст. Вале ҳоло ӯ ба аксбардорӣ пардохта мегӯяд, ки аз кораш як лаззати маънавиву ахлоқӣ мегирад. Вай дар сӯҳбат бо Озодӣ мегӯяд, ки дарси аксбардориро дар Интернет азхуд кардааст. Баъдан ба маҳфили аксбардорони Тоҷикистон дар сайти foto.tj, ки муассисаш Эраҷ Турсунзода аст, шомил шуда, ҳамчунин дарсҳои онлайни Евгений Политарнийро (Маскав) ҳам гузаштааст. Вай гуфт, рӯзе аксҳои худро ба Тимур Бандишоев, сухангӯи ширкати “Сомонэйр” нишон дода изҳори ҳамкорӣ кардааст. "Рӯзе ман тасодуфан дар бозор мегаштам ва дидам, ки болои ғурфаи нонфурӯшӣ нури хеле зебое афтидааст. Ман зуд акси онро бардоштам ва он баъдан дар муқоваи маҷалла нашр шуд", - мегӯяд вай.
Заррина мегӯяд, ки аксбардорӣ дар оғоз танҳо машғулияти дӯстдоштаи ӯ буд, вале вақте дид, ки муҳаббаташ ба наворбардории манзараву чеҳраҳо бештар мешавад, ҷиддан бо ин кор машғул шуд. Вай мегӯяд, ҳамеша талош мекунад, акси хубе бигирад ва гоҳо аз 100-150 намуна танҳо як ё дуторо чун акси муваффақ интихоб мекунад. Мегӯяд, муҳаббати вай ба ин кор баъди он афзуд, ки соҳиби як дастгоҳи баландсифати аксбардорӣ шуд ва баъди он дигар ҳамеша дастгоҳро бо худ ба кӯчаву кор ва бозору меҳмонӣ меарад. Вай мегӯяд, ки бештар мехоҳад чеҳраи инсонҳоро аксбардорӣ кунад, чун чашмро оинаи дил гуфтаанд.
Ҳамкории Заррина Назарова бо маҷаллаи “Сомонэйр” ройгон ба роҳ монда шуда, танҳо ба хотири пешбурди малакаи касбии ӯ ба роҳ монда шудааст. Заррина гуфт, дар марҳилаи кунунӣ, ки ба пулу мол ниёз надорад ва аз ин ҷиҳат такягоҳаш ҳамсари булғориаш аст, имкон дорад, пурра ба кори эҷоду ҳунар машғул шавад. Ҳамсараш Ангел писари яке аз дипломатҳои булғориест, ки дар Тоҷикистон кор кардааст. Шавҳараш донишгоҳи забонҳои Душанберо хатм карда, ҳамроҳ шаш сол дар Тоҷикистон зиндагӣ карда соҳиби як фарзанд шудаанд. Ҳоло Зарринаву хонаводааш ба София кӯчадаанд ва ӯ омодагӣ мегирад, ки ба бахши магистратураи факултаи аксбардории Донишгоҳи нави Булғористон дохил шавад.
Журналист Темур Бандишоев мегӯяд, нахустин бор аксҳои Зарринаро дар Интернет дида бовар накардааст, ки ин сохтаи ҳамкораш буда метавонанд."Аксҳои Заррина хеле хубанд ва мо пайваста ҳамкорӣ мекунем", гуфт вай.
Заррина мегӯяд, ҳангоми аксбардорӣ талош мекунад бештар рангҳои шоду самимии зиндагиро бубинад, чун бе ин ҳам мардум мушкилоту дарду андӯҳи зиёд дорад. Баъзе мунаққидон мегӯянд, дар хориҷа чунин тасаввуре ҳосил шудааст, ки дар муқоиса бо баъзе ҳамсояҳояш Тоҷикистон гӯё як кишвари кӯчаку нодор ва ниёзманду пойбанди суннатҳои кӯҳнашудаи мардумист ва ба ҷуз чанд маҳсули чӯбиву ҳунари дастӣ чизи бештаре барои муаррифӣ надорад. Заррина мегӯяд, тавассути аксҳояш мехоҳад бигӯяд, ки шаҳри Душанбе ва кишвари вай дар ҳоли рушданд ва як нуқтаи дигари модерн дар харитаи фарҳангии ҷаҳон мебошанд: "Душанбе як шаҳри замонавӣ, босуръаттағирёбанда аст. Ин як “Гулободи” дақёнусӣ нест, ки дар хиёбонҳои он хару ароба мегардад. Ман талош мекунам, ки оянда, на гузаштаро аксбардорӣ кунад".
Заррина Назарова мегӯяд, дар Тоҷикистон аксбардорони боистеъдоди зиёде ҳастанд, ки кори онҳо бештар дар берун аз кишвар маъруф шудааст. Вай ба унвони мисол аз Михаил Романюк, Фарҳод Арабов, Эраҷ Турсунзода, Меҳрангез Баҳромӣ ва Лайлӣ Полвонова ном бурд. Вай гуфт, ҳанӯз ҳам барои касби аксбардорӣ дар Тоҷикистон маблағ ва маоши хуб пешкаш намешавад ва айни замон, аксари ҷавонҳо на бо ҳадафҳои тиҷоратӣ, балки барои дили худ кор мекунанд.
Нозим Қаландаров, аксбардори собиқадори дигари тоҷик, ки бо нашрияҳои зиёд ҳамкорӣ мекунад, ба ин андеша розӣ аст. Вай мегӯяд, сабаби аслии ҳанӯз рушд накардани соҳаи аксбардорӣ дар матбуоти Тоҷикистон ҳам дар он аст, ки ин машғулиятро “қадр намекунанд”.
Нозим гуфт, бо пешрафти фанновариҳову дастрасии мардум ба дастгоҳҳои навтарин ва хеле осон шудани ҷараёни нашри акс, шумори аксарбардорон ҳам меафзояд.
Вале бо ин вуҷуд, на ҳама метавонанд аксбардори касбӣ шаванд: "Аксбардор бояд назар дошта бошад, аммо аксари аксбардорони мо назар надоранд", гуфт вай.
Меҳрангез Баҳромӣ, ки бо тахаллуси “Мимиша” маъруф аст, мисли Заррина Назаров як эҷодкори ҳаваскор аст ва то имрӯз таҷрибаи ҳамкорӣ бо маҷаллаи “VIP zone”-ро дорад, мегӯяд, дар Тоҷикистон фаъолияти хонумҳои аксбардор кори чандон содда нест. Ӯ мегӯяд, худи ӯ танҳо барои худ ва наздиконаш аксбардорӣ мекунад ва намехоҳад, ки ин кори аслиаш дар зинадгӣ бошад. Меҳрангези 21-сола баъди хатми донишгоҳ дар як корхонаи тиҷоратӣ кор мекунад. Меҳрангез мегӯяд, ки ҳанӯз дар ҷустуҷӯ буда, шева ё стайли хусусии кори худро пайдо накардааст. Мегӯяд, аксҳои охири худро дар жанри Fashion, яъне авангард эҷод кардааст. Ӯ мегӯяд, ки дар шароити Тоҷикистон кори як зан ба ҳайси аксбардор чандон содда нест. "Масалан, дар мо ҳоло расм шудааст, ки маросими тӯйро дар тарабхонаҳо аксбардорӣ кунанд. Ҳар лаҳза одамони мухталиф шуморо наздашон хонда хоҳиш мекунанд, ки аксашонро гиред, баъзан дағалона рафтор мекунанд, ва гоҳо шумо бояд тамоми рӯз дар чунин шароит кор кунед. Ман барои худам ин корро чандон муносиб намебинам, ин барои як зан намезебад", гуфт ӯ.
Вале Заррина Назарова мегӯяд, ки умедвор аст баъди хатми донишгоҳи олӣ дар Булғористон метавонад ба унвони як аксбардони соҳибдиплом кор карда, аз ин ҳисоб даромади зиндагиашро ҳам таъмин кунад. Ӯ мегӯяд, дар зиндагӣ бисёр хушбин аст ва мехоҳад муҳаббаташро ба зиндагиву зодгоҳ ва мардуми Тоҷикистон тавассути аксҳояш бирасонад, то ки муҳити атрофаш каме рӯшантару пурнуртар шавад.