Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки рӯзи 10-уми ноябр дар нишасти Муколамаи "Осиёи Марказӣ+Ҷопон" дар Токио иштирок дошт, ба баҳсҳои обиву энержии минтақа дахл кардааст.
Ӯ дар суханронии худ гуфтааст, “дар солҳои охир мушкилоти обӣ-энергетикӣ боиси ҳамдигарнофаҳмии кишварҳои минтақа мегардад. Сабаби муҳим будани мавзӯъ, пеш аз ҳама, дар нодуруст маънидод кардани истифодаи захираҳои обӣ-энергетикии минтақа мебошад. Оид ба Тоҷикистон дар ин мавзӯъ, мо ҳеҷ гоҳ мақсад нагузоштаем, ки ба манфиати кишварҳои ҳамсоя зарар расонда, худ фоида гирем."
Тақсими захоири оби минтақа дар солҳои охир ба яке аз баҳсҳои муҳим ва ҷанҷолбарангези кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. Кишварҳои поёноби минтақа, махсусан Узбакистон, барои бунёди нерӯгоҳҳои азим дар кишварҳои болооби минтақа, дар Қирғизистону Тоҷикистон, мухолиф аст ва мегӯяд, дар сурати бунёди ин нерӯгоҳҳо ҳазорон гектар замини кишташ ташналаб хоҳанд монд. Иддаое, ки кишварҳои болооб онро рад карда мегӯянд, ҳадафи онҳо ба даст овардани нерӯи барқи зиёд аст ва нияти бастани роҳи об ба сӯи Узбакистонро надоранд.
Ҷаноби Зарифӣ дар идомаи сӯҳбатҳои худ масоили беҳдошту омӯзиш, қочоқи маводи мухаддир, таҳдиди паҳншавии экстремизму терроризм ва зарурати амалисозии тарҳи инфрасохторҳои минтақавӣ бо ҷалб намудани Афғонистонро матраҳ намудааст.
Дар ҷараёни ин нишаст ҷониби Ҷопон гуфтааст, барои татбиқи барномаҳои иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла истихроҷи газ ба ин кишварҳо ҳудуди 700 миллион доллар кӯмак хоҳад кард.
Пас аз ин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои ҷопониаш Коичиро Гембой дидору мулоқот анҷом дода, гуфтааст, "вақти ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳо расидааст". Ҷаноби Зарифӣ аз мақомоти Ҷопон хостааст, ки ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузории бештар кунанд.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед