Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили Занҷонӣ: "Зерҳимояам таъкид кард, пулҳоро пас бидиҳем"


Вакили дифои Бобаки Занҷонӣ мегӯяд, зерҳимояаш пас аз онки аз ҳукми эъдоми худ бохабар шуд, тавсия кардааст, ки масъалаи пулҳои блокшуда пайгирӣ шавад, то дар зудтарин фурсат қарзҳоро пардохт кунанд.

Расул Кӯҳпоязода, вакили дифои Бобаки Занҷонӣ, миллиардери зиндонии эронӣ, ки ҳафтаи гузашта ба иттиҳоми "фасод фил арз" ба қатл маҳкум шуд, рӯзи ҷумъаи 11 март ба хабаргузории эронии "Форс" гуфтааст, зерҳимояаш пас аз огоҳ шудан аз ҳукми додгоҳ, "беш аз пеш тасвия кард, ки масъалаи пулҳои блокшуда пайгирӣ шавад, то дар зудтарин фурсад битавонем қарзҳоро пардохт кунем."

Мақомоти қувваи қазоияи Эрон рӯзи 6-уми март эълон карданд, ҳукми Бобаки Занҷонӣ ва ду муттаҳами дигар, ки дар парвандаи нафтӣ муҳокима шуданд, дар додгоҳи ибтидоӣ содир шуд ва додгоҳ ин се муттаҳамро "муфсид фил арз" шинохтанд. Онҳо ҳамчунин ба баргардонидани амволи ҷониби шикояткунанда, ки Ширкати миллии нафти Эрон аст ва ба ҷаримаи пулӣ баробар ба як аз чаҳор ҳиссаи пулшӯӣ, маҳкум шудаанд."

Вакили дифои Бобаки Занҷонӣ ҳамзамон дар сӯҳбат бар хабаргузории "Форс" гуфтааст, ки айни ҳол "ҳатто агар қарзҳо пардохта шавад.... ин ҳукм аз сӯи додгоҳи ибтидоӣ имкони тағйир надорд." Вакили Бобаки Занҷонӣ таъкид кардааст, ки агар қарор бошад ҳукми додгоҳ тағйир ёбад, он бояд тавассути Девони олии кишвар сурат бигирад.

Мустафо Пурмуҳаммадӣ, вазири адлияи Эрон гуфтааст, ки агар Бобаки Занҷонӣ "ҳамкорӣ кунад ва пулҳоро пас бидиҳад, дар "ҳукмаш таъсир хоҳад гузошт." Дар вокуниш ба ин масъала, вакили дифои оқои Занҷонӣ мегӯяд, "пас аз онки зерҳимояам аз ҳукми содиршуда хабардор шуд, беш аз пеш тавсия кард, ки мавзӯи пулҳои блокшуда пайгирӣ шавад, то дар зудтарин вақт битавонем қарзҳоро пардохт кунем."

Расул Кӯҳпоязода, вакили Бобаки Занҷонӣ афзудааст, ки "масъулон мегӯянд, ки агар пул пардохт шавад, ҳатман дар тағйири ҳукм нақши мусбат хоҳад дошт. Қонунгузорӣ ҳам пешбинӣ кардааст, ки агар қарзҳо пардохта шавад, метавонем шоҳиди тағйир ҳукм бошем."

Бобаки Занҷонӣ ва вакилони дифои ӯ мегӯянд, ӯ мехоҳад пулҳоро бипардозад, аммо таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон боис шуд, то миллиардҳо доллари бадастомада аз фурӯши нафт, дар бонкҳои хориҷӣ блок шавад ва оқои Занҷонӣ то ба ҳол натавонистааст онҳоро бигирад ва ба Эрон интиқол бидиҳад.

Зуҳро Ризоӣ, мушовири ҳуқуқии бонки Занҷонӣ ҳафтаи гузашта дар пайи эълони ҳукми Бобаки Занҷонӣ дар гуфтугӯ бо бахши форсии ББС дар робита ба монеаҳо дар пардохти қарзҳои ин миллионери эронӣ гуфта буд, ки "вақте хабари пардохти қарзҳо аз тариқи бонкҳои Тоҷикистон расонаӣ шуд, сафорати Амрико ба онҳо (бонкҳои Тоҷикистон) тамос гирифт ва ҳамин масъала боис шуд, ки Тоҷикистон номаро қабул накунад. Дар он замон таҳримҳо алайҳи Эрон бардошта нашуда буд. Тоҷикистон низ манофеи миллии кишварашро тарҷеҳ дод ва нахост бо бонки Бобаки Занҷонӣ ва давлати Эрон ҳамкорӣ дошта бошад."

Хонум Ризоӣ ба ББС гуфта буд, ки онҳо ду моҳ аст, ки дар талоши пардохти қарзҳои оқои Занҷонӣ ҳастанд.

Бобаки Занҷонӣ ба ин муттаҳам шуда буд, ки "як миллион бушка нафт ба арзиши 300 миллион евроро аз ширкати миллии нафти Эрон гирифта ва аз маблағи 2 миллиарду 700 миллион евро, ки муваззаф шуда буд, пардохт кунад, 160 миллион евро пардохт кард ва боқимондаро сарфи корҳои шахсӣ намуд. Бобаки Занҷоӣ ва вакили дифои ӯ қаблан гуфта буданд, ки то вақте таҳримҳои Ғарб алайҳи Эрон бардошта нашавад, имкони баргардонидани қарзҳои ӯ ба ҳисоби ширкати миллии нафти Эрон, вуҷуд надорад.

Бобаки Занҷонӣ, ки бар асоси гузоришҳо дар давраи раҳбарии Маҳмуди Аҳмадинажод, президенти пешини Эрон ба ҳукумати ӯ барои кам кардани фишори таҳримҳои бонкӣ, кӯмак мекард, дар 25 декабри соли 2013 боздошт шуд. Додситонии Теҳрон Бобаки Занҷониро ба фасод, халалдор кардани иқтисодӣ кишвар, тақаллуби густурда аз ширкати миллии нафти Эрон, сохтакории асноди бонкӣ, ҷаъли дастури интиқоли байнибонкӣ, пулшӯӣ ва нашри хабарҳои дурӯғ, муттаҳам кардааст.

Як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Бобак Занҷонӣ нисбат дода мешаванд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо ӯ ҳамроҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардааст.

XS
SM
MD
LG