Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юсуф Абдусаломов - сармураббии мунтахаби Лаҳистон


Юсуф Абдусаломов
Юсуф Абдусаломов

Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин-2008, сармураббии дастаи мунтахаби гуштии озоди Лаҳистон интихоб шуд.

Юсуф Абдусаломов, ки 8-уми ноябри соли 1977 дар ҷумҳурии Доғистон таваллуд шудааст, аз соли 2002-юм узви дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон буд. Вай се бор Тоҷикистонро дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ намояндагӣ кардааст.

Юсуф Абдусаломов барандаи медали нуқраи Бозиҳои осиёӣ дар Бусани Кореяи Ҷанубӣ (соли 2002), қаҳрамони Осиё дар Ню-Делии Ҳиндустон (2003), ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ дар Душанбе (2003), дорандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Боку (2007), барандаи медалҳои биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (2008, 2012), барандаи медали нуқраи Бозиҳои XXIX тобистонаи олимпӣ дар Пекин (2008), ғолиби мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Ҳелсинки (2012) мебошад.

Юсуф Абдусаломов дар сӯҳбатҳои худ бо хабарнигорон борҳо гуфта буд, ки хоҳиш дорад дар Душанбе зиндагӣ кунад ва варзишгарони тоҷикро машқ диҳад, вале ӯ дар Тоҷикистон дастгирӣ наёфт.

Ин паҳлавони доғистонӣ бо гуштигирони лаҳистонӣ муносибати хуби дӯстона дошт ва бо даъвати онҳо зуд-зуд ба Лаҳистон сафар мекард. Вай бо онҳо якҷоя тамрин менамуд ва ба ҳамкасбонаш барои омодагӣ ба мусобиқаи байналмилалӣ кӯмак мекард. Гуштигирони лаҳистонӣ ба ӯ пешниҳод карданд, ки номзадиашро ба вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби миллии ин кишвар пешбарӣ намояд. Юсуф бар асоси озмун аз байни шаш номзад (се нафарашон хориҷӣ) ба ин вазифа интихоб шуд.

Юсуф Абдусаломов дар нахустин мусоҳибааш ба ҳайси сармураббии дастаи мунтахаби гуштии озоди Лаҳистон ба сомонаи wrestdag.ru гуфтааст, ки қарордоди ӯ барои давраи олимпист, вале ҳар сол тамдид меёбад.

Ӯ гуфтааст, ки бар асоси қарордод маоши вай ба меъёрҳои миёнаи аврупоӣ баробар аст ва дар мавриди нишон додани натоиҷи баланд дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Аврупо барои сармураббӣ мукофотпулӣ пешбинӣ шудааст. Дар навбати аввал Юсуф дар шаҳри Бялогарди Лаҳистон, ки дар он ҷо беҳтарин бошгоҳҳои гуштии кишвар ҷойгир шудаанд, ба сар мебарад. Баъдан мувофиқи ваъда ба ӯ дар шаҳри Варшава манзил дода хоҳад шуд ва Юсуф Абдусаломов баъди хотимаи соли таҳсили мактаббачагон аҳли хонаводаашро ба Лаҳистон мебарад.
XS
SM
MD
LG