Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Довталабии ҷавонон ба вакилӣ: Худҷӯш ё намоишӣ?


Асомиддини Шералӣ, номзади 22-сола
Асомиддини Шералӣ, номзади 22-сола

Дар интихоботи навбатии парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон, ки 1 марти соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд, теъдоде аз ҷавонон барои дарёфти курсӣ талош доранд. Аммо ин ҳама худҷӯш аст, ё намоишӣ?

Ин шабу рӯз гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик барои ба даст овардани дили сокинон ва пирӯзӣ дар интихоботи парлумониву маҷлисҳои маҳаллӣ дар рӯзи 1 март талош доранд.

Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, дар ин интихобот феҳристи номзадҳояшон ҷавонтар шудааст ва барои доштани вакили ҷавони худ дар парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ саъй хоҳанд кард. Иддаое, ки коршиносон онро бештар, чун худнамоишдиҳӣ дар самти дастгирии ҷавонон медоданд.

Аз донишгоҳ ба Маҷлис

“Ваъдаҳои хушку холии зиёд намедиҳам. Фақат як гап мегӯям, ки дар ҳолати пирӯз шудан дар интихобот якҷоя бо Шумо барои беҳбуди зиндагӣ ва кишвар кор мекунем”. Ин ҳарфҳоро ҷавонтарин номзад дар маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Асомиддини Шералӣ, дар сӯҳбат бо интихобкунандаҳо ба забон овард. Ӯ гуфт, дар сурати муваффақ шудан, ҳамеша дар миёни мардум хоҳад буд ва талош мекунад, тамоми ҳарфу дархости онҳоро ба мақомот бирасонад.

Асомиддини Шералӣ 22 сол дорад ва дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ таҳсил мекунад. Номзадии ин ҷавон аз рӯйхати Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ба маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур пешбарӣ шудааст. Асомиддин, ки ҳоло ба ҳайси муовини Маркази фанновариҳои иттилоотии шаҳри Душанбе низ фаъолият

дорад, гуфт, медонад, кор дар ин мақом барои як ҷавон осон нест, аммо чун ҳуқуқшинос талош мекунад, дар беҳтар шудани зиндагии мардум саҳм бигузорад. “Таваҷҷӯҳи бештар дар барномаи ман ба рушди соҳаи маориф равона шудааст, чун тарбия аз овони кӯдакӣ сарчашма мегирад ва мо бояд хишти аввалро мустаҳкам кунем”,-афзуд ӯ.

Беш аз даҳ дарсади номзадҳои Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон ба Маҷлиси Намояндагон ҷавонон будаанд. Ҳамин тавр, ҳизби коммунисту сотсиал-демократ ҳам дар ҳар сӯҳбату ҷаласаҳои худ аз фароҳам овардани имконияти бештар барои аъзои ҷавону донишманди худ, дар интихоботи парлумонӣ сӯҳбат мекунанд. Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам мегӯяд, беш аз 70 дарсади номзадҳояш ба вакили парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ ҷавононанд.

Аз рӯи ҳавою ҳавас?

Новобаста ба сару садоҳо дар бораи тақаллуб ва қонуншиканӣ дар интихобот номзадҳои ҷавон бо умеди пирӯзӣ, машғули таблиғи барномаҳояшон ҳастанд, аммо худи ҷавонон аз ширкати ҳамсолони номзадашон чандон умеди зиёде надоранд ва мегӯянд, аксари онҳо нафароне ҳастанд, ки ҳатто миёни ҳамсолонашон маъруфият надоранд.

Ҷасур Абдуллоев
Ҷасур Абдуллоев

​​Ҷасур Абдуллоев, сардабири нашрияи “Самак”, аз сӯҳбат бо чанд номзади ҷавон ба натиҷае расидааст, ки аксари онҳо бо пешниҳод ва роҳнамоии масъулони ҳизб розӣ шудаанд, номзадии худро пешбарӣ кунанд, вагарна ба қавли ӯ онҳо ҳатто дар бораи ваколату фаъолияти маҷлисҳои маҳаллӣ ва парлумон иттилои кофӣ надоранд. “Ин як навъ нишон додани он аст, ки мо ба ҷавонон роҳ медиҳему дастгирӣ мекунем, аммо дар асл гирем аксари онҳо аз рӯйи ҳавову ҳавас ва ноогоҳона ба корзори интихобот мераванд ва пирӯз намешаванд. Дар ҳолати пирӯзӣ ҳам аз онҳо умеде кардан нашояд”,-гуфт ӯ.

Ҷавони дигар Далер Шарифов мегӯяд, дар кишвар ҷавонони воқеан озодандеш, ки миёни ҳамсолонашон ҳам шинохтаанд, кам нестанд. ва агар ин ҷавонон вориди корзори интихоботӣ шаванд, метавонанд раъйи зиёди мардумро ба даст оранд. “Аммо ширкат намекунанд, чун аз таҷрибаҳои қаблӣ медонанд, ки ба онҳо роҳ дода намешавад. Масалан, соли 2010 Комил Холов, наттоқи ҷавон, бо вуҷуди он ки аз ҳизби ҳоким ҷонибдорӣ мекард, бо вуҷуди маҳбубияту маъруфияте, ки дошт, нагузашт. Ҷавонон мебинанд, ки ҳама кор дар ҷойҳои дигар ҳал мешавад, дигар ҳавсалаи ширкатро намекунанд”,-таъкид дошт Далер Шарифов.

Аммо Асомиддини Шералии 22-сола, ки барои соҳиб шудан ба курсии вакили маҷлиси маҳаллӣ талош дорад, дар посух ба чунин ноумедиҳое, ки аз сӯи ҳамсолонаш садо медиҳанд, гуфт: “Ҳар касе қобилият дорад, дониш дорад, ҳатман ба муроди худ мерасад. Ин бозии сиёсӣ аст, вақте худро муаррифӣ кардӣ, барномаҳои ҷолиб пешниҳод кардӣ ва боварии халқро ба даст меорӣ, ҳатман дастгирӣ меёбӣ.”

Талоши номзадҳои ҷавон барои роҳёбӣ ба маҷлисҳои маҳаллӣ ва намояндагон, дар ҳоле аст, ки ҷавонтарин вакили ҳозираи порлумони кишвар беш аз 40 сол дорад. Дар порлумони Тоҷикистон ҳоло ягон ҷавони 25-30-сола соҳиби курсии вакилӣ нест. Дар ҳоле ки дар Русия ва кишварҳои дигар бархе аз вакилон дар синни 25 ва 28 вориди парлумон шудаанд.

Таҳлилгарон бар инанд, ки бо роҳ ёфтани ҳадди ақалл 5 ҷавон ба парлумони ба қавле миёнсоли Тоҷикистон, имкон дорад, фазои сокиту якранги он то андозае тағйир ёбад.

XS
SM
MD
LG