Овозхони маъруфи эронӣ хонум Гугуш ҳангоми вуруд ба бинои Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ нахуст аз Бахши Тоҷикӣ дидан кард. Дар посух ба салом ва "хуш омадед"-и кормандони бахш ситораи мусиқӣ гуфт, Тоҷикистонро дӯст медорад ва орзуи хушбахтии мардуми тоҷикро мекунаду хостори шукуфоии ин кишвар аст. Дар посух ба ин суханон, ки хонуми Гугуш дар Тоҷикистон ҳаводори зиёд дорад, овозхон гуфт, ин нукта ба ӯ ҳам расидааст ва ӯ низ ғоибона дили худро ба мардуми тоҷик бахшидааст. Вай дафъатан аз журналисти саршиноси тоҷик Муҳиддини Олимпур ёдовар шуд, ки дар Теҳрон мулоқот карда буд: "Ман Тоҷикистонро дӯст медорам ва таронаи "Оҳуи ишқ"-ро ба мардуми Тоҷикистон бахшидаам,"-- гуфт хонуми Гугуш.
Мулоқоти асосии овозхон бо кормандони радио дар Бахши Форсӣ ё "Радиои "Фардо" баргузор гашт. Хонуми Гугуш гуфт, чанд сол аст, ки бо барномаҳои ин радио аз хоб мехезад ва бо шунидани онҳо ба хоб меравад. Ҳамкорони радиои "Афғонистони Озод" низ ба ин вохӯрӣ ҳамроҳ шуданд. Мудири ин бахш Ҳошими Моҳманд ба ёд овард, ки дар даврони коммунистӣ ӯ дар маҳбаси "Пуличархӣ" буд ва рӯзе, ки барои маҳбусон аввалин бор телевизор оварданд, онҳо дар оинаи нилгун хонданҳои Гугушро диданд: "Таронаи Гугуш дарди маҳбусонро сабук кард, ба онҳо умеду ишқ овард," -- гуфт ҷаноби Моҳманд. Хонуми Гугуш аз ин ҳикоят мутаассир шуд ва гуфт, "шояд хондани як овозхон барои ҳамин гуна лаҳзот ба кор аст."
Хонуми Гугуш аз мусоҳибаи радиоӣ ва аксгирӣ худдорӣ кард, аммо розӣ шуд, дар зери як акси худ ба мухлисонаш дар Тоҷикистон паём фиристад.
Дар идомаи гуфтугӯ хонуми Гугуш ба бархе аз пурсишҳои хонандагони торнамои Радиои Озодӣ посух дод, ки муҳимтарини онҳо суолҳо дар бораи сафари овозхони маъруфи эронӣ ба Тоҷикистон буд. Ин помухҳоро метавонед, дар замимаи суолҳо мутолиа кунед.
Изофа бояд кард, ки хонуми Гугуш дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки шанси ҷавонони тоҷик ба омӯзиш дар Академияи мусиқӣ, ки хонум дар Лондон таъсис додааст, чӣ қадар аст, гуфт, дари ин мактаб барои ҷавонони ҳунарманди тоҷик ҳамеша боз аст ва аз онҳо ба беҳтарин гуна пазироӣ хоҳад шуд.