Амнести Интернашнал ё Созмони байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар бо пахши як баёния аз имкони мавриди шиканҷа қарор гирифтани вакили дифои боздоштшудаҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Бузургмеҳр Ёров нигаронӣ кардааст. Зеро ба гуфтаи ин созмон, маъмулан дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон ба хотири дарёфти иттилои зарурӣ аз афроди боздоштшуда аз шиканҷа ба таври фаровон истифода мешавад.
Ҷаноби Ёров, ки ба манзури дифоъ аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ кумитае таъсис карда ва раёсати онро ба ӯҳда дошт, рӯзи 28 сентябри соли ҷорӣ ба иттиҳоми “қаллобӣ” ва “сохтакорӣ” аз ҷониби кормандони Вазорати умури дохилӣ боздошт шуд.
Дар баёниияи ин вазорат, ки рӯзи 29 сентябр дар торнамои Вазорати корҳои дохилӣ мунташир шуд, аз ҷумла омадааст, ки Бузургмеҳр Ёров “бо роҳи қаллобӣ аз шаҳрвандон маблағҳои махсусан калони пулиро тасарруф намудааст”.
Дар баёнияи Amnesty International, ки шаби гузашта мунташир гардид, омадааст, айбномаҳои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар қиболи ин вакили дифоъ “ҷанбаи сиёсӣ дошта ва ба манзури маҳдуд сохтани дастрасии аъзои боздоштшудаи ҲНИТ ба вакилони дифоъ” эъмол шудааст.
Ба гуфтаи ин созмони байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар, “ин як навъ ҳушдор ба вакилони дифои дигар аст, ки аз дифоъи ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ худдорӣ кунанд”.
Amnesty International ин амалҳои давлати Тоҷикистонро ба моддаи 22-и усулҳои Асосии СММ дар мавриди нақши вукалои дифоъ хилоф хондааст, ки тибқи он бояд давлат ба фаъолияти касбии вакилони дифоъ ва ироаи кӯмакҳои ҳуқуқии онҳо ба афроди боздоштшуда мамониат накунад.
Рӯзи 16 сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз аъзои Раёсат ва фаъолони ҲНИТ бо айбномаи ҳамкорӣ бо гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода боздошт шуда ва Бузургмеҳр Ёров бо дархости пайвандони ин афрод ба таври ройгон ба дифоъи боздоштшудагон иқдом карда буд.
Нахуст ҷаноби Ёров аз мавориди шиканҷа дар қиболи Саидумар Ҳусайнӣ, муъовини аввали раиси Ҳизби наҳлати исломии Тоҷикистон дар боздоштгоҳи Вазорати умури дохила хабар дода буд.
Зимнан, Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон зимни як баёния Бузургмеҳр Ёровро “на ҳамчун адвокат, балки узви Созмони хоинону террористон” ном бурдааст.
Дар ин баёния омадааст: “Як формулаи мантиқии бисёр қавӣ бо чунин мазмун аст: агар нафаре, хоҳ ҳуқуқшинос аст ё фарди дигар, аз ҷинояткорону террористон ҳимоят кардан хоҳад, ӯ худ бештар аз ҳама ҷинояткору террорист аст”.